Дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 7-уми декабр нашр шуд, аз Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ барои муҳофизат аз касоне, ки аз озор ва азият фирор кардаанд, пойбанд бимонад.
Ба гуфтаи UNHCR ихроҷи паноҳандагон ба ҳар кишваре, ки мумкин аст бо осеби ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд, нақзи конвенсияи СММ аст, ки Тоҷикистон онро имзо кардааст.
Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карданд.
Комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо ҳам дар ин баёнияи худ гуфтааст, ки байни рӯзҳои 3 то 5 декабр мақомоти Тоҷикистон 41 шаҳрванди Афғонистонро, ки ҳадди ақал 37 тани онҳо паноҳҷӯ буданд, ихроҷ карданд.
Комиссарияти СММ дар умури гурезаҳо мегӯяд, дар мавриди амнияти ин афрод, ки аксаран мардон ва саробони хонаводаҳояшон буданд, нигарон аст. Ба гуфтаи UNHCR, ин амр "осебпазирии занон ва кӯдакони онҳоро, ки дар Тоҷикистон мондаанд, бештар мекунад".
Манобеи Радиои Озодӣ дар консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ин муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд. Ба иттилои манбаъ, "муҳоҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доштанд".
"Санадҳояшон дуруст буд, аммо сабаби ихроҷро намедонам. Бештари ихроҷшудаҳо аз тарафи пулиси Ваҳдат бозҷӯйӣ ва сипас ронда шудаанд. Як бор 16 ва дафъаи дигар беш аз 40 нафар, яъне дар ду ҳолат, ихроҷ карда шудаанд", афзуд ӯ.
Мақомоти тоҷик то кунун ба хабарҳо дар мавриди ихроҷи паноҳандагони афғон ва низ баёнияи UNHCF вокуниш нишон надодаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хабар надорад. Вале ҳамзамон афзуд, "бар асоси муқаррарот, вақте қоидаҳои будубошро риоят намекунанд, сабаби ихроҷашон мешавад."
Дар солҳои 2021 ва 2022 зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистониро аз Тоҷикистон ронда буданд. Мақомот далели рондани онҳоро нақзи қоидаи иқомат номиданд.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.