Шонси бештари пирӯзӣ барои Саидҷаъфар Исмонов

Хуруҷи номзади ҳизби ҳоким ба Саидҷаъфар Исмонов шонси бештар овард

Аз идомаи мубориза даст кашидани ду номзади ҳизби ҳоким шонси пирӯзии номзадҳои ҳизби демократ ва ҳизби аграриро дар ҳавзаҳои Фархор ва Ҳисор бештар кардааст.

Дар се рӯзе ки то интихоботи парлумонии 1 март боқӣ мемонад, ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ду ҳавзаи якмандатӣ номзадҳои худро ба манфиати намояндагони ҳизбҳои дигар бозпас гирифт.

Сафаралӣ Шарипов, намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор номзадии худро пас гирифт ва шонси пирӯзиро ба Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон дод, ки ҳоло бояд дар ин ҳавза бо номзади ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рақобат кунад.

Дар ноҳияи Ҳисор низ намояндаи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо гирифтани номзадияш идомаи рақобати интихоботиро ба намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Муҳаммаднабӣ Бердиев, намояндаи ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Шарофиддин Сироҷов ва намояндаи ҳизби аграрии Тоҷикистон Субҳон Сатторов вогузошт.

Бо дарназардошти тангравиҳо алайҳи ҲНИТ аксари коршиносон акнун дар ин ду ҳавза рӯи пирӯзии номзади ҳизби демократ дар Фархон ва номзади ё ҳизби аграрӣ ё ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҳисор ҳисоб мекунанд.

Ин дар ҳолест ки масъулони ҳизби ҳоким мегӯянд, намояндагонаш бо ихтиёри худ аз ҳавза рафтаанд ва ин ҳеҷ рабте ба сиёсатбозӣ надорад. “Ин ҳуқуқи конститутсионии онҳо буд ва эълон карданд, ки дигар намехоҳанд, рақобатро идома диҳанд ва мо наметавонем, онҳоро маҷбур кунем, ки номзадиатонро нагиред,” - мегӯяд Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

Номзади ҳизби демократ дар Фархор ва номзадҳои ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҳисор аз чунин чархиши кор ва рӯ ба рӯ шудан бо рақибҳое, ки барои ворид шудан ба порлумон шонси аз онҳо боз ҳам камтар доранд, хурсандӣ мекунанд.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ва номзади ин ҳизб дар Фархор мегӯяд, ширкаташ дар интихоботи президентии соли гузашта ӯро дар зодгоҳаш хеле маъруф кард. Ӯ мегӯяд, ки маъруфияти ӯро ҳангоми мулоқот бо сокинон тамоми ҳатто рақибонаш мушоҳида кардаанд: “Пас аз интихоботи президентӣ маро мардум дар Фархор бештар шинохтанд. Дар вохӯриҳо вақте сӯҳбат мекардам, ҳама каф мекӯфт. Инро ҳама рақибони ман мебинанд. Мо бо Сафаралӣ дар аксар масоил ҳамфикрем ва ӯ бе он ки ба ман чизе бигӯяд, номзадиашро пас гирифт.”

Номзади ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, бо рафтани як номзади рақиб аз ҳизби ҳоким шонси ӯ барои дарёфти як ҷой дар парлумон хеле бештар шуд.

Аммо Сафаралӣ Шарипов, намояндаи ҲХДТ, ки ду рӯзи пеш номзадиашро аз ширкат дар интихобот пас гирифт, мегӯяд, берун шуданаш аз сабқат тасмими шахсиаш буд, ки ҳоло намехоҳад, онро шарҳ диҳад.

Дар тӯли 15 соли ахир бори аввал аст, ки ду довталаби курсии парлумонӣ аз ҳизби ҳоким ва он ҳам ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз интихобот номзадиашонро бозпас мегиранд ва ба ин васила бо дасти худ роҳи пирӯзии номзадҳо аз аҳзоби дигарро боз мекунанд. Ин се ҳизби демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ дар асл ҳеҷ мухолифате бо ҳизби ҳоким ва умуман ҳукумати Тоҷикистон надоранд ва дар аксар маврид аз сиёсати ҳукумат пуштибонӣ мекунанд.

Агар номзади ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихобот пирӯз шавад, ин ҳизб, ки аз оғози истиқлолият то кунун гирифтори бӯҳрони дохилиҳизбӣ буд, барои аввалин бор ба парлумон ворид мешавад.

Аз сӯи дигар, коршиносон мегӯянд, шонси пирӯзӣ ба аҳзобе, ки андешаҳои мавриди қабули ҳукумати Тоҷикистонро доранд, як стратегияи хос барои танг кардани мавқеи ҲНИТ аст, ки ҳукумат онро гоҳе пинҳону гоҳе ошкор таҳдид арзёбӣ мекунад. Агар ба ҳалқаи ҳодисоти як соли ахир дар Тоҷикистон, махсусан ба ҳизби наҳзати исломӣ рабт додани бадахлоқии баъзе рӯҳониён, боздошти намояндагони он, матлабҳои интиқодӣ дар чанд платформаи Интернет назар афканем, ин натиҷагирӣ ҳосил мешавад, ки умри қонунии ин ҳизб дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дигар чандон зиёд намондааст.

Ҳоло бархе аз коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки эҳтимол ҲНИТ дар интихоботи навбатӣ аз ду курсии ҳамешагиаш дар парлумон маҳрум шавад.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, бохти эҳтимолии ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ ва эҳтимоли баста шудани ин ҳизби сиёсӣ ҳоло танҳо дар сатҳи овоза аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, эҳсос мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба аҳзоби дигар имкониятҳои хубтаре фароҳам овардааст.

“Ин як тактикаи пешазинтихоботӣ ҳаст, ки ҳизби ҳоким ба аҳзоби дигар гузашт кардааст. Ба ҳар ҳол, ин чандон кори бад нест ва дар ҷомеаҳои демократӣ ин як амри маъмулист. Ин ҳизбҳо бо вуҷуди наздикӣ бо ҳукумат, ақидаҳои худро доранд ва ҳузурашон дар парлумон якнавохтиро мешиканад. Аммо гумон намекунам, ки номзадони ҲНИТ соҳиби курсӣ нашаванд ва ин ҳизб баста шавад. Ба андешаи ман, ҳукумат танҳо ба хотири нуфузи бештар пайдо накарданаш болои ин ҳизб фишор меорад, вале онро намебандад, зеро аз чанд лиҳоз вуҷуди ин ҳизб лозим аст,”- мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло.

Интихоботи порлумони дар Тоҷикистон рӯзи 1 уми март доир мешавад ва дар он барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, аксар ба намояндагӣ аз 8 ҳизби расмӣ мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон то кунун ягон бор интихоботе доир нашудааст, ки нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи озоду демократӣ эътирофаш карда бошанд. Дар ҳоле, ки интихоботи 1 мартро низ беш аз 500 нозири байналмилалӣ аз хориҷаи дуру наздик назорат мекунанд, бовар намеравад, ки натиҷаҳои он барои райъдиҳанда ва нозирон ҳайратовар бошад.