Дар Қирғизистон хонаводаҳое ба сар мебаранд, ки худро "хоҷа" ё "сайид" ва аз авлоди Муҳаммад – паёмбари ислом муаррифӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки барои исботи даъвояшон шаҷаранома доранд, аммо ҳозир нестанд, онро ба ҳар касе рост омад, нишон диҳанд.
Саидбурҳон Саидазимови 90-сола яке аз онҳост. Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Озодӣ гуфт, ки гузаштагонаш аз авлоди духтари паёмбар - Фотима буда, барои таблиғи ислом ба Осиёи Миёна омадаанд. "Ба хотири он ки асосҳои динро хуб медонистаанд, бо номҳои хоҷа ва сайид маъруф шудаанд. Ин калимаҳо ба маънои “хӯҷаин” ва “ҷаноб” аст. Одамони минтақа аз ҳар кадоми онҳо дини исломро омӯхтаанд," – афзуд ӯ.
Ин сокини Қирғизистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир танҳо як гуруҳи бузургсолон ба онҳо ҳамчун намояндаи хонаводаи паёмбар эҳтиром қоил буда, аксари ҷавонон дар бораи қабилаи онҳо иттилое надоранд ва ба ин далел чандон ба зиндагӣ ва таърихи гузаштаашон низ таваҷҷуҳ намекунанд.
Як масъалае, ки ин хонаводаҳо риояашро бисёр зарурӣ медонанд, издивоҷи фарзандон, бахусус духтаронашон будааст. Дилмурод Ҳамидов, ки худро аз намояндагони авлоди паёмбар медонад, гуфт, онҳо ба ҳеч ваҷҳ иҷоза нахоҳанд дод, ки духтарашон ба намояндагони хонаводаи “бегона” шавҳар кунад: "Вале мо метавонем, духтарони қабила ва оилаҳои дигарро барои писарони худ арӯс интихоб кунем. Муҳим ин аст, ки духтарони мо ба бегонаҳо дода нашаванд."
Дилмурод Ҳалимов мегӯяд, худи ӯ духтарашро ба ҷойи хостгор аз қабилаи дигар ба писари хоҳарбузургаш додааст. Ӯ мегӯяд, ки ин “қоида” аз гузашта вуҷуд дорад ва ҳамзамон афсӯс мехӯрад, ки вақтҳои охир баъзе аз хоҷаҳо ин қоидаро риоя намекунанд ва духтарашонро ба “бегонаҳо” медиҳанд.
Ҳалимов мегӯяд, ки “хоҷаҳо” ва “сайидҳо” дар Боболашкар, Кайрат, Ҷалолободи Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Узбакистон ҳастанд. Ӯ мегӯяд, аммо ин даъвои “хоҷа” ё “сайидзода” будани онҳо хушку холӣ нест: “Мо барои исбот шаҷаранома дорем, ки қисми аввалаш бо забони арабӣ навишта шуда, бақияаш бо забони форсӣ сабт ёфтааст. Дар онҷо навишта шудааст, ки кӣ чӣ қадар фарзанд дошт. Кӣ фарзанди кист. Дар охири ин шаҷаранома як муҳр ҳам гузошта шудааст. Ин шаҷаранома аз ман ба писарам ва ҳамин тавр ба набераҳо ва абераҳо гузошта хоҳад шуд.”
Муаррихи қирғиз Бахтиёр Умаров мегӯяд, аҳамияти сайидзодаҳо он вақт боло шуд, ки онҳо ба Осиёи Миёна омада, дини исломро барои сокинони минтақа омӯзонданд. “Арабҳо ба сокинони маҳаллӣ дини нав ва фарҳанги навро омӯзиш медоданд ва аз ин рӯ ҳамчун зиёӣ муаррифӣ шуданд. Барои ҳамин, онҳоро ба унвони эҳтиром сайидҳо ё хоҷаҳо номидаанд,” – гуфт муаррих.
Бахтиёр Умаров дар посух ба ин суол, ки воқеан насли онҳо ба хонаводаи паёмбар мерасад ё не, гуфт: “Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки гузаштагони бархеи онҳо ба хонаводаи паёмбар ва ё наздикони ӯ қариб бошанд. Аммо ин эҳтимол низ ҳаст, ки гузаштагони баъзеи онҳо аз хонаводаи танҳо тарафдорону ҳамроҳон ва ҳамақидаҳои паёмбар бошанд. Аммо хоҷаҳо ва сайидҳо нафақат дар Қирғизистон, балки дар Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон ҳам ҳастанд. Барои ҳамин, дар ин кишварҳо насабҳои ҳамсони Қарохоҷаев, Тошхоҷаев, Мусохоҷаев ва Саидхоҷаевро вомехӯрем.”
Дар Тоҷикистон низ хонаводаҳое ҳастанд, ки худро сайидзода ва хоҷа муаррифӣ мекунанд. Соли 2010 созмони “Сипеҳр” аз Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди улуми инсонии Фаронса дар бораи сайидзодаҳо дар кишвар таҳқиқотеро анҷом дод.
Сайидаҳмади Қаландар, яке аз ташаббускорони ин тасмим, рӯзи 11 май ба Озодӣ гуфт, таҳқиқоти онҳо ниҳоӣ шуда, аммо барои ворид кардани баъзе аз иловаҳо сафари Стефан Дудугн’он аз Фаронсаро интизоранд. Ӯ гуфт, Дудугн’он раҳбари гуруҳи таҳқиқотӣ буд ва бояд ба Тоҷикистон биёяд ва баъзе санадҳоро аз бойгонӣ дида, номҳову асрҳоро мушаххас кунад. "Алҳол дар ҳолати танаффус аст. Дудугн’он ба далели серкорӣ ба Тоҷикистон наомад. Вагарна чопаш дар Ҳолланд дар соли 2012 маслиҳат шуда буд," – гуфт ӯ.
Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, “дар ҷараёни таҳқиқоти худ мушаххас кардаанд, ки дар ҳақиқат аз хонаводаи Имом Раббонӣ дар Исфара ва Андиҷону Марғелон будаанд ва ин эҳтимоли вуҷуд доштани сайидҳо ё хоҷаҳоро дар Қирғизистон бештар мекунад. Аммо ӯ гуфт, дар ҷараёни таҳқиқоти худ мушаххас кардаанд, ки баъзе аз сайидзодаҳо тақаллубӣ буда, ба қавли ӯ, ин тақаллуб махсусан дар оғози асри бист ва баробари аз миён бурдани хонаводаҳо ва ғасби шаҷараномаҳо сурат гирифтааст.