Додгоҳи Амрико рӯзи 7 январ Фазлиддин Қурбонов, як паноҳандаи 33-сола аз Узбакистонро бо ҷурми таҳияи ҳамла ба академияи низомӣ ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Қозии парванда Эдвард Лодҷ зимни эълони ҳукми Қурбонов гуфт, “ӯ қасд дошт алайҳи Ийолоти Муттаҳида ҷиҳод кунад. Ӯ қасд дошт дар Амрико бомберо тарконда, бо ин як паёми шабеҳи паёме, ки дар ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 дода шуда буд, бидиҳад.”
Фазлиддин Қурбонов, ронандаи мошини боркаш, дар соли 2009 аз Узбакистон фирор кардааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, “ман террорист нестам... Ман ҳеҷ гоҳ ба касе осебе нарасондаам. Ва ман қасди чунин кореро, бахусус нисбат ба амрикоиҳо надорам.”
Мақомоти додситонии Амрико мегӯянд, Фазлиддин Қурбонов “ҷиҳодӣ” буд ва бо созмони Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар Амрико созмони террористӣ эътироф шудааст, робита дошт. Ба гуфтаи додситонӣ, ин паноҷӯи узбакистонӣ маводи лозим барои сохтани бомбро ҷамъоварӣ мекард ва мехост алайҳи таъсисоти низомии Амрико, аз ҷумла алайҳи Академияи низомии Вест Пойнт дар Ню-Йорк ҳамла анҷом бидиҳад.
Қазияи Фазлиддин Қурбонов суолеро матраҳ мекунад, ки чаро чунин афрод бо вуҷуди зиндагӣ дар ҷомиаҳои пешрафтае, чун Амрико, боз ҳам дил аз ақидаҳои ифротгароӣ намекананд?
Қанат Одил, таҳлилгари узбак мегӯяд, ин муаммоест, ки то ҳол беҷавоб боқӣ мемонад: "Бубинед, ақидаҳои ифротгароиро на ҷомиаи демократии Амрико ва на режими худкомаи Узбакистон қабул надоранд. Афроде чун Фазлиддин Қурбонов ба эҳтимоли ғолиб ҳанӯз то рафтан ба Амрико таҳти таъсири ақидаҳои тундгароӣ қарор доштаанд. Дар Узбакистон барои чунин ақидаҳо шадидан саркӯб мекунанд ва шояд ба ҳамин далел, ӯ то расидан ба Амрико сар боло накард. Таъсири матбуот, бахусус Интернет ҳам ҳаст, ки гурӯҳҳои тундрав аз имконоти он барои шустани мағзи бахусус ҷавонон фаровон истифода мебаранд."
Рӯзи 12 август ҳайати мунсифаи додгоҳи Амрико Фазлиддин Қурбоновро дар ҷамъоварии маводи тарканда дар манзилаш дар аёлати Айдаҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳҳои кумак ба созмони мамнӯи Ҳаракати исломии Узбакистон гунаҳкор шинохта буд. Ӯ ҳанӯз дар соли 2013, дар пайи дар манзилаш дар минтақаи Бойс кашф шудани “маводи бомбсозӣ”, бо шумули як норинҷаки дастии холӣ, нуриҳои минералӣ ва маводи дигар, дастгир шуда буд.
Додситонҳои федеролии Амрико мегӯянд, Қурбонов, ҳамчунин қасд дошт, Ҳаракати исломии Узбакистонро, ки Амрико як созмони террористӣ мешиносад, аз тариқи Интернет ҳимоят ва кумаки молӣ намояд. Онҳо мегӯянд,Фазлиддин Қурбонов ҳамин тавр имкони ҳамлаҳо ба таъсисоти амрикоиро таҳқиқ мекард ва дастури чигуна сохтани бомбро меҷуст.
Аммо Чарлз Петерсон, вакили мудофеи ин зодаи Узбакистон дар моҳи август гуфта буд, Фазлиддин Қурбонов дар бораи тайёрӣ диданаш ба анҷоми ҳамлаҳо аз ҳаво лоф мезанад ва маводи ёфтшуда аз манзили ӯ дар асл маводи хом барои сохтани фейерверк аст, ки дар мағозаҳои шикору варзишӣ қонунан фурӯхта мешаванд.
Ҳаракати исломии Узбакистон дар поёни солҳои 80 бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати худкомаи ин кишвари Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд. Аъзои он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи нирӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди сулҳи соли 1997 нирӯҳои Ҳаракати исломии Узбакистон аз Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳ бурда, дар онҷо бо шабакаи террористии Ал-Қоида ва гурӯҳи Толибон пайвастанд. Бовар меравад, ки пойгоҳҳои асосии ин созмони мамнӯъ дар минтақаҳои қабиланишини Покистон бошад, вале дар солҳои охир Ҳаракати исломии Узбакистон талош дорад, то ки ҷангҷӯёнашро ба шимоли Афғонистон, яъне ба манотиқи наздик ба марзҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад.
Мақомоти Амрико дар ҳоли ҳозир парвандаи боз дастикам 4 зодаи Узбакистон бо иттиҳоми фаъолиятҳои террористиро таҳқиқ мекунанд. Моҳи август, додситонҳои Амрико гуфтанд, як зодаи 25-солаи Узбакистон дар Ню-Йорк қасди расондани кумаки молӣ ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" доштанашро эътироф кардааст.
Абдурасул Ҳасанович Ҷӯрабоев як сол пеш дар Интернет паёме гузошта буд, ки агар "Давлати исломӣ" амр бидиҳад, ӯ тайёр аст, президенти Амрико Барак Обамаро бикушад ваё истироҳатгоҳ дар ҷазираи Конии Ню-Йоркро битарконад. Ба Ҷӯрабоев акнун 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Абдурасул Ҷӯрабоев моҳи феврали соли 2015 дар манзилаш дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк вақте дастгир шуд, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошт ва қасд дошт, моҳи март ба созмони “Давлати исломӣ” бипайвандад. Кафили додситони Амрико Келли Кюри гуфт, “агар ин сафар муяссар намешуд, ӯ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Амрико омодагӣ мегирифт.”
Ҳамроҳ бо Ҷӯрабоев 4 зодаи дигари Осиёи Марказӣ низ дар Амрико бо гумони терроризм дастгир шудаанд. Аммо ба фарқ аз Абдурасул Ҷӯрабоев, ин 4 нафар - зодагони Узбакистон Акмал Зокиров, Дилҳаёт Қосимов ва Аброр Ҳабибов ва зодаи Қазоқистон Аҳрор Саидаҳмадов - иттиҳомоти алайҳашон эълоншударо ба гардан нагирифтаанд.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро забт карда, бо қатлҳои дастаҷамъии бераҳмона, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирону гаравгонҳо ва мухолифонаш ном баровардааст. Аксари кишварҳои дунё ин созмонро террористӣ шинохта, фаъолияташро манъ кардаанд.