Туркия бо Тоҷикистон виза ҷорӣ мекунад

Расонаҳои Туркия аз тасмими Анкара барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ва 88 кишвари дигари дунё хабар дода ва гуфтаанд, ки ин низом тобистони соли ҷорӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Туркия тобистони соли ҷорӣ бо 89 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, виза ё раводид ҷорӣ хоҳад кард. Ин хабарро расонаҳои Туркия бо такя ба манобеи вазорати корҳои хориҷии он кишвар нашр карда ва гуфтаанд, чунин муқаррарот яке аз талабҳои Иттиҳодияи Аврупо будааст, ки Анкара барои шомил шудан ба узвияти ин иттиҳод талош дорад.

Дар сафорати Туркия дар Душанбе ҳозир нашуданд, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ҳанӯз дар ин замина ибрози назар накардааст.

Аммо нашрияи “Миллият”-и Туркия рӯзи 7 январ навиштааст, ки иқдоми ахири Анкара як навъ талош барои пешгирӣ аз сарозер шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Афғонистону Сурия ба Туркия ва аз он ҷо ба кишварҳои аврупоӣ низ ҳаст.

Эълони азми Туркия барои ҷорӣ кардани виза бо 89 кишвар ҳамчунин дар ҳолест, ки ин кишвар як масири умдаи худро ба Сурияву Ироқ расондан ва ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" расондани ҷангҷӯён аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла аз Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Мақомоти кишварҳое, чун Русия, Туркияро айбдор мекунанд, ки низоми бидуни раводидаш дар амал ба ҷангҷӯён кумак мекунад.

Туркия бо ҳадафи ҷалби сайёҳони ҳарчӣ бештар низоми раводиди худро бо аксари кишварҳои дунё бекор кардааст. Туркия ҳамин тавр, дар соли 2007-ум низоми виза бо Тоҷикистонро бекор кард ва имкон дод, ки тоҷикистониҳо бе раводид дар ҳудуди он кишвар як моҳ иқомат кунанд.

Ҳоло дар баробари ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон, ширкати “Turkish Airlines” низ ҳафтае дуборӣ аз Душанбе ва Хуҷанд ба Истанбул парвоз анҷом медиҳад. Аввалин парвози ҳавопаймоҳои “Turkish Airlines” аз Хуҷанд ба Истанбул тобистони соли гузашта ба роҳ монда шуд ва Ҳусейн Шукуров -- раҳбари ситоди ин ширкат гуфта буд, ки хатсайри нав бо дархости асосан тоҷирони суғдӣ боз шудааст.

Онҳое, ки тариқи хатсайри Душанбе ё Хуҷанд ба Истанбул парвоз мекунанд, асосан тоҷирон ҳастанд. Аммо дар баробари ин, иддае дигар ҳастанд, ки Туркияро барои рафтан ба Аврупо ва Амрико ба ҳайси кишвари транзит истифода мекунанд.

Низом, як тоҷири тоҷик, ки аз Истанбул ба Тоҷикистон либос меорад, гуфт, аз эҳтимоли ҷорӣ шудани виза миёни Тоҷикистону Туркия ҳанӯз хабар надорад, вале татбиқи ин тасмимро ба фоидаи кор намедонад. Ӯ гуфт, ки барои ба Истанбул рафтан тоҷирони тоҷик вақту пули зиёд сарф намекунанд ва ҳоло беҳтар медонанд, ки барои харид ба ҷойи ба Чин рафтан ба Туркия бираванд. “Муҳим ин аст, ки як ҳафта ё даҳ рӯз аз паси виза намедавӣ ва барои гирифтанаш ҳам пул пардохт намекунӣ. Ин як роҳи осон барои рафтани мо ба Туркия барои хариди мол буд. Баъд аз ҷорӣ шудани виза шояд равуо камтар шавад,” -- афзуд ӯ.

Бархе аз соҳибназарон низ мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд худи Туркия шояд моил ба ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ва 88 кишвари дигари дунё набошад. Чунки, ба бовари онҳо, набудани виза яке аз роҳҳои ҷалби зиёди ҷаҳонгардону тоҷирон ба он кишвар аст ва Анкара аз ин ҳисоб фоида мебинаду зарар - не.