Мақомоти умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, дар робита ба баҳси ду рӯҳонӣ дар як намози ҷаноза ифтитоҳи парвандаи расмиро зарур надонистаанд.
Як корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, рӯзи 28--уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки пас аз рух додани ин баҳси сахт дар масҷиди Оли Сомон (собиқ Олий Совет), дафъатан ходимони масҷид ва чанд шоҳид, аз ҷумла шахсони наздик ба Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Ҷамолиддин Амонуллоҳзодаро барои пурсиш ба ин шӯъбаи милиса оварданд.
Ба нақли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан 16 нафар ба шӯъба давъват шуда, аз ҳамаи онҳо баёнот гирифта шуд: «Мо сабабҳои рух додани ин воқеаро пурсидем, забонхат гирифтем, вале зарурате барои боз кардани павранда зидди яке аз ин ду ҷониби баҳсро надидем.» Ба гуфтаи ин манбаъ, қазовати ин баҳсро, ки оё кадоми ин ду рӯҳонӣ ҳақ буд, мақомот ба худи мардум вогузор мекунанд.
Хабаргузории “Тоҷнюс” рӯзи 25 январ бо такя ба манбаъи огоҳаш хабар дода буд, ки мақомоти шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба тафтиши қазияи ҷанҷоли рӯҳониҳои шинохта дар ин намози ҷаноза шурӯъ карда, чанд нафар аз шоҳидони ин моҷаро дар намози ҷаноза дар масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Оли Сомон мавриди пурсуҷӯи мақомот қарор гирифтаанд.
“Эҳтимол меравад, ки нисбати онҳо, парвандаҳои маъмурӣ бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оғоз карда шавад, аммо миёни онҳо Эшони Нуриддинҷон нест,” – гуфтааст манбаъи “Тоҷнюс”. Аммо мақомоти пулиси Рӯдакӣ то ҳол аз шарҳи расмии қазия худдорӣ мекунанд.
Дар маросими ҷанозаи рӯҳоние бо номи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ (мулло Қурбон) дар масҷиди маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Олий Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ байни Ҷамолиддин Амонуллоҳзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи минтақаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонуллоҳ Неъматзода, ва рӯҳонии маъруф Нуриддинҷон Тӯраҷонзода бар сари раҳбарии намози ҷанозаи марҳум баҳсе даргирифт, ки дар маҳофил ба он “муллоҷанг” ном додаанд.
Аз наворе, ки корбаре бо номи Темур Тешаев рӯзи 21 январ дар сомонаи Ютюб нашр кард ва онро то имрӯз алакай 14 053 нафар тамошо кардаанд, дида мешавад, ки Ҷамолиддин Амонуллоҳзода Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаро имкони ваъз гуфтан ба мардуми гирдомада намедиҳад. Тӯраҷонзода бидуни онки бо писари муфтӣ вориди баҳс шавад, муроҷиати кӯтоҳе ба мардум кард, ки “таъзияи маро ғоибона қабул кунед” ва аз минбар пойин шуд.
Аммо Амонуллоҳзода микрофон дар даст ба танбеҳи лафзӣ алайҳи Тӯраҷонзода идома дод ва аз ҷумла гуфт: “Ин ноҳия соҳиб дорад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар куҷое ки ҷаноза бошад, ҷанозахониатон намемонам, худам мехонам. Васияташ ин аст, ки ин(марҳум) муриди ман аст, муриди падарам аст. Изо намекашед? Айб аст!”
Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки низ дар он намози ҷаноза ҳузур дошт, бо чанд нафари дигар эшони Тӯраҷонзодаро канор бурданд. Аммо даъвои Ҷамолиддин Амонуллоҳзода бо ин рӯҳонии маъруф ба мавҷи эътирозҳо дар байни издиҳом печид. Як марди солманде, ки зоҳиран аз наздикони марҳум Ҳоҷӣ Қурбоналӣ маълум мешуд, низ бо эътироз гуфт, “соҳиби майит моем ” ва даъвати Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои хондани намози ҷанозааш васияти худи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ буд ва ба ин далел аз Амонуллоҳзода хостанд, ки минбарро барои Тӯраҷонзода холӣ кунад.
Аммо Ҷамолиддин Амонуллоҳзода микрофон дар даст ба хондани мавъиза шурӯъ кард ва аз ҷумла гуфт: “Аз Худо битарсед ва дар байни мардум фитна накоред. Мову шумо бояд фарзандонро ба роҳи нек ҳидоят кунем. Чӣ хеле ки раҳбари давлат ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мову шуморо ҳидоят кардааст ба роҳи рост, мову шумо бояд фарзандонро ҳидоят кунем.” Ӯ баъдан бо ишора ба даврони дар Афғонистон гуреза будани Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ишораҳое ба нақши рӯҳониҳо дар нооромиҳои солҳои 90 кард, мардум ба шӯр омад ва бо нидоҳои “Аллоҳ Акбар!” ва “Бароредаш аз масҷид!” норозигии худро баён дошт. Як ҷавон ҳатто микрофони дасти Амонуллоҳзодаро кашида гирифт ва рӯи бом ҳаво дод.
Дар ниҳоят вақте фарзанди марҳум ҳам пеш омаду бо васияти падараш даъват шудани Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои хондани ҷанозаро тасдиқ кард, Ҷамолиддин Амонуллоҳзода ночор ақиб нишаст, вале ба хотири доман назадани ихтилоф намози ҷанозаро на Тӯраҷонзода, балки яке аз наздикони марҳум хонд.
Аммо ин моҷаро, ба гуфтаи коршиносони масоили динӣ, ихтилофоти мазҳабии авоили солҳои 90, бахусус дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб, байни рӯҳониёни суннатгаро ва “муллоҳои навбаромад”-ро ба ёд меорад. Он ихтилофот, ки асосан бар сари шеваи баргузории маросими дафну маъракаҳои худоӣ буд, дар ниҳоят чунон амиқ шуд, ки кишварро ба домани муноқишаҳои сиёсиву низомӣ кашонд ва ба ҷанги хунини панҷсолае бурд, ки бино ба ҳисобҳо, дастикам 50 000 кушта ба ҷо гузошт.
Моҷарои ахир, ба ақидаи соҳибназарон, то кадом андоза бузург шудани фосила байни муллоҳои расмии имрӯза, яъне онҳоеро, ки дар сохторҳои расмии марбут ба Кумитаи дин ва Шӯрои уламо соҳибвазифаанд, ва рӯҳониёни аз сохторҳои расмӣ берун, вале дар байни мардум соҳиби нуфуз ва тарафдори зиёдро намоиш медиҳад. Нуриддин Тӯраҷонзода бо вуҷуди он ки ду сол боз масҷиди сохтаи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар зодгоҳашон – рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдатро азҳ аққи баргузории намозҳои ҷумъа ва ба ин тартиб Нуриддин Тӯраҷонзодаро аз ҳаққи маъваизагӯӣ ба намозгузорон манъ кардаанд, ҳамоно яке аз шахсиятҳои маъруф ва матраҳ дар майдони динии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тӯраҷонзодаҳо баъди онки масҷиди “Муҳаммадия”-и марбут ба онҳо мақоми масҷиди ҷомеъро аз даст дод, сомонаи интернетии ин хонаводаро гардон кардаанд ва назари худ ба ин ё он масъала ва посухҳо ба суолҳои тарафдоронашонро тавассути ҳамин сомона ироа мекунанд.
Зимнан манъи намозҳои ҷумъа дар масҷиди “Муҳаммадия” низ моҳи ноябри соли 2011 дар пайи чунин як баҳси лафзии Нуриддинҷон Тӯраҷонзода бо раиси кунунии Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як зиёфат оғоз ёфт. Баҳси ҳарду бар сари кадом масъалаи динӣ чунон тунд рафт, ки баъди ҳафтае раиси Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо раиси Шӯрои уламо шахсан дар намози ҷумъа дар масҷиди “Муҳаммадия” ҳозир шуда, Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаро ба баргузории маросими Ошӯро дар солгарди қатли набераи паёмбар Имом Ҳусайн айбдор карданд ва гуфтанд, ки фаъолияти масҷиди Туркобод, муваққатан боздошта мешавад.
Баъди ним сол масҷиди Тӯраҷонзодаҳо, ки дар он айём аз пуртарафдортарин масоҷиди Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар ҳар намози ҷумъа то 5 000 намозгузорро ҷамъ меовард, дубора боз шуд, вале танҳо барои анҷоми намозҳои панҷвақтӣ ва бидуни ҳаққи баргузории намозҳои ҷумъа. Тӯраҷонзодаҳо раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ кашонданд, вале додгоҳ аз даъвои онҳо пуштибонӣ накард.