UNHCR: Шаҳрвандии 218 ҳазор кас дар Осиёи Марказӣ барқарор шуд

Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар даҳ соли гузашта барои барқарор кардани шаҳрвандии 218 ҳазор сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кардааст.

Гузориш рӯзи 17-уми декабр дар сомонаи UNHCR – Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – нашр шуд.

Тибқи он, аксари ин одамон аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бесанад ва беҳуқуқ монда, дар гирифтани шиносномаи кишвари зисташон мушкилӣ кашидаанд.

UNHCR мегӯяд, сеяки шахсони бешаҳрвандӣ дар сайёра сокини Осиёи Марказӣ мебошанд.

Шумори дақиқи шахсони бешаҳрвандии сокини Тоҷикистон нашр намешавад, вале созмон аз қазияи Адолат Шабозоваи 34-сола, сокини Кӯлоб ва модари се фарзанд намуна овардааст.

Ӯ соли 1988, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба дунё омада, бо сабаби нодории волидон ва баъдан зиндагии қашшоқонааш бо ҳамсари бемор, натавонистааст соҳиби шиноснома шавад.

Созмони иҷтимоии “Чашма” бо мусоидати UNHCR дар барқарор шудани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳам дарёфти шиносномаи Тоҷикистон ба ӯ мадад кардааст.