Баҳси сарнавишти Гулен дар сӯҳбати Обама ва Эрдуғон

Фатҳулло Гулен

Туркия бо ирсоли 4 парвандаи Фатҳулло Гулен ба Амрико бори дигар хостори истирдоди ин рӯҳонии турк шуд. Мақомоти Туркия Гуленро ба раҳбарии кӯшиши табаддулоти низомии шаби 15 ба 16 июл айбдор мекунад.

Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Туркия Барак Обама ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар як гуфтугӯи телефонӣ ҷараёни таҳқиқи кӯшиши ахири табаддулоти низомӣ дар Туркия ва сарнавишти рӯҳонии турки дар Амрико паноҳбурда Фатҳулло Гуленро баҳс кардаанд. Мақомоти Туркия Гуленро раҳбар ва раҳнамои кӯшиши нокомшудаи кудатои шаби 15 ба 16 июл мешуморанд ва аз Амрико истирдоди ӯро мехоҳанд.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест дар сӯҳбат бо хабарнигорон тасдиқ кард, ки Обама ва Эрдуғон дар сӯҳбати телефониашон сарнавишти Гуленро низ бо ҳам дар миён гузоштаанд: "Мақоми ҷаноби Гулен низ дар ин сӯҳбат баҳс шуд. Ман метавонам ба шумо бигӯям, ки субҳи имрӯз, алоҳида аз ин гуфтугӯи телефонӣ маводе аз сӯи ҳукумати Туркия дар шакли электронӣ ба ҳукумати Амрико дар робита ба мақоми Гулен расид. Ва вазорати идлия ва вазорати хориҷа ин маводро меомӯзанд, ки то куҷо ба талаботи паймони истирдоди байни Ийолоти Муттаҳида ва Туркия, ки беш аз 30 сол пеш таҳия шудааст, мувофиқат мекунад."

Аммо ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, Барак Обама "чанд чиз"-ро дар ин сӯҳбаташ бо Эрдуғон рӯшан кардааст: "Аввал ин ки Ийолоти Муттаҳади аз террористҳо пуштибонӣ намекунад. Ийолоти Муттаҳида аз афроде, ки қасди барандохтани ҳукуматҳои ба таври демократӣ интихобшударо доранд, пуштибонб намекунад."

Обама ҳамзамон изҳори умедворӣ кардааст, ки таҳқиқи парвандаҳои марбут ба кудатои 15 июл тибқи муқаррароти омада дар Қонуни асосии Туркия ва ба сурати шаффофу фарогир сурат хоҳад гирифт. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ карда, ки Туркия бар ӯҳдадориҳояш аз ҷумла дар робита ба озодии баён, озодии матбуот ва озодии гирдиҳамоиҳо вафодор хоҳад монд.

Қаблан рӯзи 19 июл сарвазири Туркия гуфт, Анкара парвандаҳои Фатҳулло Гуленро барои баррасии масъалаи истирдодаш ба Амрико фиристодааст. Биналӣ Йилдирим, ки рӯзи сешанбе дар парлумони Туркия суханронӣ мекард, гуфт, “мо 4 парвандаро барои истирдоди раҳбари террористҳо ба Ийолоти Муттаҳида фиристодем. Мо ба онҳо, агар хостанд, далелҳои боз ҳам бештарро ироа хоҳем кард.” Йилдирим ҳамзамон Амрикоро ба пешбурди меъёрҳои дугуна дар набардаш алайҳи терроризм айбдор кард.

Муовини сарвазири Туркия Нӯъмон Қуртулмуш аз ифшои ҷузъиёти парвандаҳои ба Амрико фиристодашуда худдорӣ кард, вале гуфт, ин парвандаҳо ҷузъиёти фаъолиятҳои ахири гурӯҳи таҳти раҳбарии Фатҳулло Гулен, аз ҷумла шавоҳиди бадастомада дар ҷараёни таҳқиқи кӯшиши кудатои ахирро дар бар мегиранд. Ӯ гуфт, дархости расмӣ барои истирдоди Гулен ҳам ба Амрико фиристода хоҳад шуд.

Нӯъмон Қуртулмуш ҳамчунин гуфт, то имрӯз бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши табаддулоти низомии шаби 15 ба 16 июл 9000 нафар дастгир шуда, аз ин шумор 80 нафарро озод кардаанд. Ба ақидаи ӯ, идеологияе, ки ҳаракати Гулен пеш мебарад, “аз “Давлати исломӣ” тақрибан ҳеҷ фарқе надорад.”

Мақомоти рӯҳонии Туркия гуфтаанд, ки алакай 492 рӯҳонӣ, бо шумули имомҳо ва мударрисони мактабҳои мазҳабиро бо гумони иртибот бо ҳаракати Гулен барканор кардаанд.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам дар пайи шикасти кӯшиши кудато гуфта буд, бо ин “Худо ба мо шонсе дод, ки Туркияро аз сиёҳкорон озод кунем.” Эрдуғон гуфтааст, ки артиш ва дигар нирӯҳои мусаллаҳу амниятиро аз ҳузури афроди Гулен, ки, ба таъбири ӯ, дар Туркия “ҳукумат дар дохили ҳукумат” сохта буд, тоза хоҳанд кард.

Худи Гулен ҳар навъ даст доштанаш дар кӯшиши ахири табаддулоти низомӣ дар Туркияро рад мекунад. Ӯ дар бораи эҳтимоли истирдодаш ба Туркия гуфт, “дар ин бора ташвиш надорам, ки ҳукумати Амрико тақозои Эрдуғонро қабул мекунад. Котиби давлатӣ ба изҳороти ӯ нармӣ нишон надод. Вале агар манфиатҳои Эрдуғон ва ИМА ба ҳам оянд, ман маҷбур мешавам, ки ҳиҷрат кунам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эрдуғон: Аслиҳаро муқобили мардуми худ истифода набаред

Фатҳулло Гулен, рӯҳонии турк, ки ҳаракати мазҳабии “Хизмат”-ро раҳбарӣ мекунад, аз соли 1999 дар табъиди ихтиёрӣ дар аёлати Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад. Гулен соли 1999, баъди онки мақомоти вақти Туркия ба кӯшиши ба ҳам задани низоми дунявии давлат дар ин кишвар айбдораш карданд, ба Амрико рафт ва 17 сол боз дар шаҳри Сайлосбурги аёлати Пенсилвания зиндагӣ мекунад. Иттиҳомоти зидди Гулен баъдан дар ғайбаш лағв шуд, вале ӯ дар Амрико монд ва аз ҳамонҷо ба ҳаракати мазҳабиву маорифии таъсисдодааш бо номи “Хизмат”, ки бо исми “ҳаракати Гулен” ҳам маъруф аст, раҳбарӣ мекунад. Ин ҳаракат дар 150 кишвари дунё ҳудуди 1000 маркази илмӣ ва мактабҳоеро, ки бо номи “литсейҳои туркӣ” маъруфанд, сармоягузорӣ мекунад.

Фатҳулло Гулен дар гузашта аз муттаҳидони Раҷаб Таййиб Эрдуғон буд ва барои ба қудрат расидани ҳизби исломгарои адолат ва тараққиёти Эрдуғон дар ибтидои солҳои 2000-ум мусоидат кардааст. Аммо ин ду ёри собиқ хеле зуд дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар масоили тақсими қудрат ва шеваи худкомаи раҳбарии Эрдуғон.

Эрдуғон қаблан рӯ задани моҷарои бузурги фасод дар соли 2013-ро, ки пойи чандин тан аз аъзои баландпояи ҳукуматаш ба он кашида шуд, низ ба дӯши Гулен гузошта, хостори ҳимояти Туркия аз “нирӯҳои сиёҳкор”-е шуд, ки, ба ақидаи вай, фикри ба ҳам задани ин кишварро ба сар доранд.

Туркия соли гузашта умури мактабҳои Гуленро ба дасти сандуқҳои боварӣ супурд ва моҳи майи соли равон ҳаракати “Хизмат”-и ӯро созмони террористӣ эълон кард.

Ҳаракати “Хизмат”, ки машғули ироаи хадамоти иҷтимоӣ бо оҳангҳои мазҳабист, ба иддаои масъулонаш, як шакли мӯътадили Исломро таблиғ мекунад. Вале чандин кишвар ин ҳаракатро ба далели нуфузи зиёдаш бар доираҳои тиҷориву давлатӣ ҳамчун таҳдид мешиносанд. Марказҳои илмӣ ва мактабҳо аз сӯи тоҷирони наздик ба ҳаракати Гулен сармоягузорӣ мешаванд ва барои таҳсил умдатан фарзандон аз хонаводаҳои фақирро мегиранд. Мухолифони ҳаракат мегӯянд, онҳое, ки аз ин “дастурхон” нон мехӯранд, хеле ба осонӣ ба пайрави “Хизмат” табдил меёбанд. “Хизмат” сохтори расмии байналмилалӣ ва узвияти расмӣ надорад, вале ба гумони мухолифонаш, пайравони он метавонанд шабакаҳои махфие барои кумак ба якдигар, ё тавре ки мақомоти Туркия иддао доранд, ҳатто “давлат дар дохили давлат” дуруст кунанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидои солҳои 90 таъсиси литсейҳои туркӣ аз сӯи ниҳодҳои марбут ба ҳаракати Гуленро бо хушнудӣ истиқбол карданд, вале дар пайи рӯ задани гумонҳо дар мавриди эҳтимоли таблиғи фаъолиятҳои исломгароёна ҳукуматҳои худкомаи ин минтақа ба кӯтоҳ кардани дасти ҳаракати Гулен дар низоми маорифи худ иқдом карданд.

Узбакистон дар соли 2009 аз боздошти як даста аз парвардаҳои мактабҳои шабакаи “Нурчилик”-и низ марбут ба Гулен хабар дод ва гуфт, ки бо вуҷуди манъи фаъолияти шабакаи “Нурчилик”, ҳузури он дар Узбакистон ҳифз шуда ва аз ҳисоби таҳсилкардаҳои литсейҳои туркӣ дар ин кишвар як гурӯҳи бузурге ташкил ёфтааст, ки бо ҳар роҳу васила ва бо ёриву кӯмаки ҳамдигар талош мекунанд, ҳузури худро дар майдони тиҷорат густариш дода, ба идороти давлатӣ низ бештар роҳ биёбанд.

Литсейи туркии Душанбе

Дар Тоҷикистон низ то соли гузашта 6 литсейи туркӣ амал мекард, ки аз сӯи шабакаҳои марбут ба Фатҳулло Гулен таъмини молӣ мешуданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар тобистони соли 2015 литсейҳои туркиро ба "литсей барои хонандагони болаёқат" табдил дод ва умури идориашро ба дасти худ гирифт. Мақомоти Душанбе инро ба тамом шудани замони шартнома бо ширкати «Шалола» - гардонандаи литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон рабт доданд, вале матбуоти Туркия гуфт, ки Душанбе зоҳиран дар посух ба дархости ҳукумати Эрдуғон ба бастани литсейҳои марбут ба ҳаракати Гулен иқдом кардааст.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар пасманзари рӯйдодҳои ахири Туркия шубҳаву гумонҳо дар бораи афроду ширкатҳои марбут ба ҳаракати Гуленро бештар хоҳад кард. Ва нафақат дар як худи Туркия.