Кушта шудани нахустин сарбози Туркия дар ҷанги Сурия

Туркия эълон кард артиши он кишвар барои нахустин бор яке аз сарбозони худро дар ҷараёни ҷанги Сурия дар дохили хоки он кишвар аз даст додааст. Туркия ҷангиёни курдро масъули кушта шудани сарбози худ медонад.

Туркия рӯзи чаҳоршанбе пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба Ҷуроблис -- як шаҳри марзи бо Сурия, ки дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" буд, вориди хоки Сурия шуд. Ҳамлаҳои аз он вақт афзоиш ёфтааст ва ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия рӯзи шанбе мавқеъҳои ҷангиёни курд дар шимоли Сурияро, ки аз пуштибонии Амрико бархӯрдор ҳастанд, бамборон карданд.

Нерӯҳои демократии Сурия -- эътилофи мухолифони Сурия, ки бештари онҳо курдҳо мебошанд, чанд рӯз пеш бо ҳимояи ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико минтақаеро дар наздикии шаҳри Ҷароблис ба контроли худ дароварда буданд.

Расонаҳои Туркия ва мақомҳои он кишвар гуфтаанд, ки аз назари Анқара тасарруфи минтақаҳои ғарби дарёи Фурот аз сӯи курдҳо, амнияти Туркияро халалдор мекунад. Яке аз сабабҳои вуруди артиши Туркия ба Сурия низ ҳамин гуфта мешавад.

Сарбози кушта шудани артиши Туркия, ки ҳувияташа ошкор нашудааст, нахустин қурбонии низомии он кишвар дар ҷараёни ин ҷанг мебошад. Ба гузориши хабаргузории расмии Туркия --"Анадолу", як мушак аз тарафи "Нерӯҳои демократии Сурия" партоб шуд ва ба як тонки нерӯҳои туркӣ бархӯрда ва дар натиҷа ин сарбози турк кушта шудааст.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, артиши Туркия дар вокуниш ба партоби ин мушак, мавқеъҳои "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро бамборон кардааст. Ин хабаргузорӣ ҷузъёти бештаре дар мавриди ин ҳамла мунташир накардааст.

Туркия воҳидҳои мудофеи халқро (муҳимтарин гурӯҳи низомии ҳозир дар Нерӯҳои демократии Сурия) шохае аз Ҳизби Коргарони Курдистон медонад. Ҳизби Коргарони Курдистон аз тарафи Туркия ва низ кишварҳои дигар, монанди Амрико ва Эрон як гурӯҳи террористӣ ба шумор меравад.

Ҷанги дохилии Сурия пеш аз панҷ сол аст, ки идома дорад ва дар ин муддат садҳо ҳазор нафар кушта шуда ва ниме аз мардуми он кишвар овора шудаанд. Талошҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои барқарории сулҳ ва дар он кишвар натиҷае надоштааст, ҳарчанд ин талошҳо ҳанӯз идома дорад.