Украина барои истифода аз силоҳҳои ғарбӣ алайҳи нерӯҳои Кореяи Шимолӣ, ки ба Русия омадаанд, ягон маҳдудият надорад. Ин нуктаро Сабрина Сингҳ, намояндаи Вазорати дифои Амрико ё Пентагон рӯзи 28-уми октябр баён кард.
Ба ҳисоби мақомоти амрикоӣ, наздик ба 10 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ барои омӯзиш ба қисмати шарқии Русия фиристода шуданд.
"Як қисми ин неруҳо аллакай ба наздикии хоки Украина оварда шудаанд ва нигаронии мо бештар мешавад, ки Русия ин сарбозонро алайҳи Украина дар вилояти Курск истифода мебарад," -- гуфт Сабрина Сингҳ.
Сухангӯйи Пентагон ҳамзамон афзуд, вазири дифоъ Ллойд Остин ва вазири корҳои хориҷӣ Энтони Блинкен ин ҳафта бо ҳамтоёнашон аз Кореяи Ҷанубӣ мулоқот мекунанд.
Дабири кулли Паймони низомии Атлантики Шимолӣ ё НАТО рӯзи 28-уми октябр рафтани сарбозони Кореяи Шимолиро ба вилояти Курск тасдиқ кард.