Украина дар робита ба ҳамлаи Русия ба Кривой Роҳ, ки боис ба кушта шудани 20 кас гардид, ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милалро талаб кард.
Андрей Сибиҳа, вазири корҳои хориҷии Украина, дар шабакаи "X" навишт, ҳамлаи Русия бо мушаки дурпарвоз ба Кривой Роҳ нуҳ кӯдакро кушт.
Мақомдори украинӣ навишт, Русия ба майдони бозии кӯдакон дар назди бинои истиқоматӣ зарба зад.
Ӯ афзуд, кишвараш ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милал ва нишасти вижаи Шӯрои доимии САҲА-ро дархост кардааст, то таваҷҷуҳро ба ҷиноятҳои Русия ҷалб кунад.
Андрей Сибиҳа навишт, Киев талаб дорад, ки рафтори Русия маҳкум карда шуда, Маскав террор алайҳи кӯдакони украинӣ ва мардуми мулкиро бас кунад.
Ҳамла ба шаҳри Кривой Роҳ, ки зодгоҳи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аст, шоми 4-уми апрел рӯй дод.
Дар ин ҳамла 20 кас, аз ҷумла нуҳ кудак кушта шуданд. Даҳҳо нафар ҳам захмӣ гаштанд.