"Квартал 95", яке аз маъруфтарин гурӯҳҳои ҳаҷвии Украина, дар барномаи ахири «Вечерний квартал» дар шабакаи телевизионии «1 + 1» мудири хабаргузории давлатии «Россия сегодня» Дмитрий Киселёвро ба танз кашидааст. Нақши Дмитрий Киселёвро дар ин барномаи танзомез Олег Кошевой, яке аз ситораҳои аввали «Квартал -95» бозӣ кардааст. Дар ин барнома, ки бар пояи филми маъруфи «Дурӯғгӯ, дурӯғгӯ» бо Ҷим Керри дар нақши асосиаш таҳия шудааст, чигуна аз паша фил сохтанҳои Дмитрий Киселёв ва командаи ӯро ҳангоми инъикоси масоили Украина бо забони танз тасвир кардаанд.
Дар филми «Дурӯғгӯ, дурӯғгӯ» қаҳрамони Ҷим Керри, ки наттоқи телевизион аст, рӯзе қудрати дурӯғгӯиро гум мекунад ва ба ин далел дар ҷои кор хеле гирифтор мешавад. Дар барномаи Олег Кошевой айни ҳолатба сари Дмитрий Киселёв меояд ва раги ростгӯии Киселёв бедор шуда, ӯ дар барнома ба ҷои танқиди анъанавиаш аз "хунта",ву "фашизм" дар Украина ногаҳон ба танқиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин забон мекушояд.
Дмитрий Киселёв, ки ҳар шоми якшанбе дар шабакаи давлатии «Россия» барномаи ҷамъбастии ҳафта бо номи «Вести недели»-ро мегардонад, бо як мавзеъгирии ошкоро зиддиукраиниаш ҳатто аз боқӣ наттоқони телевизионҳои русӣ, ки ба бовари бисёриҳо, бе ин ҳам мавзӯъи Украинаро ба як минбари пропаганда табдил додаанд, фарқ мекунад.
Дмитрий Киселёв яке аз «булбул»-ҳои муҳими мошини пропагандистие, ки Кремл барои таблиғи сиёсатҳо ва рафтори худ дар Украина ба роҳ андохтааст, ба шумор меравад. Нозирони умур мегӯянд, Киселёв дар инъикоси масоили ин кишвар аз истифодаи ахбори машкук ва ҳатто дурӯғу пропаганда парҳез намекунад.
Барномаи танзомез дар бораи Киселёвро инҷо тамошо кунед:
Дмитрий Киселёв дар моҳи декабри соли 2013 бо фармони вижаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мудири хабаргузории давлатии «Россия сегодня» таъин шуд. Ин хабаргузории бузург, ки қарор аст, ба яке аз чархҳои аслии мошини пропагандаи Маскав табдил шавад, дар ҳоли ҳозир дар заминаи хабаргузории РИА «Новости», радиои «Голос России» ва шабакаи телевизионии "Russia Today"-ро, ки ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва испанӣ барнома пахш мекунад, зери як бом гирд овардааст.
Аммо зоҳиран нуфузталабиҳои «Россия сегодня» танҳо бо ин маҳдуд намешавад ва ин бунгоҳи азими хабарӣ дар ҳоли ҳозир ба таъсиси дафтарҳои худ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Тоҷикистон, машғул аст. «Россия сегодня» то як моҳи пеш дар Тоҷикистон танҳо як хабарнигор дошт. Ҳоло, бино ба иттилои дарёфтӣ, ин оҷонсӣ тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон аз 20 то 25 хабарнигору корманди эҷодӣ дошта бошад. Мақомоти Тоҷикистон низ зоҳиран нишон медиҳанд, ки ба густариши доманаи фаъолияти ин хабаргузории давлатии Русия дар қаламрави кишвар мухолиф нестанд.
Дар Маскав умедворанд, ки «Россия сегодня» як алтернативаи билқувва дар муқобили матбуоти Ғарб, ба хусус матбуоти «англосаксонӣ»-и Бритониёву Амрико хоҳад шуд, ки ба бовари мақомоти рус, ҳадафмандона як ҷанги иттилоотии эълоношудаеро алайҳи Русия пеш мебаранд.
Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби таҳримоти зидди Русия Дмитрий Киселёвро барои мавзеъгириҳояш дар инъикоси масоили Украина ба «рӯйхати сиёҳ» шомил кардаанд. Киселёв нахустин журналисти рус аст, ки таҳти чунин таҳримот қарор мегирад.
Валентин Наливайченко, раиси СБУ – Хадамоти амнияти Украина – дар моҳи июл хабар дод, ки алайҳи Дмитрий Киселёв бар пояи ду иттиҳом – «маблағгузории терроризм» ва «ҳамдастӣ ба фаъолиятҳои террористӣ» таҳқиқот идома дорад ва парвандаи ҷиноӣ кушода мешавад. Киеселёв ин хабарро идомаи хаёлбофиҳои мақомоти Украина номид.