Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ду номзади раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо умедворӣ гуфтаанд, ки дар даври аввали интихобот баранда хоҳанд шуд.
Ду номзади раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтаанд, ки интихобот ба даври дуввум нахоҳад рафт, аммо яке аз номзадҳои дигар мегӯяд, ки интихоботи рӯзи шанбе эҳтимолан ба давраи дувум кашонида хоҳад шуд.
Абдулоҳ Абдуллоҳ, номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар сӯҳбат бо ин рӯзномаи амрикоӣ Wall Street Journal гуфтааст, ки дар бисёре аз вилоятҳо номзади пештоз аст. Ҷаноби Абдуллоҳ дар посух ба ин суол Wall Street Journal, ки оё дар даври аввали интихобот беш аз 50 дарсади орои мардумро, ки шарти пирӯзии интихобот аст ба даст хоҳад овард, гуфтааст, ки ин масъала ба Комиссияи мустақили интихобот рабт мегирад. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ илова кардасст, ки нисбати дигар номзадҳо пешқадам аст.
Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади дигар дар сӯҳбат ба рӯзномаи Wall Street Journal гуфтааст, мутмаин аст, ки аз дигар номзадҳо раъйи бештарро ба даст овардааст ва барандаи даври аввали интихобот шинохта хоҳад шуд. Аммо вай афзудааст, ки ин мавзуъ бо расидагии мавориди тақаллубӣ бастагӣ дорад.
Ин рӯзнома бар истинод аз натоиҷи муқаддамотӣ, ки берун аз Комиссияи мустақили интихоботӣ аз тарафи бархе ниҳодҳо нашр шудааст, навиштааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз номзадони пештозанд ва баъд аз онҳо Зулмай Расул бештари раъйи мардумро соҳиб шудааст.
Зулмай Расул, ки гуфта мешавад аз тарафи раиси ҷумҳури феълии ин кишвар Ҳомид Карзай пуштибонӣ мешавад, мегӯяд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ мавориди тақаллуб зиёд сурат гирифтааст ва эҳтимолан ин интихобот ба даври дувум гузаронида шавад. Аммо Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯянд, то кунун зарурати ба даври дувум гузарондани интихобот пеш наомадааст.
Зиёлҳақ Амирхол, як масъули Комиссияи мустақили интихобот ба радиои "Озодӣ" гуфт, бо вуҷуди набудани зарурат онҳо барои роҳандозии эҳтимолии даври дувуми интихобот омодагӣ доранд. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтаанд, дар сурате ки ҳеҷ як номзадон беш аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст наоранд, дар даври дувум миёни ду номзади пештози даври аввал рақобат хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон натиҷаи қисми аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зарфи 3 рӯзи оянда эълон хоҳад шуд.