Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми возеҳи ҷангандаҳои Русия бо парвозҳо аз Эрон


Ин ҳавопаймои ҷангандаи русӣ аз Эрон бархоста ва ба ҳадафҳое дар Сурия зарба зад.
Ин ҳавопаймои ҷангандаи русӣ аз Эрон бархоста ва ба ҳадафҳое дар Сурия зарба зад.

Рӯзи 15-уми август Масдар Нюс, як расонаи наздик ба ниҳодҳои амниятии Сурия аксҳои ҳавопаймои стротегии бомбаафкани русии TU-22M3-ро нашр кард, ки бино ба гузоришҳо аз майдони ҳавоии Ҳамадони Эрон бархоста буд. Субҳи дигараш расонаҳои давлатии Русия гузориш доданд, ки ҳавопаймоҳои стротегии бомбандози кишвар аз ин пойгоҳи эронӣ бархоста ба ҳадафҳое дар вилоятҳои Ҳалаб, Дайр-ал-Зур ва Идлиб зарба задааст.

Фаъолон ва шаҳрвандони Сурия видеоҳоеро нашр карданд, ки харобиҳои зиёд ва эҳтимолан талафоти зиёдро ҳам нишон медод. Баъзе аз ин харобиҳоро натиҷаҳои зарбаҳои ҳавопаймоҳои русии TU-22M3 медонанд. Ҳарчанд вазорати дифои Русия гуфт, ки дар натиҷаи зарбаҳо ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, Ҷабҳат-ул-Шом (Ал-Нусраи собиқ) нобуд шудаанд, вале як сухангӯи артиши Амрико ба хабарнигорон гуфт, “Мо дар он ҷойҳое, ки ҳавопаймоҳои Русия зарбаи зиёд заданд, таҷаммӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро намебинем .”

Марк Тонер, сухангӯи Садои Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймоҳои руси зоҳиран “ҳамон шеваи давомдори ҳадафгирии мухолифони мӯътадили Сурияро идома медиҳанд.”
Аз аз моҳи сентябри соли 2015 нерӯҳои ҳавоии Русия дар саросари Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Аксарияти ҳавопаймоҳое, ки дар ин амалиётҳо ширкат мекунанд, аз пойгоҳи русии Лозиқия дар шимолушарқи Сурия бармехезанд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии TU-22M3 дар Сурия истифода шудаанд, вале азбаски пойгоҳи Сурия барои нишасти он мувофиқ нест, маҷбур буданд, аз худи Русия парвоз кунанд. Акнун истифода аз пойгоҳҳои ҳавоии Эрон масофаи парвози ҳавопаймоҳои ҷанганда, харҷи сӯхту нигаҳдориро кам мекунанд, ҳарчанд, ҳаққи истифодаи пойгоҳ дар кишвари нав мумкин аст, ба ин харҷҳо биафзояд. Ҷанбаи дигар ҳам суолбарангез аст, ки то куҷо ҳавопаймоҳои стротегии ҷангандаи русӣ ба қудрати кишвар дар амалиёт дар Сурия изофа мекунад.

Ошӯбгарони мухолифи Башшор Асад зоҳиран истеҳкомҳои қавӣ ва тонкҳои пешрафта надоранд, ки барои маҳви он ҳавопаймоҳои азим лозим бошанд. Русия бошад, ҳавопаймоҳои стротегиро дар Сурия барои бомборони шаҳру ноҳияҳо истифода мебарад, шевае, ки барои мардуми осоишта фалокатовар аст. Аз ин рӯ ба кор бурдани бомбаандозҳоро коршиносон як ҳаракати рамзӣ, на тактикӣ мешуморанд. Вале истифодаи ҷангандаҳои стротегии русӣ бе ҳадаф нест.

Аввал Русия соли 2015 вақте ба истифодаи мушакҳои ҷиҳатёб аз киштӣ шурӯъ кард, маҷбур буд аз Эрону Ироқ иҷоза бигирад, чун мушакҳо аз қаламрави он кишварҳо мегузаштанд. Ҳамин ҳафта Русия дигарбора аз Эрону Ироқ барои истифодаи қаламравҳои ҳавоии онҳо ва партоби мушакҳо иҷоза гирифт. Бо ҳамин кор Русия ба рақибонаш аломат медиҳад, ки маъмурияташ дар Сурия қонунист ва дигар кишварҳо низ онро қабул доранд.

Дуввум ин ки Русия гурӯҳҳои шӯришиеро ҳадаф мегирад, ки бо Давлати исломӣ меҷанганд ва аз тарафи Амрико ҳимоят мешаванд. Ва фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангии стротегӣ як паёме ба Сурия ва тамоми дунёст, ки Маскав бо тамоми қудраташ дар Кремл омодааст, ҳампаймонҳояшро муҳофизат кунад ва ҳеҷ чизе ҳам роҳи онҳоро намегирад.

Дар тобистони соли 2015 пеш аз дахолати Русия ба муноқиша дар Сурия, ҳукумати Башшор Асад, қаламравҳои зиёдеро аз даст дод ва мухолифонаш манотиқи васеътареро ишғол мекарданд. Дахолати Русия ҳам монеъ шудан ба ин пешрафтҳои ошӯбгарон ва маҳви мухолифон буд.

Дахолат барои муддате ва то моҳи гузашта натиҷа дод, чун шӯришиён ақибнишинӣ карданд ва нерӯҳои Сурия бо кӯмаки ҳавопаймоҳои русӣ, зархаридони Русия ва размандагони Ҳизбуллоҳ, размандагони шиамазҳаб аз Ироқ ва командоҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон пешрафт мекарданд. Вале моҳи гузашта ошӯбгарон дар Сурия муҳосираи шаҳри Ҳалабро рахна карданд, ки дигарбора заъфи артиши Сурияро нишон дод. Шояд Русия барои ҳамин дигар бора мудохила дар муноқишаро зиёдтар мекунад, то шӯришиёнро ақиб занад.

Саввум ин ки Русия на танҳо собит кард, ки дар манотиқи дур аз сарҳадоташ ҳам ба ҷанг қодир аст, балки бо истифода аз силоҳҳои нав онҳоро барои фурӯш ва ба даст овардани пули зиёд дар намоиш гузошт. Русия дар ин ҷанг шояд ҳадафҳои бадтареро ҳам дошта бошад. Ба гуфтаи Роиз Форис, фаъоли шинохтаи суриягӣ аз шаҳри Кафранбил дар вилояти Идлиб, ҷанги панҷсолаву бомборонҳои Русия мардуми онҷоро ноумед кардааст ва онҳо фикр мекунанд, ки касе дар ёди онҳо нест. Ошӯбгарони мӯътадили мухолифи Башшор Асад ё кушта, ё паноҳанда, ё тундрав мешаванд.

Ва иддаои Русия, ки ҳамаи мухолифони Башор Асад, “террористанд” ба воқеият табдил меёбад ва бебандубории зиёдтар меояд. Паноҳҷӯён бештар мешаванд, ки ба наъфи Башор Асад ва Русия аст. Бисёре аз паноҳандагон ба кишварҳои рақиби Сурия мегурезанд, теъдоде ба Аврупо фирор мекунанд ва ба аҳзоби сиёсии мухолифи Иттиҳодияи Аврупоро, ки гоҳе аз тарафи Русия ҳам ҳимоят мешаванд, дастак медиҳанд, ки иттиҳодияро аз дохил заиф намоянд.

Ҷеймс Миллер, таҳлилгар

XS
SM
MD
LG