Вазорати умури хориҷии Амрико дар будҷаи соли ояндааш барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст. Кӯмаки молии қаблии ин вазорат ба Тоҷикистон дар соли 2015 - 28 миллиону 941 ҳазор долларро ташкил медод.
Дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико ҳадаф аз кӯмаки молӣ "пуштибонӣ аз фаъолияти муассири сохторҳои давлатӣ, фароҳам кардани замина барои тавсеаи касбии хадамоти амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон дар бахши амниятӣ ва мусоидат дар
Ҳадафи аслии Амрико пуштибонӣ аз равандҳои демократӣ ва истиқрори субот дар Тоҷикистон аст. Муҳиб Қурбон
рушди ҷомеаи маданӣ, соҳибкорӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳамкориҳо дар бахшҳои обу энержӣ" гуфта шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Тоҷикистон аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон буда ва ба кӯмакҳои молии байналмилалӣ ниёз дорад.
Вазорати хориҷаи Амрико дар ин гузорише, ки матнаш дар вебсайти ин ниҳод чоп шудааст, мегӯяд, Тоҷикистон дар самти рушд ва амният ба чолишҳое назири камбуди доимии ғизою нерӯи барқ, истифодаи ғайримуассири об, марзи тӯлонию ноором бо Афғонистон, фасоди густарда, институтҳои ақибмондаи демократӣ ва системаи ба талабот ҷавобгӯ набудаи маорифу тандурустӣ, рӯбарӯ мебошад.
Кӯмаки молии ИМА дар чорчӯби авлавиятҳои сиёсати хориҷии он кишвар, аз ҷумла, амнияти минтақавӣ, равобити минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ ироа мешавад. Гузориш ҳокист, ки кӯмакҳои молӣ барои коҳиши вобастагии Тоҷикистон аз Русия мусоидат намуда ҳамгироиро бо кишварҳои Аврупо тақвият мебахшад ва роҳро барои идомаи барномаҳои дарозмуддат боз хоҳад кард.
Ду ҳадафи ИМА дар ОМ
Зимнан, дар моҳи июни соли ҷорӣ Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар суханронияш дар баробари Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико ба зарурати афзоиши мизони кӯмакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид карда буд.
Вай гуфт, ИМА дар Осиёи Марказӣ ду ҳадафи дарозмуддати амнияти миллиро пайгирӣ мекунад – яке пуштибонии суннатии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар бунёди давлатҳои қавии мустақил ва озод аз мудохилаи беруна, ва дигаре таъмини суботи давлатҳои мустақил дар ин минтақа. Ӯ таъкид кард, ки ИМА бояд аз хушунатҳо ва пайдоиши замина барои табдили ин қаламравҳо ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ кунад.
Коршиносон: Кӯмак ба Тоҷикистон - кӯмак дар таъмини амнияти минтақа аст
Маҳдӣ Собир, як коршиноси тоҷики масоили низомӣ далели ин тасмимро ба камбуди таҷҳизоту техникаи ҳарбӣ дар марз бо Афғонистон пас аз хуруҷи марзбонони рус аз манотиқ дар соли 2005 марбут хонд. Вай гуфт: “Вақте неруҳои марзбони Русия аз сарҳадҳои ҷанбуии Тоҷикистон хориҷ шуданд, тамоми аслиҳаю таҷҳизоти низомиро бо худ бурданд ва бахши дигарро тарконданд.
Тамоми системаи алоқаро аз байн бурданд ва барқарор кардани шароити қаблӣ барои давлати Тоҷикистон хеле мушкил буд. Аввалин кишваре, ки дар барқарор кардани инфрасохтори марз дасти кумак дароз кард, Амрико буд. Амрико дар мустаҳкам шудани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар роҳи мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир манфиатдор буд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Собир, давлати Амрико на танҳо дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ балки дар бунёди Маркази таълимии низомӣ ба Тоҷикистон мусоидат кардааст, нерӯҳои марзбониро бо таҷҳизоту техникаи низомӣ таъмин кардааст. Зимнан, дар соли 2012 бо кумаки молии 13 миллиондолларии Амрико дар минтақаи Қаратоғ, дар ғарби шаҳри Душанбе тамрингоҳи таълимии омӯзишӣ барои 300 нафар фаъол гардид. Ин тамрингоҳ дорои лабиринт, толори тирпарронӣ, гарнизон, казарма ошхона ва нуқтаи тиббӣ буда, дар ин ҷо низомиёну кормандони ниҳодҳои қудратӣ роҳҳои мубориза алайҳи терроризм ва маводи мухаддирро тамрин мекунанд.
Ҳамчунин, дар моҳи августи соли ҷорӣ сафорати Амрико ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон 50 адад мошинҳои навъи “Ҷип” ва таҷҳизоти мухобиротӣ тақдим кард, ки арзиши онҳо 12 миллион долларро ташкил медиҳад.Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф арномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро рӯи даст гирифтаанд.
Бархе аз коршиносони Русия афзоиши мизони кумакҳои билоивази молии Амрикоро ба Тоҷикистон навъи талоши ин кишвар барои тақвияти нуфузуш дар минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистон унвон кардаанд. Ба эътиқоди онҳо чун Русия саргарми моҷароҳои Украина ва Сурия буда ва таваҷҷӯҳаш ба Осиёи Марказӣ камтар шудааст, Амрико мехоҳад ин холигиро пур кунад. Аммо Муҳиб Қурбон, коршиноси тоҷик ин иддаро бепоя хонда ва гуфт, ки ҳадафи аслии Амрико пуштибонӣ аз равандҳои демократӣ ва истиқрори субот дар Тоҷикистон аст.
Сиёсати “дарҳои боз”-и Тоҷикистон
“Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ надорад, ин кишвари дар бумбаст қарордошта ба баҳр роҳ надорад. Аз ин лиҳоз Амрико ба хотири манфиатҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон наомадааст. Ҳадафи аслии Амрико густариши демократия, озодиҳои маданӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва Амрико дар таҳкими ин марз барои мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир манфиатдор аст.”
Ҷаноби Қурбон сиёсати “дарҳои боз”-и Тоҷикистонро дар ин замина муҳиму муфид хонда ва гуфт, ин кишвар дарҳои худро ба рӯи на танҳо ба Русия ва Чин, балки ба марказҳои дигари қудратманд, ба мисли Брюссел ва Вошингтон низ бастанӣ нест. Ҳамзамон, Тоҷикистон умедвор аст, ки Аврупо ё Амрико ба инҷо дасти холӣ нахоҳад омад.
Амрико соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вошингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст.
Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз низ дарёфт кардааст.