Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Эшони Тӯраҷон дар пойдории ҷараёни қодирия дар Тоҷикистон


Бештари ровиён таъкид доштанд, ки ин ҷараёни ирфонӣ дар Тоҷикистон дар замони султаи коммунистҳо маҳз бо талош ва заҳматҳои марҳум эшони Тӯраҷон ҳифз ва пойдор боқӣ мондааст. Ҳамчунин, эшони Тӯраҷон яке аз аввалин рӯҳониёни мӯътабари Тоҷикистон буд, ки аз ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолталабии мардуми тоҷик дар авоили даҳаи навади асри гузашта ҳимоят ва бо гурӯҳе аз шайхҳои бонуфузи кишвар дар радифи мардуми мӯътариз алайҳи низоми коммунистӣ даст ба гуруснанишинӣ зад. Эшони Тӯраҷон дар он замон ба думболи бархӯрди шадид ва беэътиноии давлати вақт ба хостаҳои мардум дар як суханронии телевизионӣ зимни муроҷиат ба Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳур гуфта буд, номи шумо Раҳмон аст ва ба халқи Худо раҳм кунед.

Коршиносони масоили динии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дар ин кишвар ду ҷараёни умдаи ирфонӣ- нақшбандия ва қодирия бештар ривоҷ доштааст. Исмоили Қаҳҳорӣ - муҳаққиқи ҷараёни қодирия дар мавриди нақши хонадони эшони Тӯраҷон ва худи ӯ дар Тоҷикистон гуфт, марҳум нахустин рӯҳоние буд, ки масоил ва мушкилоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии мардумро ба забони форсӣ дар мавъизаҳои худ аз минбари масоҷид матраҳ мекард.

Ба назари Исмоил Пирмуҳаммадзода - сархатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Ҳисор, яке аз хусусиятҳои хоси силсилаҳои ирфонии мавҷуд дар Осиёи Марказӣ ин буда, ки шариатро аз тариқат ҷудо намекардаанд. Ва пири ин ҷараёнот ҳамеша ҳам фақеҳ будаанд ва ҳам ориф.

Абдуллои Раҳнамо, таҳлилгар ва устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз хидматҳои шоистаи эшони Тӯраҷон ин буд, ки тавонист, мактаби қодирияро бо тамоми назм ва дастгоҳи мавҷуд ба насли баъдӣ ба саломат интиқол диҳад.

То кунун муридони эшони Тӯраҷон ба таври ҷудогона ва дастаҷамъӣ даври ҳам ҷамъ мешаванд ва маҳфили зикру самоъ баргузор мекунанд. Дар пайи даргузашти эшони Тӯраҷон, эшони Нуриддинҷон фарзанди бузурги он марҳум ба унвони пешвои гурӯҳе аз пайравони равияи қодирия дар Тоҷикистон баргузида шуд ва маросими байъати муридон бо пешвои ҷадиди худ дар ояндаи наздик баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG