Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе гуфтааст, ки дар бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ дар пай дошт, ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард. Ин мавзӯъ дар дидори Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон бо генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи (КҲФ) Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Умеда Юсуфова, сухангӯи ин кумита рӯи 9 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе, гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.
Вай гуфт: “Ҳоло ин гурӯҳи корӣ мизони хисороти ворида ва ниёзҳо ба навъҳои кӯмакҳоро мушаххас карда ва ба сафорати Амрико ирсол мекунад. Бар асоси ин дархост, ҷониби Амрико ба минтақаҳои аз ҳодисаҳои табиӣ осебдида ва ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, кӯмак хоханд кард.”
Хонуми Миллард иброз доштааст, ки “кишвараш кӯмакҳояшро ҷиҳати коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” идома хоҳад дод. Дар пайи дархости кӯмаки Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ, ин нахустин вокуниши кишвари хориҷӣ ба ин дархост аст.
Ҳамакнун аз ҷумлаи кормандони КҲФ ва намояндагони сафорати Амрико гурӯҳи корӣ таъсис шуда ва мизони хисороти ворида ва ниёзҳо ба навъҳои кӯмакҳоро мушаххас карда ва ба сафорат ирсол менамояд.
Дар ҳафтаи гузашта Вазорати хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ хоста буд, то дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ба давлати Тоҷикистон кумак кунанд. Дар ин баёния ҳаҷми умумии кӯмакҳо ва ё ҳаҷми маблағҳои зарурӣ зикр нашуда, танҳо ба боришоти бесобиқа ва фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ва дар ҳудуди вилояти Бадахшон ишора шуд, ки бар асари онҳо 10 нафар кушта ва се нафар нопадид шудаанд.
Гуфта мешавад, дар шароити феълӣ техникаи махсус барои тоза кардани барф, маводи сӯхт, ғизову доруворӣ ва маводи дигар барои кӯмаки изтирорӣ ба мардум ниёз вуҷуд дорад. Мутахассисони соҳа Тоҷикистонро як кишвари осебпазир дар баорбари ҳодисаҳои табиӣ хонда ва мегӯянд, ки яке аз таҳдидҳо офатҳои табиии мисли селу обхезиҳо баҳорон аст, ки пайваста рух медиҳанд ва рӯи зиндагии садҳо ҳазор сокини ин кишвар таъсиргузор мешаванд.
Аз зери тарма кашидани як ҷавон: (Навор аз бойгонӣ)
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад