Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ дар Узбакистон


Аҳли хонаводаи Санҷар Умаров, собиқ раҳбари эътилофи “Узбакистони офтобӣ”, мегӯянд, ҳаёти вай дар зиндон ба хатар мувоҷеҳ шудааст.

Ғуломбек Умаров, фарзанди раҳбари зиндонишудаи эътилофи “Узбакистони офтобӣ”, ки рӯзи панҷшанбе дар Созмони Милал аз ҳаёти бандиёни сиёсӣ дар кишвараш сӯҳбат мекард, хостори фишори бештари ҷомеъаи байнулмилалӣ болои мақомоти Узбакистон шуд. Оқои Умаров мегӯяд, бародар ва аммааш, ки дар ҳафтаи гузашта барои аёдати Санҷар Умаров ба зиндони Қизилтеппа дар наздики шаҳри Бухоро рафтанд, дар бадани ӯ осори зиёди латукӯб ва шиканҷаро дидаанд:

“Вай комилан дигар шудааст. Ними вазни худро аз даст додааст. Ба суолҳо посухи кофӣ намедиҳад. Танҳо роҳ мегардад ва батакрор мегӯяд: “Барои чӣ ман ба ин ҷо омадам?” Ба гуфтаи онҳо, вай дар пушт ва зонуҳояш ҳам захми тозаи зарбу лат дорад. Бародарам вақте аз вай мепурсад, ки пошнаи поятро нишон деҳ, нишон намедиҳад. Ҳамин тавр, вай ба бисёр саволҳо посух намегӯяд. Вай аз ҳарф задан метарсад”.

Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ Ғуломбек таъкид кард, ки падари вай дар моҳи июн дар зиндон набудааст. Ӯ бовар дорад, ки масъулони зиндон баъд аз шиканҷаи зиёд ӯро пинҳон кардаанд. Ҳамчунин пас аз боздид аз зиндони Қизилтеппа, завҷа ва фарзандони Санҷар Умаров дигарбора унвонии раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, вазири корҳои дохила ва сафорати Узбакистон дар Амрико нома навиштаанд. Ба қавли Ғуломбек, аҳли хонавода аз вазъи сиҳҳати ҷисмонӣ ва равонии Санҷар Умаров изҳори ташвиш карда, хостори раҳоии ӯ аз зиндон шудаанд: “Мо аз онҳо дархост кардем, ки падарамро зудтар наҷот ва ба шиканҷаи ӯ поён диҳанд. Вай бояд аз онҷо берун ояд, вагарна дар он шароите, ки дорад, мо ӯро аз даст медиҳем”.

Санҷар Умарови 52-сола то соли 2005 як соҳибкори муваффақ дар Узбакистон буда, нахустин ширкатҳои мобилӣ дар Тошкандро созмон додаааст. Вай ҳамчунин дар хариду фурӯши нафту газ ва саноати пахта бо ширкатҳои ғарбӣ ҳамкорӣ доштааст, аммо бо созмон додани эътилофи “Узбакистони офтобӣ” дар оғози соли 2005 ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварро тақозо мекунад ва бо ҳамин гӯиё ба муваффақиятҳои иқтисодии худ нуқтаи таммат мегузорад.

Вай ҳамчунин мақомоти Узбакистонро дар даст доштан дар куштори садҳо шаҳрванди бегуноҳ дар моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон муттаҳам карда ва хостори истеъфои ҳукумат мешавад. Ба дунбол, дар моҳи октябри соли 2005, мақомоти Узбакистон Санҷар Умаровро ба ҷурми напардохтани молиёт ба 11 соли зиндон маҳкум карданд. Аҳли хонавода ва тарафдорони Санҷар Умаров мегӯянд, ин иттиҳоми мақомот алайҳи ӯ сохта буд ва маҳкумияти ӯ ангезаи сиёсӣ дошт. Пас аз судури ҳукми зиндони Умаров, Нодира Ҳидоятова, яке аз тарафдорони фаъоли эътилофи “Узбакистони офтобӣ” низ бо ҷароими иқтисодӣ ба маҳбас кашида шуд ва то миёнаи соли 2006-ро пушти панҷара ба сар бурд.

Вакили дифоъ ва аъзои хонаводаи Санҷар Умаров низ маҷбур шуданд, баъди зиндонӣ шудани ӯ Узбакистонро тарк гӯянд. Ғуломбек Умаров мегӯяд, раиси зиндон борҳо ба онҳо гуфтааст, ки агар пайвадони Умаров хомӯширо баргузинанд, бо ӯ чизе рух нахоҳад дод. Ғуломбек мегӯяд, аҳли хонаводаи онҳо дар бораи вазъи Санҷар Умаров борҳо ба мақомоти расмии Узбакистон нома навиштаанд.

Вале посухи онҳо ҳамеша яксон будааст: “Вақте барои президент Ислом Каримов нома фиристодем, баъд аз як моҳ ҷавоб омад, ки ин номаро Вазорати умури дохилӣ баррасӣ мекунад. Баъд аз ду моҳ аз Вазорати умури дохилӣ ба мо мактуб расид, ки чунин маъно дошт: “Мо номаи шуморо таҳқиқ кардем. Вазъи Санҷар Умаров қонеъкунанда аст. Таппиши дилаш дар як дақиқа 70 буда, фишори хунаш ҳам бад нест. Вай аз вазъи сиҳҳати худ шикоят надорад”. Ҳамааш ҳамин буд”.

Ғуломбек Умаров чандон умедвори посухи мусбате ба номаи ахири аҳли хонаводааш ба мақомоти Узбакистон нест. Ин аст, ки акнун дидаи умед ба сӯи созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дӯхтааст ва мехоҳад, ки онҳо дар ҳалли ин мушкил домани Тошкандро “сахт” бигиранд.

XS
SM
MD
LG