Нерӯҳои Украина рӯзи 24-уми сентябр дар "Телеграм" хабар доданд, ки шаби гузашта 66 ҳавопаймои бидуни сарнишини Русияро аз байн бурданд.
Ба иттилои онҳо, дар умум Русия ба вилоятҳои Киев, Житомир, Черкаси, Виннитса, Кировоград, Полтава, Сумӣ ва Николаев 85 дрон ё паҳпод сар дода буд.
Мақомоти вилояти Полтава гуфтаанд, ки ҳамлаи Русия ба зербунёдҳои энержӣ дар ин минтақа зарар расонд.
Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар дар як шаб 13 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар фазои Белгород, Курск ва Брянск нобуд карданд.