Генерали амрикоӣ: Тамрини Фахробод ба вазъи Афғонистон рабт надорад.ВИДЕО

Амрико дар тамрини нерӯҳои Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва барчидани минаҳо низ кумак мекунад.

Дусад нирӯи амниятии Тоҷикистону Амрико, Қирғизистон, Муғулистон ва Покистон рӯзи бистуми июл дар размоишгоҳи Фахробод, 25-километрии шаҳри Душанбе, тамрини муштарак баргузор хоҳанд кард.

Бино ба пажӯҳиши созмони Security Assistance Monitor, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кумакҳои бештари низомӣ ироа мекунад, се кишвари Шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомиланд.

Генерал Гай Зероу, мудири масъули ҳамкориҳои минтақавии нирӯҳои Амрико, рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳадафи тамрин кумак ба ҳифзи субот дар минтақа аст, аммо ба бадшавии вазъи шимоли Афғонистон ва таҷаммӯи ҷангҷӯёни ДИИШ дар он кишвар рабт надорад. “Таҷрубае, ки дар ҷараёни ин машқҳо ба даст меояд, метавонад дар рафъи мушкилот дар марз ҳам кумак кунад. Ин машқи бузург нест, рӯзи ҷумъа поён меёбад”, - афзуд ӯ.

Раҳбарии тамринҳоро Вазорати дифои Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Амрико бо кишварҳои Осиё аз соли 2001 ба ин тараф чунин тамрини низомиро баргузор мекунад ва машқи охирин дар аёлати Массачусетс аз 16 то 28-уми сентябри соли 2016 баргузор шуда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Генерали амрикоӣ: Тамрини Фахробод ба вазъи Афғонистон рабт надорад

Размоиши нирӯҳои кишварҳои Осиё ва Амрико дар Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрда, бино ба хабарҳо, гӯё баъзе аз аъзои он ба Афғонистон роҳ ёфтаанд. Генерал Гай Зероу гуфт, дар ин замина иттилои кофӣ дар ихтиёр надорад ва ба ин далел наметавонад, сари ин мавзӯъ суҳбат кунад.

Амрико моҳи майи имсол ба нирӯҳои марзбонӣ ба 6 миллион доллар таҷҳизот дод

Иёлоти Муттаҳида бар иловаи ташкили размоишҳои муштарак, ба Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ кумак мекунад. Дар чанд соли ахир Амрико барои мусаллаҳу муҷаҳҳаз кардани нирӯҳои марзбонӣ ва мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон беш аз 260 миллион доллар ёрӣ кардааст.

Аз ҷумла, моҳи майи имсол Амрико ба маблағи 6 миллион доллар ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон нақлиёт, таҷҳизоти иртиботӣ ва камераҳои гармидиҳӣ ба маблағи 6 миллион доллар кумак кард. Сафорати Амрико гуфт, ин ёрӣ барои баланд бардоштани қобилияти нирӯҳои сарҳадбон ва ошкору қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятиву низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor, қароргоҳаш дар Вашингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳои низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

Давлати Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии 1400-километрӣ дорад, аз “сирояти” ноамнӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишвар нигарон аст. Ба ин далел Тоҷикистон солҳои ахир ҳарчӣ бештар шеваҳои мубориза бо террористон ва муқобила бо гурӯҳҳои харобкорро бештар кардааст.

Коршиносон ҳадафи баргузории машқҳои низомӣ бо кишварҳои мухталифро як навъ омодагӣ барои муқобила ба ноамниҳои эҳтимолӣ ва ҳам тақвияти қудрати нерӯҳои мусаллаҳи кишвар арзёбӣ мекунанд.