Туркия тиҷорат бо Исроилро қатъ кардааст

Туркия ҳама робитаи тиҷоратиашро бо Исроил қатъ кардааст. Дар ин бора нашрияи Bloomberg бо такя ба ду мансабдор дар давлати Туркия хабар додааст. Хабари расмӣ дар ин бора нашр нашудааст ва ҳам маълум нест, ки тиҷорати Анқара ва Тел Авив бо чӣ шартҳое аз сар гирифта мешавад.

Тибқи омори расмии Туркия, ин кишвар соли 2023 бо Исроил дар ҳаҷми 6,8 миллиард доллар додугирифт дошт. Аз ин 76 дарсадаш содироти маҳсулот аз Туркия ба Исроил мебошад.

Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил дар шабакаи X навиштааст, қарори ҳукумати Туркия, манфиатҳои халқи турк ва тиҷоратро поймол мекунад.

Ҳафтаи гузашта Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, кишвараш робитаи тиҷоратиро бо Исроил афзоиш намедиҳад. Эрдуғон Исроилро ба қатли зиёда аз 35 ҳазор ва захмӣ кардани 75 ҳазор фаластинӣ дар Навори Ғазза гунаҳкор кард. Тел Авив мегӯяд, дар ҳамлаи “Ҳамос” ба хоки ин кишвар садҳо шаҳрванди кишвар куштаву захмӣ шудаанд.

Ҷанг дар Навори Ғазза қариб ҳафт моҳ аст, ки идома дорад.