Эшони Сироҷиддин: Тоҷикистони мо ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад

Сироҷиддин Абдураҳмонов, машҳур ба Эшони Сироҷиддин аз зиндон раҳо шудааст.
Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки рӯзи 24 июн аз зиндон озод шуд, дар як гуфтугӯи ихтисосии видеоӣ бо Радиои Озодӣ дар манзилаш дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе гуфт, ӯро бар асоси қонуни афв пеш аз мӯҳлат раҳо кардаанд. Эшони Сироҷиддин дар соли 2009 бо ҷурми узвият дар ҷараёни мазҳабии салафия боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эшони Сироҷиддин баъди раҳоияш аз зиндон


Эшони Сироҷиддин гуфт, аз ҷумлаи 11 нафар, бо шумули писари ӯ Киромиддин, ки ҳамроҳаш маҳкум ба зиндон шуда буданд, ӯ охирин нафаре буд, ки имрӯз ба озодӣ баромад. Ин рӯҳонии маъруф гуфт, ӯро таҳти ягон шароит ё дар ивази кадом ваъдае раҳо накардаанд, балки озодии ӯ аз зиндон пеш аз мӯҳлат сирф бар асоси қонуни афв сурат гирифтааст.

Ҳамроҳ бо ӯ 10 тани дигар, ба шумули писараш низ маҳкум ба зиндон шуда буданд. Додгоҳи ноҳияи Сино онҳоро аз рӯи моддаи 189 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – ангехтани адовати динӣ ва миллӣ аз 5 то 7 сол равонаи зиндон карда буд. Ҳамагӣ барои узвият дар ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯъи салафия муттаҳам мешуданд ва Эшони Сироҷиддин аз раҳбарони ин ҷараён дар Тоҷикистон муаррифӣ мешуд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2010 ҷараёни салафияро ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон, аз қабили Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҷамоати Таблиғ, Толибон, Тоҷикистони озод, Ҳизби Таҳрир дохил кард. То боздошт Эшони Сироҷиддин дар масҷиди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе имомхатиб буд.

Пас аз раҳоии Эшони Сироҷиддин хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суҳбати ӯ рафтанд ва нахуст аз таассуроти ӯ дар озодӣ пурсиданд:

- Бовар кунед, ҳоло худ бовар надорам, ки дар хонаи худ нишастаам. Озодӣ неъмати бузург аст. Нишастан дар назди аҳли байт неъмати Илоҳист. Алҳамдулиллоҳ, чор сол дар кунҷи зиндон нишастам. Ҳар саҳар барои тафтиш меомаданд, аммо ин саҳар омаданду гуфтанд, ки: «Бобои мулло, хез, имрӯз хона меравӣ». Дигар на оби чашмро қапида мешавад. Вақте ки ба сӯи дарвоза мерафтам, ба худ мегуфтам, ки «Худоё, оё маро насиб мекарда бошад озодӣ?» Алҳамдилуллоҳ, насиб будааст. Хеле хурсанд шудем.

- Кай хабар ёфтед, ки озод мешавед?

- Як рӯз пеш гуфтанд, ки «звонок» - ё «занг» - атон ҳаст.

- «Звонок» ё занг, ин чӣ маъно дорад?

- Охири мӯҳлат. Афв шуд. Ҳафт сол доштем, се соламонро ба ёрии Аллоҳ, Худованд президентамонро баракат диҳад, кам карданд. Бовар кунед, аз хурсандӣ шаб хобам набурд, бовариам намеомад, ки озод мешавам.

- Шумо 7 сол ҳукм гирифта будед, далели раҳоиятон пас аз 4 сол чӣ аст?

- 11 нафар будем. Ҳама соли гузашта озод шуда буданд. Танҳо ман монда будам. Худо президентро баракат диҳад ва то вақте бошем, роҳбари мо бошанд. Мо бо он кас обод мешавем. Дар парвандаи ман ин савол буд, ки чаро Шумо чилу солро ҳаром мегӯед. Дирӯз худи Ҷаноби олӣ баромад карда гуфтанд, ки эй мардуми Хуҷанд, шумо ба исрофкориҳо роҳ надиҳед. Ман аз ҷой хеста, гуфтам: Аллоҳу Акбар! Худо баракатат диҳад, Ҷаноби олӣ! Моро суд карданд- накарданд, мо дар ҳаққи он кас дуо мекунем.

- Ҳамин чор соли зиндон ба шумо чӣ дод ва аз шумо чӣ гирифт?

- Аз мо бисёр гирифт ва мо ҳам аз ин чор сол таҷрибаи бисёр гирифтем. Акнун чиро аз даст додем? Аввал, чор соли умрро, ки ба ҳамин ҳам шукр мекунем. Модарамон гузаштанд, набудем. Ду писарам оиладор шуданд, дар туяшон набудам. Фарзанд калон куниву дар тӯяш набошӣ, чӣ ҳам мешавад гуфт? Чӣ гирифтем? Мо одамшинос набудаем. Дар он дарун даҳҳо гурӯҳ аст. Ман бо онҳо гуфтугӯ мекардам. Мегуфтам, ки кори бад мекунанд, Тоҷикистон зеби ин тафриқаҳоро надорад. Тоҷикистони мо ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад. Эй мардуми Тоҷикистон, бовар кунед! Мо Ислом дорем, Қуръон дорем, суннат дорем. Аҳзоб фардо ба сари миллату мардум хеле мушкил меоранд, то он дараҷа, ки ба ҳам ҷанг карда, давлатро ноором мекунанд. Ҳизбҳо сабаби пастравии мардуми мо мешаванд.

- Чӣ баҳсҳо мекардед? Онҳо кӣ буданду чӣ мегуфтанд?

- Ягонтои онҳо ғайрат намекарданд, ки бо ман вориди баҳс шаванд, чун банда саводи кофӣ дорам. Ҳатто як маротиба муфтӣ омаданду онҳоро насиҳат карданд, онҳо қабул надоштанд. Масалан, ҳамин таҳририҳо ба ин фикр ҳастанд, ки Худованд онҳоро гурӯҳи баргузидаи худ дар Қуръон унвон кардааст. Ман мегуфтам, бубахшед, ин ояти Қуръон ба шумо дахл надорад. Зеро Қуръон мефармояд, ки шумо ба ресмони Аллоҳ чанг занед ва ҷудоӣ накунед. Ҳатто дар мазҳабу ақидаи мову шумо Имом Абӯҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳ) мегӯяд, ки мо ҷамоатро дӯст медорем ва аз хилофу тафриқа безор ҳастем. Яъне дар бораи набудани ягон гурӯҳи баргузида миёни мусалмонон ман суханони Ҳазрати Имоми Аъзамро меовардам.

- Домулло, агар аз рӯзномаҳо огоҳ шуда бошед, ҳатто афроди маъруф дар ин бора суҳбат мекунанд, ки ҲНИТ набошад. Шумо вақте мегӯед, ки ҳизбҳо набошанд, чиро дар назар доред?

- Ман ҷонибдори ягон ҳизби Тоҷикистон нестам. Чӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломӣ. Фарқ надорад. Ман ба дигарҳояш кор надорам, аммо Ислом ду чиз дорад – Қуръон ва суннат. Дигар эҳтиёҷ ба ҳизбе нест. Дар Тоҷикистони мо на салафия бошад, на Таҳрир ва на Таблиғ. Мо бояд як бошем. Вақте гурӯҳҳо мешаванд, билфосила якдигарро бад мебинанд, нооромӣ мешавад. Ман аз тамоми ҷавонони Тоҷикистон даъват мекунам, ки ба ягон гурӯҳ ҳамроҳ нашаванд.

- Дар бораи ин ки дар зиндонҳо шиканҷа вуҷуд дорад, чун аз он ҷо ҳам омадед, чӣ мегӯед?

- Дар дарун ҳам мегуфтам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки ин гапҳо ҳама дурӯғанд. Ман бо чашмонам чор сол дидам. Надидам, ки касеро зада, дасту пояшро шикаста бошанд. Ин гапҳо ҳама сафсаттаанд. Худи ҳамон ҷавон агар нашъаманду ҷинояткор набошад, касе ба ӯ кор надорад. Мӯҳлаташро гирифта, ором нишинад ва намозхон бошад, касеро бо ӯ кор нест.

- Сабаби пурсидани мо чанд ҳодисаи пурсарусадои дар маҳбас фавтидани маҳбусон, масалан, Ҳамза Икромзода аст. Аз ин ҳодиса хабар доштед?

- Дар ин бора ман дар нашрия хонда будам, аммо ин дар маҳбаси мо набуд, дар якум буд. Лекин бовар кунед, маро ягон кас тарс надодааст ва ман аз касе ҳам тарс надорам, ки дар маҳбаси мо ин гапҳо набуданд.

- Ҳоло пас аз чор сол ин иттиҳомро, ки шумо бо ҷурми узвият дар ҷараёни салафӣ боздошт шудаед, қабул доред?

- На, ман пеш ҳам, ҳоло ҳам дар ягон гурӯҳ набудам ва дар оянда ҳам нахоҳам буд. Моро салафӣ гуфтанд, аммо алҳамдулиллоҳ, ягон бор даъво накардам, ки ман салафӣ ҳастам. Боз мегӯям, ки гурӯҳ дар Қуръон ҳаром аст. Дар дунё ду гурӯҳ аст – мусалмон ва кофир. Мо аз мусулмонҳоем.

- Дар маҳбас бо чӣ кор машғул будед?

- Он ҷо бекор нашиштам, албатта. Як гурӯҳи сохтмонӣ доштем, ки барои маҳбас ягон сохтмон мекардем.

- Акнун бо чӣ кор машғул хоҳед шуд?

- Иншоаллоҳ, бо коре машғул хоҳем шуд. Дар манзили ҳаштум ҳастем ва ду оила бояд кор кунем, ягон хона созем, аз паси рӯзгори бачаҳо шавем. Хеле қафо мондем.

- Агар боз Шуморо боз имом-хатиб таъин кунанд, кор мекунед?

- Хуб, ин ба ҳукумат вобаста аст. Агар даъват кунанд, мекунем. Агар на, тиҷорат аст, ё бо ягон кори дигар машғул хоҳем шуд.

Хабари озодии Эшони Сироҷиддин субҳи 24 июн нашр шуд. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз Эшони Сироҷиддин аз зиндон раҳо шуд.

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки дар оғози соли 2010 ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯъи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Ин видео соли 2011 дар ҳамин маҳбас бардошта шудааст:


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эшони Сироҷиддин дар бораи шароити зиндон


Аз ин қабл Киромиддин Абдураҳмонови 23-сола, писари Эшони Сироҷиддин, ки низ ба иттиҳоми мушобеҳи падараш ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда ва ҳамроҳи ӯ дар зиндон ба сар мебурд, раҳо шуда буд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2010 Сироҷиддин Абдураҳмоновро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Ӯ тибқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне, ангезиши кинаву хусумати мазҳабӣ гунаҳкор дониста шуда буд.


Ӯ тобистони соли 2009 дар қатори ҳудудан чил тан аз намозгузорон дар як рейди муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар масҷиде воқеъ дар маҳаллаи “Зарафшон”-и шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Салафия як ҷараёни мазҳабии нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби ислом, аз ҷумла ҳанафиҳо ихтилофи назар доштанд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости додситони кулл дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти Салафияро манъ кард.