"Амрико бояд ба Ислом Каримов фишор биорад"

Ислом Каримов

Фаъолони узбак ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Амрико хостаанд, то ба Ислом Каримов фишор оварда, ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ мусоидат кунад ва президенти Узбакистонро аз азми ширкати дар интихоботи соли 2015 баргардонад.

Як гурӯҳи паноҳандагон аз Узбакистон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Амрико хостаанд, то дар пешорӯи интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Узбакистон ба ҳукумати ин кишвари Осиёи Марказӣ дар мавриди маҳбусони сиёсӣ фишор биёрад.

Санҷар Умаров, яке аз фаъолони сиёсии узбак ва раҳбари эътилофи мухолифон бо номи “Узбакистони офтобӣ”, ки дар хориҷ ба сар мебарад, рӯзи 28 октябр дар нишасти Кумиссиюни Ҳелсинкии Амрико гуфт, фишори Вошингтон метавонад ба раҳоии беш аз 30 маҳбуси сиёсӣ, ки исмашон дар гузориши ахири Human Rights Watch (HRW), яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар дарҷ шудааст, мусоидат кунад. Гузориши 121-саҳифаии ин созмон дар бораи вазъи зиндониён дар Узбакистон моҳи сентябр нашр шуд.

Санҷар Умаров гуфт, фишор ба ҳукумати Узбакистон “бояд танҳо оғози кор бошад. Шумори хеле бештари мардуме, ки дар Узбакистон ғайриодилона ба зиндон андохта шудаанд, бояд озод шаванд. Ин метавонад як қадами хуб ва қобили мулоҳиза баа сӯи оштиву ваҳдати миллӣ шавад.”

Санҷар Умаров

Худи Санҷар Умаров азоби зиндонҳои Узбакистонро дар пӯсти худ санҷидааст. Ин соҳибкори собиқ, ки дар соли 2006 мехост номзадиашро дар муқобили раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар интихобот гузорад, баъдан бо иттиҳоми таахаллуф ва сарпечӣ аз пардохти андозҳо ба зиндон кашонда шуд ва ба дунбол мақомот ҳатто эълон карданд, ки гӯё ӯ дар боздошт ақлашро бохтааст.

Human Rights Watch дар гузориши рӯзи 26 сентябраш навишта буд, ки маҳбусони бо далоили сиёсӣ маҳкумшуда дар Узбакистон мавриди бадрафторӣ ва ҳатто шиканҷаву латукӯб қарор мегиранд, бо истифода аз электрошок ва таҳдиди таҷовузи ҳатто ҷинсӣ ва бадрафториҳои дигар онҳоро дар зиндонҳо дар як шароити нисбат ба маҳбусони дигар боз ҳам тоқатфарсотаре қарор медиҳанд.

Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch Стив Свердлов гуфт, ин созмон аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо даъват мекунад, то рӯи таъсиси як “механизми вижа” дар Шӯрои ҳуқуқи башар ҷиҳати омӯзиши вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон, “бо шумули, албатта, шароити маҳбусони сиёсӣ ҷиддан бияндешанд.”

Стив Свердлов афзуд: “Яке аз паҳлуҳои дар воқеъ мушкил ва дилрешкунандаи ин қазия Ғарб ва чигуна дар бархе мавридҳо чашм пӯшиданаш ба табъизҳо дар Узбакистон мебошад.”

Мақомоти Амрико вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон дар аҳди ҳукумати Ислом Каримовро танқид мекунанд, ҳарчанд ба назари мунтақидон, ин масъала зери сояи равобити дуҷонибаи амниятии Вошингтону Тошканд, аз ҷумла дар масъалаи Шабакаи шимолии таъмини нирӯҳо дар Афғонистон рафта, дар мадди дувум мондааст.

Стив Свердлов

Стив Свердлов гуфт, онҳо умедворанд, ки бо хуруҷи нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистон, ҳукумати Амрико “қазияҳо ва номҳои маҳбусони сиёсии Узбакистонро бештар хоҳад бардошт.”

Санҷар Умаров низ хостори як паёми қавии Амрико дар пешорӯи интихоботи моҳи марти соли 2015-и раёсатҷумҳурии Узбакистон шуд. Як паёме, ки ба назари ӯ, бояд ба Ислом Каримов рӯшан кунад, ки ӯ дар сурати талошаш барои ҳифзи курсӣ ва даст ёфтан ба боз як давраи раҳбарӣ Қонуни асосии Узбакистонро, ки замони раёсати як нафарро бо ду давра маҳдуд кардааст, поймол хоҳад кард. Умаров гуфт: “Мо силоҳ намепурсем. Мо пул намепурсем. Мо танҳо як изҳорои вазорати хориҷаро мехоҳем, ки бигӯянд, онҳо интихоби дигарбораи Каримовро таҳаммул намекунанд.”

Маҳбусони сиёсии тоҷик дар зиндонҳои Узбакистон

Нилуфар Раҳимҷонова

Дар Узбакистон дар солҳои охир даҳҳо тоҷик низ бо далоили сиёсӣ ба зиндон андохта шудаанд. Дар моҳи сентябр Нилуфар Раҳимҷонова, духтари рӯҳонии маъруфи тоҷик Маъруфҷони Истаравшанӣ ва ҳамсари блогнависи шинохта Сайидюнуси Истаравшанӣ дар зиндони Янгиотаи Тошканд дар як шароити мармуз даргузашт. Раҳимҷонова 3 сол пеш бо ҷурми гӯё омодагӣ ба ҳамлаҳои террориистӣ бо амри Эрон маҳкум шуда буд.

Ҳамин тавр, дар соли 20012 генерали тоҷиктабор Зокир Ҳасанов дар Тоштурмаи Тошканд дар як шароити низ мармуз ҳалок шуд. Генерал Ҳасанов, ки дар Хуҷанд таваллуд шудаву дар ҳайати нирӯҳои марзбонии Узбакистон кор мекард, ба ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ва қочоқи маводи мухаддир айбдор шуда буд.

Сарнавишти Муҳаммад Бекҷонов

Умаров дар ин нишаст дар канори Ойгул Бекҷонова сӯҳбат мекард. Ойгул Бекҷонова духтари журналист Муҳаммад Бекҷонов аст, ки аз соли 1999, баъди рабуда шуданаш аз сӯи нирӯҳои амниятии Узбакистон дар Киев, инак 15 сол боз дар зиндон қарор дорад. Ойгул Бекҷонова зимни суолуҷавоби риққатовар дар бораи шиканҷаҳое сӯҳбат кард, ки падараш дар зиндони Узбакистон дучор шудааст. Ӯ ҳамчунин аз сарнавишти хонаводаашон гуфт, ки баъди дар соли 2012 боз ба 5 соли дигар тамдид шудани замони ҳукми падараш бо иттиҳоми гӯё вайрон кардани қоидаҳои зиндон гирифтор шудаанд.

Зиндоне дар вилояти Бухоро

Муҳаммад Бекҷонов дар поёни солҳои 90 дар пайи як силсила таркишҳо дар Тошканд, ки ҳукумат масъулияташро ба дӯши мухолифин бор кард, тарки Узбакистон карда буд. Ойгул Бекҷонова гуфт, падараш як марди осоишта буд ва дар иттиҳомоте ки зиддаш эълон кардаанд, гуноҳе надорад. Ӯ аз гуфтаҳои як маҳбуси сиёсии дигари узбак иқтибос кард, ки ҳангоми дидор бо падари ӯ гуфтааст: “Дар Узбакистон маҳбуси сиёсӣ будан ҳоло як навъ таъйиди одами росткору ростқавл ва бовиҷдон будан аст. Чунин аст, мутаассифона, вазъи Узбакистони имрӯза.”