"Туркистон" ба ҷойи "Осиёи Марказӣ"? Ислоҳи барномаи таълими таърих дар Туркия

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Туркия ва президенти Русия. Самарқанд, моҳи сентябри 2022

Дар Туркия бо ислоҳи барномаи таълимии таърих барои хонандагони мактабҳои миёна ибораи “Осиёи Марказӣ”-ро ба “Туркистон” иваз кардаанд.

Расонаҳои Туркия, аз ҷумла "TRT Haber", рӯзи 9-уми октябр навиштанд, ки масъули тағйирот Вазорати маорифи миллии ин кишвар аст. Ташаббускорон “Осиёи Марказӣ”-ро аз қабили истилоҳҳои "бемаврид" ва "нодуруст" номидаанд.

Осиёи Марказӣ аз панҷ кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон – иборат аст.

Тоҷикистон ба фарқ аз чаҳор ҳамсояаш кишвари порсизабон аст ва дар ҳоли ҳозир теъдоди аҳолияш ба зиёда аз 10 миллион нафар расидааст. Ҳамзамон дар Узбекистон ва кишварҳои дигари минтақа ҷомеаи тоҷикон муқимӣ ҳастанд.

Баъзе аз донишмандони Туркия дар расонаҳои ин кишвар аз табдили “Осиёи Марказӣ” ба “Туркистон” пуштибонӣ кардаанд. Профессор Аҳмад Ташагил гуфтааст, Осиёи Марказӣ дар нимаи дувуми асри 19 ва баъди омадани русҳо ҷойгузини Туркистон шуд.

Вокуниши кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ба тағйирот дар барномаи таълимии таърих дар Туркия маълум нест.

Туркистон, як ҷумҳурии мухтор ва тобеи Русия, аз соли 1918 то 1924 вуҷуд дошт. Шаш вилоят, аз ҷумла Сирдарё, Ҳафтрӯд, Самарқанд ва Фарғонаро дар бар мегирифт.

Ҳоло Туркистон номи як вилоят дар Қазоқистон аст.

Туркия дар соли 2009 Созмони кишварҳои туркиро асос гузошт. Дар аввал ба ҳайати он Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия шомил буданд. Дертар Узбекистон пайваст. Маҷористон ва Туркманистон мақоми нозирро доранд.

Туркия аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду ҷумҳурӣ 29-уми январи соли 1992 барқарор шудааст.