Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се дарси муҳими интихоботи Афғонистон


Баргузории интихоботи президентӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон болотар аз интизороти ҳама буд.

Аз ин интихобот се дарс омӯхта шуд: аввал, таҳдоби демократия дар Афғонистон ба андозаи назаррас таҳким ёфтааст, дуввум, дар мавриди Толибон ба сурати воҳимангез сӯҳбат мешавад ва савум, нерӯҳои амниятии афғон тавони таъмини амнияти кишвари худро доранд.

1.НИҲОДИНА (ТАКМИЛ) ШУДАНИ ДЕМОКРАТИЯ

Ҳудуди ҳафт миллион райъдиҳандаи афғон, бо вуҷуди бархе таҳдидҳои амниятӣ ва ҳавои номусоид, рӯзи якшанбе дар овоздиҳӣ иштирок карданд то раҳбари ояндаи Афғонистонро интихоб кунанд. Афғонҳо бо иштироки густарда дар интихобот ба Толибон паём доданд, ки мардум онҳоро намепазирад. Барои бисёр афғонҳо шояд ин паём низ хеле муҳим буд, ки интиқоли қудрат дар ин кишвари ҷангзада ба таври осоишта аз як раҳбар ба раҳбари дигар мегузарад, на бо тиру туфанг ва хунрезӣ.

Иштироки теъдоди бузурги райъдиҳандаҳо дар интихоботи рӯзи якшанбе кори марказҳои овоздиҳиро мушкил кард. Сафҳои тӯлонӣ ва иштироки чашмгири шаҳрҳандон дар интихобот тамоми рӯз ҷараён дошт, то дараҷае., ки баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ дигар баргаи райъ надоштанд. Занҳо низ дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок карданд, хусусан дар ҷануб ва шарқ, ки аз пойгоҳҳои Толибон ба ҳисоб меояд.

Шумори зиёде аз афғонҳо ва нозирони хориҷӣ мушорикати мардумро дар демократияи ҷавони Афғонистон, як пирӯзии бузург донистаанд. Нозирони байналмилалӣ қабл аз рӯзи раъйдиҳӣ гуфта буданд, ки агар аз миёни дувоздаҳ миллион афроди қобили овоздиҳӣ 50 дарсади онҳо дар интихобот ширкат кунанд, як пирӯзии бузург хоҳад буд.

Шукрия Борикзай, як узви парлумони Афғонистон гуфтааст, хобаш ба ҳақиқат мубаддал шуд ва ба гуфтаи ӯ, афғонҳо як шаппотии маҳкам ба рӯи душманони Афғонистон заданд. Залмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Кобул дар як назарсанҷӣ дар маҷаллаи "Дипломат" дар таърихи 6-уми апрел гуфтааст, "интихоботи Афғонистон бедории сиёсиро дар ин кишвар рақам зад." Ба гуфтаи оқои Халилзод, афғонҳо нишон доданд, ки масъули ояндаи худашон хоҳанд буд ва дигар ниёзе нест, ки қудратҳои берунӣ биоянд ва бо муомилаҳо сарнавишти онҳоро таъйин кунанд.

ШОЯД ТОЛИБОН АЗ ҲАДД БУЗУРГ НИШОН ДОДА МЕШАВАНД

Дар рӯзи интихобот Толибон ва мухолифони дигари давлати Афғонистон натавонистанд раъйдиҳии мардумро ба чолиш бикашанд. Ин тамоюл умедвориеро ба вуҷуд овардааст, ки Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон низ наметавонанд масири кишварро дигар кунанд. Бисёре афғонҳо интихоботи 5-уми апрелро шикасти Толибон унвон карданд.

Як сокинини дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Амрико бо артиш ва таҷҳизоти пешрафтаи низомияш натавонист Толибонро дар ҳудуди 13 сол шикаст диҳад, аммо афғонҳо тавонистанд бо раъйи худ Толибонро дар як рӯз шикаст диҳанд.

АФҒОНҲО МЕТАВОНАНД МАСЪУЛИЯТИ КИШВАРАШОНРО БА ӮҲДА БИГИРАНД

Ҳудуди 400 ҳазор тан аз нерӯҳои интизомӣ дар саросари Афғонистон барои таъмини амният ва ҳифозати райъи мардум ширкат карданд. Постгоҳҳо ва саддҳои амниятии нерӯҳои кишвар барои бозрасии дақиқ аз мошинҳо ва сарнишинон, тавонистанд то аз ҳамлаҳои Толибон бар марказҳои раъйдиҳӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Қабл аз ин бархе аз коршиносони низомӣ ба тавони артиш ва пулиси миллии Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО шубҳа доштанд. Зеро шуморе ба ин бовар буданд, ки рӯҳияи нерӯҳои афғон заиф аст ва сатҳи бесаводӣ дар байни онҳо баланд ба назар мерасад ва фирор аз суфуфи нерӯҳои афғон идома дорад. Аммо нигарониҳо дар рӯзи интихобот тақрибан посухи худро пайдо карданд ва маҳбубияти нерӯҳои амниятӣ дар назди афғонҳо, аз ҳукумат гирифта то мақомҳои комиссияҳои интихоботӣ, бархе номзадҳо ва афғонҳои оддӣ хеле барҷаста шуд.

Бо ин се дарс барои Афғонистон, барои нахустин бор аст, ки қудрат ба шеваи сулҳомез аз як раҳбар ба раҳбари дигар мунтақил мешавад. Натиҷаҳои ибтидоии интихобот рӯзи 24-уми апрел ва натоиҷи ниҳоӣ дар таърихи 14-уми май эълон хоҳанд шуд. Агар ҳеҷ яке аз ҳашт номзади мақоми раёсати ҷумҳури натавонанд орои матлубро касб кунанд, даври дувуми интихобот рӯзи 28-уми май баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG