Санаи сафари нахуствазири Узбекистон ба Душанбе дақиқ шуд. ВИДЕО

Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ нахуствазири Узбекистон бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, заминаҳои сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон таҳия кунад.

Абдулло Орипов рӯзҳои 10 ва 11 январ дар Душанбе мешавад ва қарор аст бо президент Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва дигар мақомоти баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ

Фикр мекунам, ду раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди содда кардани шароити гирифтани виза барои сафар ба кишварҳои ҳамдигар тавофуқоте ба даст меоваранд. Ҳамчунин дар ҳаракати қатор миёни ду кишвар пешрафтҳое сурат гирифта, роҳи оҳан ба вилояти Хатлони Тоҷикистон барқарор мешавад

кунад. Бар асоси иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, сафари худи Мирзиёев ба Тоҷикистон дар оғози баҳори соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Шавкат Мирзиёев баъди марги президент Ислом Каримов дар соли 2016 дар паи интихоботи президентӣ сари кор омад ва то имрӯз ба ҷуз Тоҷикистон, аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан ва қарордодҳои нави ҳамкорӣ имзо кардааст. Мирзиёев дар як изҳороти ахираш гуфт, ки Узбекистону Тоҷикистон бояд робитаҳои беҳтарини ҳамсоядориро барпо кунанд.

Барномаи сафари нахуствазири Узбекистон дар Тоҷикистон

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 январ дар сӯҳбати катбӣ бо Радиои Озодӣ сафари Абдулло Ориповро ба Душанбе тасдиқ кард. Айни замон ӯ гуфт, ки ҳанӯз мушахассоти сафари президенти Узбекистон ба Душанбе омода нашудааст. Дар ҳамин ҳол як манбаи огоҳ дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон рӯзҳои 10-11 январ дар Душанбе машғули таҳияи сафари Шавкат Мирзиёев мешавад.

Ба гуфтаи вай, ҷаноби Орипов бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода, мақомоти Вазорати хориҷа, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва ширкати “Барқи тоҷик”-у “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ мулоқотҳои ҷудогона хоҳад дошт. Бархе расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин сафар Орипов қарор аст бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шавкат Мирзиёев воқеан тарафдори дӯстӣ бо Тоҷикистон ҳаст?

Аз ин пеш як масъули ширкати “Тоҷиктрансгаз” низ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон миёни ду кишвар имзои бастаи калони санадҳои ҳамкорӣ дар назар гирифта шудааст. Аммо ба далели ниҳоӣ нашудани барномаи ин сафар мақомоти тоҷик аз шарҳи расмии он то ҳол худдорӣ мекунанд.

Интизориҳо аз боздиди Мирзиёев дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 8 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин сафари раҳбари кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон интизориҳои зиёде дорад. Зеро, ба эътиқоди вай, ҳоло фурсате расидааст, ки "ду кишвари бародар" дар канори ҳамдигар бошанд. Вай гуфт:

"Фикр мекунам, ду раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди содда кардани шароити гирифтани виза барои сафар ба кишварҳои ҳамдигар тавофуқоте ба даст меоваранд. Ҳамчунин дар ҳаракати қатор миёни ду кишвар пешрафтҳое сурат гирифта, роҳи оҳан ба вилояти Хатлони Тоҷикистон барқарор мешавад. Ҳамзамон фурсате расидааст, ки ду кишвар масоили нотамоми мушахассозии хати марзиро нуқта мегузоранд. То ҷое, ки иттилоъ дорам, ҳарду кишвар ба фаъол сохтани бозорҳои наздимарзӣ низ алоқаманд ҳастанд. Ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ дар байни Панҷакент ва Самарқанд қадами ҷиддие дар пешрафти муносибатҳо мешавад".

"Катта-катта қарордод​" бо Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон ахиран гуфт, ки аз ин ба баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хубе зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад. Раиси ҷумҳури Узбекистон зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони вилояти Тошканд дар рӯзи 6-уми январ хабар дод, ки барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон омода мешавад ва қарор аст, зимни ин сафар “катта катта қарордод” ва ё қарордодҳои бузурге байни ду тараф ба имзо бирасанд. “Худо хоҳад, Абдулло Орипов, нахуствазири кишвар барои омода кардани сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад” – гуфт, ӯ.

Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар ҳузури вакилони маҷлиси вилоятӣ дар бораи таърихи дақиқи сафараш ба Тоҷикистон ҳарфе нагуфт, аммо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали баҳори имсол бигирад.

Раиси ҷумҳури Узбекистон зимни изҳори назараш дар бораи муносибатҳо бо Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкориҳо байни ду тарафро ривоҷ хоҳад дод. “Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем”. Аз ҷумла, манзури ҷаноби Мирзиёев тасмими Узбекистон ба воридшавии дубора ба ҳалқаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Миёна мебошад.

Шавкат Мирзиёев нагуфт, ки кай ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад, аммо дар гузашта мақомоти Душанбе гуфтаанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали соли 2018 сурат бигирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мирзиёев гуфт, бо Тоҷикистон дӯст мешавем