Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико як шаҳрванди Узбакистонро боздошт карданд


Дар аёлати Айдаҳо воқеъ дар ғарби Амрико як шаҳрванди Узбакистонро ба иттиҳоми терроризм боздошт карданд. Додситонҳо мегӯянд, ин мард Фазлиддин Қурбонови 30 сола рӯзи чаҳоршанбе дар Бойз боздошт шудааст.

Иттиҳомоте, ки ба вай иртибот медиҳанд, ин аст, ки вай аз моҳи августи соли 2012 то моҳи маи соли 2013, яъне то замони боздошт фаҳмидаву дониста Ҳаракати Исломии Узбакистонро пинҳонӣ бо маълумоту сарчашмаҳо, аз ҷумла нармафзорҳои компютерӣ ва пул таъмин кардааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон созмони террористӣ дониста мешавад.

Аз ононе, ки бо вай ҳамкорӣ доштанд, ном бурда нашудааст. Қурбонов ҳамчунин бо худ дастгоҳи тарконандаи сабтиномнашуда доштааст, ки тақсимкунандаи маълумот дар бораи маводи тарканда, бомбаҳо ва аслиҳаи куштори ҷамъӣ будааст.
Интизор меравад, ки вай рӯзи ҷумъа дар додгоҳи федеролӣ бозпурсӣ шавад.
XS
SM
MD
LG