Онҳо дар гузашта издивоҷ бо бегонагонро “мояи шармсорӣ” медонистанд ва ишқи байни духтари туркман ва ҷавони тоҷик ё узбек мамнуъ буд. Исмоил Аллаев, сокини 60-солаи ноҳияи Дӯстӣ, мегӯяд, ҳоло ин “қолаби шахшуда” дар ҳоли шикастан аст.
Аллаев соли гузашта барои писараш Қутақтаҷон арӯси тоҷик овард ва онҳоро ҷуфти хушбахт тавсиф кард. “Писарам ошиқ шуд ва мо дигар илоҷ надоштем. Арӯсро овардем ва ҳоло хушбахтанд”, -- нақл кард ӯ.
Рӯзӣ Раҳимов, марди дигари туркман аз ноҳияи Дӯстӣ гуфт, чанде пеш барои писараш арӯси тоҷик оварданд. Вай афзуд, ҳоло инони ихтиёр ба дасти ҷавонҳо аст ва “насли нав ойини гузаштаҳоро чандон риоя намекунад”.
Раҳимов гуфт: “Ҷавонон дигар шудаанд. Онҳо ба Аврупо мераванд ва ё зиндагии онҳоро тавассути интернет мебинанд. Дигар ба гапи мо гӯш намекунанд. Бо тоҷикон хешу табор шудем, духтар медиҳем ва аз онҳо арӯс мегирем.”
Ин тағйирот дар ҳолест, ки чанд сол пеш баъзе аз духтарони туркман ба висоли дӯстдоштаҳои худ аз қавми “бегона” намерасиданд.
Лолагул, духтари туркман, мегӯяд, соли 2009 ҳангоми донишҷӯӣ дар Душанбе ба ҷавони “бегона” ошиқ шуд, вале ноком гардид. Хонаводааш ба издивоҷи ӯ ризоят надоданд ва чанд сол ангуштнамои хосу ом дар миёни туркманҳо буд.
“Он ҷавонро дӯст медоштам, вале нагузоштанд, ки издивоҷ кунам. Нахостанд. Ҳам падару модарам ва ҳам дигарон”, -- гуфт ӯ.
Дар мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар се соли ахир шоҳиди чанд ҳолати издивоҷи туркманҳо бо ҷавонони тоҷик ва узбек шудаанд.
Рӯзигул Рустамова, мудири идораи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Дӯстӣ гуфт: “Дар гузашта онҳо келин гирифтан ва духтар додан ба тоҷикону узбекҳоро боис ба шармсорӣ медонистанд. Дар ду-се соли охир вазъият хеле тағйир ёфтааст.”
Ба иттилои расмӣ, дар як соли ахир 10 никоҳи ҷавонони туркман бо тоҷикону узбекҳо сабт шудааст.
Ҳоло дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон 21 ҳазор туркман зиндагӣ мекунанд. Дар ноҳияи Қубодиён низ чанд хонаводаи туркманҳо ба сар мебаранд. Онҳо бештар ба кишоварзӣ машғуланд. Баъзе аз намояндагони туркманҳо дар бахшҳои маорифу тиб ҳам фаъоланд.