Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон вазорати пешини энержӣ ва саноат имзо кардааст ва имзои он танҳо баъд аз он сурат гирифтааст, ки дар бораи ин чоҳҳо ва роҳҳои ҳамкории ҷонибҳо вазорат ва ширкати мазкур ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон гузориши муфассали хаттӣ додаанд ва раиси ҷумҳур пешниҳодҳоро ҷонибдорӣ кардааст.
Баъд аз имзои қарордод вазорати мазкур барои истихроҷи нафт дар чоҳҳои Сурхсимо ва Қарордон воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Edgo Energy муҷаввизи фаъолият додааст.
Умар Масрӣ-мудири иҷроии Edgo Energy дар Лондон ба суоли радиои Озодӣ дар бораи захоири тақрибии ин чоҳҳо аз додани тавзеҳот худдорӣ кард ва гуфт, дар марҳилаи кунунӣ сӯҳбат дар бораи зихираи тақрибии ин чоҳҳо зуд аст ва ин захираҳо бояд таҳқиқ шаванд. Дар ин замина кор идома дорад. Аммо ба бовари Масрӣ дар ин ду чоҳ захираи хуби газ ва нафт пешгӯӣ мешавад.
Ба гуфтаи оқои Масрӣ, ҳоло сармоягузории ҳамаи корҳои муқаддамотиро танҳо ширкати Edgo Energy бар уҳда дорад. Вале ҷонибҳо як кумитаи муштарак ташкил кардаанд ва тибқи қарордод ин кумита корҳои таҳқиқотии марбут ба истихроҷи газро бояд то ба марҳимлаи ниҳоӣ расонад. Мудири иҷроии Edgo Energy мегӯяд, бар асоси қарордод ҳам дар чоҳи Сурхсимо ва ҳам дар чоҳи Қарордон корҳои фаннӣ ва истихроҷро ин ширкат бар уҳда гирифтааст.
Ба эҳтимоли зиёд дар қарордоди ҳамкорӣ саҳмияи Тоҷикистон ва саҳмияи ширкати Edgo Energy сабт шудааст, вале ҷонибҳо ин маълумотро пинҳон медоранд. Оқои Масрӣ дар мусоҳиба фақат ба ин нукта ишора кард, ки дар қадами аввал аз ин ду чоҳ истихроҷи газ дар назар гирифта шудааст. Вале дар оянда ҷонибҳо барои истихроҷи нафт низ корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод.
Ба ширкати мазкур вазорат барои 7 сол муҷаввиз додааст ва мӯҳлати он аз 18 ноябри соли 2013, яъне аз рӯзи имзои қарордод оғоз шудааст. Вале ширкат ҳақ дорад дар ин ду чоҳ ба муддати 30 сол ба истихроҷи ҳам нафт ва ҳам газ машғул шавад. Ин қарордод ду бори дигар ба мӯҳлати 5 солӣ метавонад тамдид шавад.
Дар бораи захираҳои нафту гази Тоҷикистон то ҳол маълумоти зидду нақиз ба чоп расидааст. Масалан, то солҳои наздик ширкати “Газпром”-и Русия мегуфт, ки захираи нафту гази Тоҷикистон дар қишри хеле амиқи замин ҷой гирифтааст ва ҳафри чоҳҳо то андозае гарон тамом мешавад, ки истихроҷ масорифро ба истилоҳ “пӯшонда наметавонад”. Вале бо роҳ ёфтани ширкати муштараки Тетис Петролиуми Конодову Амрико ва CNPC ё ширкати миллии нафту гази Чин ба Тоҷикистон маълум шуд, ки захираҳо дар ин кишвар кам набудаанд. Он вақт баъзе коршиносмон садо баланд карданд, ки Русия мисли “аждаҳо мехоҳад болои сарват бихобад” ва ин захираҳоро замоне бо дасти худ истихроҷ кунад, дар сурате, ки Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба ин навъи сӯхт хеле ниёз дорад. Масалан, як сол пеш ширкати Тетис Петролиум захираи кони Бохтарро 3,2 триллион метри муккааб газ ва 8,5 миллиард бушка нафт тахмин зада буд.
Маркази мутолеоти ҷуғрофиёии Амрико ё US Geological Survey дар бораи захираи ду чоҳи кунунӣ, яъне чоҳи Сурхсимо ва чоҳи Қарордон мегӯяд, маълумоти ба дастомада нишон медиҳад, ки дар ин чоҳҳо миқдори зиёди нафту газ вуҷуд дорад ва он поинтар аз қишри намак ҷой гирфтааст. Тибқи ин маълумот ин чоҳҳо дорои миллиардҳо бушка нафт мебошад.
Ширкатҳои CNPC -и Чин ва Тотали Амрико ба натиҷае расиданд, ки дар сурати истихроҷи ин захираҳо Тоҷикистон метавонад ниёзмандиҳои худро бо нафту газ таъмин ва ба Чин низ ин навъи сӯхтро содир кунад.
Бо вуруди ин ширкатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон Газпроми Русия низ “фаъолтар” шуд. 18 сентябри соли 2013 Алексей Миллер-раиси ин ширкат аз Тоҷикистон боздид кард ва гуфт, ки Газпром “ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият бахшида, сармоягузорӣ дар иҷрои тарҳҳои марбут ба иктишоф ва истихроҷи нафту газро афзоиш хоҳад дод”.
Баъд аз ин боздид Газпром 30 сентябр, яъне баъд аз ду ҳафта қарордоди таҳмилиро дар бораи чоҳи Сариқамиш бо ҷониби Тоҷикистон имзо кард. Бар асоси ин қарордод 70 дарсади даромад аз гази Сариқамиш ба Русия ва 30 дарсад ба Тоҷикистон дода мешавад.
Ширкати Edgo Energy, ки аз 18 ноябр дар чоҳҳои Сурхсимо ва Қарордод корро шуруъ кардааст, ширкати мустақил аст ва дар кишварҳои Ховари Миёнаву Африқо ва Осиёи Миёна ба истихроҷи нафту газ машғул мебошад.
Ҳоло ин ширкат баъд аз вуруд ба бозори нафту гази Тоҷикистон бо рақиби билқувва дар симои Газпром рӯ ба рӯ хоҳад буд. Аз Умар Масрӣ мепурсем, оё бо ин рақиб дар Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард ва Русия ба ҳукумати Тоҷикистон фишор нахоҳад овард то ҳамкории Edgo Energy бо Тоҷикистон маҳдуд шавад?
Оқои Масрӣ дар посух гуфт, “ҳоло ҳукумати Тоҷикистон тавононии инро дорад, ки бо ширкатҳои бузург мисли Газпром, Тотал ва CNPC-и Чин ҳамкорӣ кунад ва бозигарони хурдро низ ташвиқ намояд, то онҳо низ ба Тоҷикистон оянд. Мо худро бозигари хурд ҳисоб намекунем ва метавонем бо ширкатҳои бузург ҳамкорӣ кунем”. Оқои Масрӣ афзуд, ҳоло онҳо ба истихроҷи газ дар қишрҳои болоӣ оғоз кардаанд ва ҳафри чоҳҳо ҳамоно идома дорад ва дар оянда ба қишри нафт низ хоҳанд расид.