Таҳлилгарони вазъ мегӯянд, ки дар бештари ҳолат масъала дар камсаводӣ ё кӯтаҳдастии худи занҳост.
Сайёра Назарбекова даҳ сол пеш бо як шаҳрванди Қирғизистон оила барпо карда, дар ин муддат соҳиби се фарзанд шудааст. Онҳо дар Ӯши Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Сайёра то ҳанӯз маҷбур аст, ҳар ду моҳ як бор ба ватанаш Узбакистон рафта биояд. Чунки аз рӯи қонунҳои Қирғизистон, соҳибони шиносномаи узбакӣ, танҳо 60 рӯз ҳақ доранд, ки бидуни виза дар Қирғизистон монанд. Ҳамин масъала шиддати нороҳативу ҷанҷолҳои хонаводагии ӯро ҳам боло мебарад.
Сайёра мегӯяд, "шавҳарам аз он норозӣ аст, ки маҷбур ҳастам, пайваста бо се фарзанд аз ин кишвар берун шуда дубора баргардам. Бачаҳоро ҳам танҳо дар хона монда наметавонам. Ба иловаи харҷи зиёд, бояд масофаи панҷ-шаш соатро дар роҳ сарф кунӣ."
Онҳо ҳақ надоранд, ки соҳиби маълумот шаванд, ба имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ё кумаки тиббӣ дастрасӣ надоранд.Ҷамила Ғаффорова
Ин занҳоро дар Қирғизистон "арӯсони узбак" меноманд. Ҷамила Ғаффорова, раиси як маркази ҳуқуқи башар, мегӯяд, мисли Сайёра дар Қирғизистон тахминан 10 ҳазор "арӯси узбак" ба сар мебаранд ва ҳар кадоме аз онҳо кайҳо соҳиби аз се то панҷ фарзанд шудаанд.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, шумораи афроди беҳуқуқ дар Қирғизистон ба 50 ҳазор нафар мерасад. Ғаффорова гуфт, ки ин занону кӯдакон ба гурӯҳи афроди беҳуқуқ шомил ҳастанд.
"Онҳо ҳақ надоранд, ки соҳиби маълумот шаванд, ба имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ё кумаки тиббӣ дастрасӣ надоранд. Яъне, ин гурӯҳи одамон аслан аз ҳукумат ёрӣ намебинанд," – гуфт ин фаъоли ҳуқуқи башар.
Мақомоти Қирғизистон аз хориҷиҳое, ки бо шаҳрвандони маҳаллӣ оила барпо кардаанд, талаб намекунанд, ки аз шиносномаҳои кишварашон даст кашанд. Аммо дар асл, агар хоҳанд, гирифтани шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон аз рӯи принсипи содда роҳандозӣ мешавад.
Ринат Алиев, раҳбари идораи шиносномадиҳии Ӯш, гуфт, "дар қонун хеле соддаву возеҳ навишта шудааст, ки ба арӯсони хориҷӣ аз ҷониби давлати Қирғизистон бо роҳи соддаи қонунӣ шаҳрвандӣ тақдим мешавад. Яъне, ин ҷараён хеле содда аст."
Масъала ин аст, ки Узбакистон муқаррароти душаҳрвандиро намепазирад. Агар ҳангоми ворид шудан ба Узбакистон маълум шавад, ки шахс мақоми душаҳрвандӣ дорад, ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.
Дасткашӣ аз шиносномаи узбакӣ низ дардисарҳои муайяни қонунӣ дорад. Илова ба ин, аз рӯи қонун, қарори хориҷ шудан аз шаҳрвандии Узбакистонро шахсан раисиҷумҳур Ислом Каримов имзо мекунад ва аз ҳамин хотир ҳам баррасии ин масъала метавонад солҳои зиёд тӯл кашад.