"Моҳи асал"-и ҷавони тоҷик дар боздоштгоҳи Узбакистон гузаштааст

Мақомоти марзбонии Узбакистон ду ҷавони тоҷики сокини шаҳри Панҷакентро ба убури ғайриқонунии сарҳад айбдор кардаанд.

Мақомоти марзбонии Узбакистон Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимов -- ду сокини шаҳри Панҷакентро, ки моҳе пеш ҳини моҳидорӣ дар соҳили рӯди Зарафшон дастгир карда буданд, ба убури ғайриқонунии марз айбдор донистаанд. Фирдавсӣ Амонов, бародари Манучеҳр, ки 18 ноябр аз дидорбинии бародараш аз Узбакистон баргаштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар боздоштгоҳи махсуси Боғи Шамоли Самарқанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Мусоҳиби мо гуфт, ки ӯ ҳоли бародарашро хуб дарёфтааст, вале маъмурон иҷоза надодаанд бо вай сӯҳбат ва ҷузъиёти боздошти онҳоро маълум кунад. Масъулони боздоштгоҳ ҳатто нагузоштаанд, вай ба онҳо ғизо ва либоси гарм барад ва таъкид кардаанд, ки онҳоро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мекунанд.

Маъмурон ҳамчунин гуфтаанд, Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимов барои ғайриқонунӣ гузаштани хатти сарҳади Узбакистон гунаҳкор дониста шуда, баъди қарори додгоҳ, раҳо хоҳанд шуд: "Маъмурон гуфтанд, ки бо гирифтани қарори додгоҳ бародарам ва шарикаш Рустамро озод мекунанд ва то гузаргоҳи сарҳадӣ оварда, ба хоки Тоҷикистон мегузаронанд."

Масъулони Узбакистон ба Фирдавсӣ Амонов гуфтаанд, ки "Манучеҳр ва Рустам танҳо ба хотири гузаштан аз хатти сарҳади ин кишвар дастгир шуда, дигар ба ягон кори бад даст назадаанд. Вақти боздошт аз онҳо танҳо шасти моҳигирӣ мусодира шудааст." Ӯ афзуд, вақти моҳигирӣ онҳо дар ҷайб шиноснома ва ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ҳувият надоштанд ва шиносномаҳои онҳоро баъди тақрибан 20 рӯзи боздошт, ба боздоштгоҳи Самарқанд фиристодаанд.

Амонов мегӯяд, бародараш Манучеҳр пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба ҳайси муллим кор мекард ва 11 октябр бо Мафтуна ном дӯстдоштааш хонадор шуда буд. Аммо ҳамагӣ баъди 10 рӯзи "моҳи асал"-аш, сарҳадбонҳои узбак ӯ ва рафиқашро дар хатти марз дастгир карда бо худ бурдаанд.

Падари Манучеҳр бо дархости мусоидат барои раҳо намудани писараш ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо номае муроҷиат намуда буд. Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Тошканд барои озод кардани ин ду сокини Панҷакент ба вазорати корҳои хориҷии Узбакистоннота равон кардааст. Ба гуфтаи Фардавс Амонов, бо дархости мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар марз мақомоти сарҳадбонии ду ҷониб мулоқот ва масъалаи баргардонидани ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи сокинони манотиқи марзӣ, муайян набудани хати марзи байни Тоҷикистону Узбакистон дар ин маҳал, баҳонаҳоеро ба дасти сарҳадбонҳо медиҳад, ки сокинони ноогоҳро ба иттиҳоми марзшиканӣ дастгир кунанд.

Шоҳини Равшан, коршиноси маҳаллӣ дар Панҷакент мегӯяд, ба мавзеи Чангали ҷамоати Хумрии ин ноҳия сокинон барои моҳигирӣ, молчаронӣ ё ҳезумчинӣ мераванд, вале “аз он ки як сӯ рӯди Зарафшон ва як сӯ туғайзор, вале ягон нишонаи хати сарҳад он ҷо нест, сокинон надониста ба хоки якдигар мегузаранд ва онҳоро сарҳадбонҳо дастгир кард, ба боздоштгоҳ мебаранд.”

Дар бархе маворид ҳам, ворид шудани сокинон ба хати марзи эҳтимолӣ, ба фоҷиа анҷомидааст. Аз ҷумла дар таърихи 16-уми октябри соли равон Содиқ Субҳонови 18-сола, сокини деҳаи Фароб ва Сафаралӣ Тошеви 35-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Ёрии Панҷакент ҳини убур аз хати марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар асари таркиши минаҳо ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, Фирдавсӣ Амонов, бародари Манучеҳр Амонов мегӯяд, ҳоло аҳли оилаашон чашм ба роҳи фарзанди худ ва рафиқи ӯ Рустам ҳастанд, ки мақомоти Узбакистон кай онҳоро раҳо мекунанду назди аҳли оилаашон бармегарданд.