Аз рӯзи 12 январ фурӯши асъори муҳими хориҷӣ, аз ҷумла доллару евро дар саррофиҳои Туркманистон қатъ шудааст. Хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон гузориш доданд, ки саррофон аз мардум асъори хориҷӣ мехаранд, вале аз фурӯши он худдорӣ мекунанд. Дар бонкҳо низ ба муштариён доллару евро намефурӯшанд.
Саррофоне, ки бо Радиои Озодӣ дар Ишқобод сӯҳбат карданд, мегӯянд, онҳо аз “боло” дастур гирифтаанд, ки фурӯши асъори хориҷиро қатъ кунанд. Хабаргузории Ройтерс бар пояи сӯҳбатҳои хабарнигоронаш бо саррофон дар Ишқобод навиштааст, ки саррофон фармони қатъи фурӯши долларро аз Бонки марказии Туркманистон гирифтаанд.
Аммо Бонки марказӣ иттилои расмие дар бораи сабабҳои қатъи фурӯши асъори хориҷӣ нашр накардааст ва то ҳол аз шарҳи ин тасмимаш низ худдорӣ мекунад.
Бо ин ҳол, қатъ шудани фурӯши асъори хориҷӣ дар саррофиҳо нигарониҳоро дар байни мардум дар бораи эҳтимоли дигарбора беқурб шудани манат – пули миллии Туркманистонро авҷ медиҳад. Ҳукумати Туркманистон рӯзи 1 январи соли 2015, баъди 6 сол дар сатҳи 2 манату 84 тангар нигоҳ доштани қурби як доллари Амрико, манатро 19 дарсад беқурб)девалватсия) кард ва қурби расмиашро ба 3 манату 50 танга расонд. Рӯзи 12 январ, дар пайи қатъ шудани фурӯши доллар аз тариқи бонкҳову саррофиҳои расмӣ қурби доллар дар бозори сиёҳ якбора то 20 дарсади дигар боло рафт ва ба 4 – 4,20 манат барои як доллар расид.
Туркманистон аз кишварҳои саршор аз манобеи нафту гази Осиёи Марказист ва даромади буҷааш асосан аз ҳисоби содироти ҳамин ду маҳсулот ба даст меояд. Вале уфти башиддати нархи маҳсулоти энержӣ дар бозори ҷаҳонӣ буҷаи то кунун ғании Туркманистонро низ таҳти фишори ҷиддӣ қарор додааст ва ин ба навбати худ қурби манатро дар бозор як сол боз пайваста пойин мебарад. Ва ин ҳам дар ҳоле ки қурби расмии манат аз сӯи Бонки марказии Туркманистон на бо васоили бозорӣ, балки бо роҳи маъмурӣ таъин карда мешавад.
Худойбердӣ Оразов, раиси собиқи Бонки марказии Туркманистон, ки ҳоло дар Шветсия ба сар мебарад, рӯзи 13 январ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти кунунии ин кишвар мехоҳанд ҳамчунон бо истифода аз василаҳои маъмурӣ пеши роҳи коҳиши бештари қурби манатро бигиранд. Вале ӯ мутмаин аст, ки ин шеваи бархӯрд натиҷа намедиҳад: “Дар солҳое ки нархи нафту газ ба осмон расида буду, аз фурӯши он сели пул ба ҷайби ҳукумат мерехт, онҳо ба ҷои истифодаи муассиртар, ин фоидаҳои бузургро барои корҳои беҳудае, чун сохтани ҳайкалҳои 70-метрии президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва амсоли ин сарф карданд. Ҳоло бошитоб ва бо роҳҳои маъмурӣ мехоҳанд пеши роҳи беқурбшавии манатро бигиранд. Вале манъкунӣ роҳи наҷот нест. Бояд васоили бозорӣ истифода шавад ва на Бонки марказӣ, балки худи бозор маълум кунад, ки қурби манат чанд аст?”
Ҳукумати Туркманистон чанд моҳ боз талош дорад, бо роҳҳои маъмурӣ пеши роҳи беқурбшавии пули миллиашро бигирад. Дар моҳи ноябр мақомоти ин кишвар даҳҳо сарроферо, ки ба гуфтаи мақомот, ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул буданд, боздошт карданд. Дар пайи ин маъракаи таъқиботӣ алайҳи саррофон қурби доллар дар бозори сиёҳ то 4 манату 50 танга боло рафт.
Дар моҳи декабр бино бар камбуди асъори хориҷӣ, дар Туркманистон фурӯши онро аз тариқи талон ҷорӣ карданд, ки боиси эҷоди навбатҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор шуд.
Пулҳои миллии ҳамаи кишварҳои Шӯравии собиқ тақрибан ду сол боз таҳти фишор қарор дошта, қурби худро дар муқобили доллари Амрико ва асъори дигари муҳим аз даст медиҳанд. Дар тӯли соли 2015 бештар аз ҳама – 98,7 дарсад - қурби манати Озарбойҷон – ва 85 дарсад қурби тангаи Қазоқистон пойин рафт.
Рубли Русия дар тӯли соли гузашта 29 дарсади қурбашро гум кард. Сӯми Узбакистон дар як соли охир 57 дарсад ва сомонии Тоҷикистон дар муқобили доллар 32 дарсад “арзонтар” шуданд.
Зоҳиран ин раванд ба далели мушкилоти иқтисодии Русия ва уфти нархи нафту газ дар соли 2016 низ давом хоҳад кард. Танҳо дар камтар аз ду ҳафтаи аввали соли ҷорӣ қурби рубли русӣ ва сомонии Тоҷикистон ҳудуди 10 дарсади дигар пойин рафтанд.
Дар Тоҷикистон мисли Туркманистон мехоҳанд қурби сомониро асосан бо истифода аз чораҳои маъмурие, чун бастани саррофиҳои хусусӣ ва танҳо аз тариқи бонкҳои расмӣ ба роҳ андохтани харидуфурӯши доллар нигоҳ бидоранд. Ва аммо ин чораҳо мардумро дар роҳи табодули асъори хориҷӣ ба саргардониҳои зиёде гирифтор карда, боиси дар бозори сиёҳ қариб 30 дарсад бозо рафтани қурби доллар дар муқобили сомонӣ танҳо дар 13 рӯзи гузашта аз аввали соли 2016 шудааст.