67 миллион $ - барои истихроҷи нафт дар Тоҷикистон

Чоҳи нафт дар Исфара

Ду ширкати Аврупо ҷиҳати ихтисоси 67 миллион доллар ба барномаҳои истихроҷи нафт аз майдонҳои нафти Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.

Ширкати MNP Petroleum эълон кард, ки барои идомаи корҳо ҷиҳати истихроҷи нафт дар Тоҷикистон бо ширкати Вагобели Ҳолланд дар масъалаи ихтисоси 67 миллион доллар ба мувофиқа расидаанд. MNP Petroleum дар ин бора рӯзи 8-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод. Бар тибқи ин хабар, Вагобел ризоият додааст, барои иҷрои барномаҳои истихроҷи нафт дар шимоли Тоҷикистон бо ихтисоси қарз ва аз роҳи харидани саҳмияҳо бо MNP Petroleum ҳамкорӣ мекунад. Ширкати байналмилалӣ MNP Petroleum, ки аз соли гузашта барои иҷрои барномаҳояш дар Тоҷикистон сармоя ва шарик ҷустуҷӯ мекард, бо изҳори хушнудӣ дар бораи созиш гуфтааст, ки ихтисоси миллионҳо доллар метавонад, дар вусъат додани кору барномаҳояш дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

MNP Petroleum асосан ба кашфу истихроҷи нафт дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон машғул аст ва ҳаққи истихроҷи 2 майдони нафт дар вилояти Суғдро дорад. Майдони аввал, майдони “Ғарбӣ” аст, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва қисми ғарбии ноҳияи Конибодом ҷойгир аст. Майдони дуввум майдони “Шимолӣ – Ғарбӣ” аст, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ғарби ноҳияи Ашт ва акваторияи зери обанбори Қайроққумро дар бар мегирад. Ба гуфтаи MNP Petroleum, ин ду майдон 400 миллион баррел нафт доранд.

Мутахассисони Тоҷикистон мегӯянд, нафт дар ин майдонҳо дар умқи 4 то 5 километру 400 метр ҷойгиранд ва барои таҷҳизот ва технологияҳои пармакунии муосир дастрас мебошанд. Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини раиси саридораи “Геологияи тоҷик” рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки корҳои геофизикӣ ва ё таҳқиқи маконҳои муносиб барои пармакунӣ дар инҷо идома дорад:

“Корҳо идома доранд, аммо ба сатҳи пастанд, масъалаи асосӣ парма кардани чоҳ аст, ки ширкат барои он таёрӣ дида истодааст. Дар ҳамон ҷое, ки муайян кардаанд, бояд пармакуниро сар кунанд.”

Мирзошариф Исломиддинов, раиси ширкати “Сомон Ойл” гуфтааст, ки айни замон пойдевор барои пармакунии чоҳи “Қайроқум” дар ноҳияи Конибодом ва дигар иншооти лозимӣ барои он омода шудааст. Ҷамъияти саҳомии “Сомон ойл”, муассисаи ширкати швейтсарии DWM Petroleum AG мебошад, ки ин ширкат дар навбати худ ба MNP Petroleum тааллуқ дорад. Дар дафтари ширкати MNP Petrolium рӯзи 9-уми сентябр хабари созиш бо ширкати Вагобели Ҳолландро таъйид карданд, вале гуфтанд, то рӯзи 12-уми сентябр наметавонанд, ҷузъиёти онро шарҳ диҳанд.

Аммо Ҳейнз Шолз, мудири иҷроияи ширкат дар баёнияи расмӣ гуфтааст, ки тавофуқнома бо Вагобел ба онҳо имкон медиҳад, ки барномаҳояшонро дар Тоҷикистон вусъат бахшанд. Айни замон MNP Petrolium қасд доштааст, ҳаққи истихроҷи нафт аз чоҳҳои мавҷуди нафт дар Суғдро ба даст биёрад, ки ба гуфтаи Раҳмонбек Бахтибеков, кор дар баъзеи онҳо идома дорад. Дар баёнияи ширкати MNP Petroleum омадааст, ки ҳоло аз ин чоҳҳо рӯзона то 300 барел нафт мекашанд, аммо мумкин аст, бо барқарор кардану таҷҳизоти нав тавлидоти нафтро аз ин чоҳҳо ба 3200 баррел дар як рӯз расонанд.

Ширкати “Сомон ойл” дар давоми солҳои 2008 – 2012 дар асоси иҷозатномаи давлат дар майдонҳои “Ғарбӣ” ва “Шимолӣ - Ғарбӣ” бо мақсади дарёфти конҳои нави нафту газ дар масоҳати ин минтақа корҳои иктишофӣ анҷом додааст. Бар асоси қарордод, дар сурати саривақт иҷро нашудани корҳо, ҳукумат ҳақ дорад, иҷозаномаҳоро пас бигирад.

Моҳи июли соли 2012 ширкати нафтии Тетис Петролиум эълом кард, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги газу нафт дорад. Бар тибқи ҳисобҳои нав захираҳои нафти Тоҷикистон бештар аз 27 миллиард баррелро ташкил медиҳад ва захираҳои газаш ба 114 триллион метри мукааб мерасад. Баъди ин эълон таваҷҷӯҳи ширкатҳои нафтӣ ба Тоҷикистон аз ҷумла ширкати Тотали Фаронса, Ширкати миллии нафти Чин, зиёд шуд, вале то кунун ҳеҷ яке ба истихроҷи нафти зиёд шурӯъ накардаанд. Қарордоди MNP Petrolium ва Вагобел ҳам ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва бояд то 15-уми октябр онро ниҳоӣ кунанд. Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсояҳои дигараш дар Осиёи Марказӣ саноати қавии нафту газ надорад.

Дар замони шӯравӣ нафти истихроҷшуда аз вилояти Суғдро барои полоиш ба Узбакистон мебурданд. Дар авҷи тавлиди нафт дар вилоят дар соли 1985, аз ин ҷон тавассути лулаи Конибодом-Сухи Шимолӣ-Олти Ариқ 242 ҳазор тонна нафт ба полоишгоҳи нафти Фарғона интиқол додаанд. Айни замон дар кишвар миқдори ночизи нафт истихроҷ мешавад ва Тоҷикистон асосан маводи нафтиро аз Русия мехарад. Бар асоси қарордоди дуҷониба Тоҷикистон, метавонад солона то 1 миллион тонна маводи нафтиро аз Русия бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид кунад.