Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА техникаи низомии худро дар Осиёи Миёна ба кӣ мегузорад?


Сафири Амрико дар Узбакистон гуфтааст, ки то ҳол дар бораи гузоштани техникаи низомии Амрико дар ихтиёри Тошканд тасмим гирифта нашудааст

Ҷорҷ Крол, сафири Амрико дар суҳбат ба CA-News.org гуфтааст, вай техникаеро дар назар дорад, ки баъд аз хуруҷи неруҳои Амрико дар соли 2014 аз Афғонистон берун бурда мешавад. Вай гуфтааст, Амрико ба нақша гирифтааст, ки техникаи низомии худро ба кишварҳои дигар диҳад. Вале маълум нест, ки ин кишвар Узбакистон аст, Тоҷикистон ё масалан Латвияву Олмон.

Сафир гуфтааст, ки муносиботи миёни Амрикову Узбакистон дар бахшҳои мухталиф рушд меёбад, гарчӣ на бо он суръатест, ки Амрико мехоҳад. Ба гуфтаи вай, миёни Амрико ва Узбакистон музокироти озоди сисёсӣ имдома дорад, вале баъзе ихтилофоти назар низ мавҷуд аст.

Аз ин қабл Александер Вершбоу, муовини дабири кулли НАТО дар посух ба ин савол, ки оё ин паймон баъд аз берун бурдани нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014 қисме аз силоҳу муҳимоташро дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Миёна гузоштанӣ аст, гуфт, НАТО намехоҳад, ки худ танҳо дар ин маврид тасмим бигирад. Бар асоси тавофуқи дуҷониба бо ҳамсоякишварҳои Афғонистон теъдоде аз васоил ба ин кишварҳо ба таври ройгон тақдим ва қисме ҳам фурӯхта хоҳанд шуд.

Душанбе ва Вошингтон то кунун дар мавриди берун кардани таҷиҳзоти низомии нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Тоҷикистон қарордоде ба имзо нарасонидаанд. Аммо Тоҷикистон ба Британия иҷоза додааст, ки таҷҳизоту лавозимоти низомиашро аз Афғонистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон берун барад. Созишномаи хуруҷи Бритониё аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистонро вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва сафири Бритониё Робин Орд Смит рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе имзо карданд.

Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфта буд, ҷонибҳо танҳо дар мавриди интиқоли лавозимоти низомӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мувофиқа карданд, вале мавзӯи хурӯҷи сарбозону афсарони бритониёӣ тавассути ин кишвар матраҳ нашудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Смит, Бритониё дар ивази интиқоли молу муҳимоти низомиаш аз хоки кишвар, ба артиши Тоҷикистон кӯмакҳои низомӣ хоҳад расонд.

Бояд гуфт Бритониё барои хурӯҷи нерӯҳояш аз хоки Афғонистон аз кули роҳҳои мумкин истифода мекунад ва ба ин мақсад бо аксарияти кишварҳои минтақа аз ҷумла бо Узбакистон низ созишнома имзо кардааст. Бритониё то ба ҳол ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон барои ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон созишнома ба имзо расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҳазор аз сарбозони нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва қарор аст то поёни соли 2014 аз ин кишвар берун шаванд.
XS
SM
MD
LG