Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатҳулло Гулен кист? (ВИДЕО)


Фатҳулло Гулен, нафаре, ки мақомоти Туркия кӯшиши нокоми табаддулоти низомии ахир дар ин кишварро ба номи ӯ мебанданд, дар асл кист? Ва Гулену танзимҳои вай дар Тоҷикистон чӣ фаъолиятҳое доштанд?

Мақомоти Туркия – сар карда аз раисиҷумҳураш Раҷаб Таййиб Эрдуғон, сарвазир Биналӣ Йилдирим ва мансабдорони дигари турк – исрор меварзанд, ки дар пушти кӯшиши нокомшудаи табаддулоти низомии шаби 15 ба 16 июл рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен ва сохтори ба истилоҳ “давлат дар дохили давлат”-и ӯ бо номи “Хизмат” истодааст. Худи Гулен инро рад мекунад.

Дар пайи ноком шудани кӯшиши табаддулот мақомоти Туркия беш аз 6 000 нафарро дар сохторҳои низомии ин кишвар, аз ҷумла як идда фармондеҳони баландпояро боздошт карданд. Туркия ҳамчунин бори дигар бо Амрико масъалаи истирдоди Фатҳулло Гуленро, ки 17 сол боз дар аёлати Пенсилвания дар табъиди ихтиёрӣ ба сар мебарад, матраҳ кардааст.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳаракати “Хизмат”-и Гуленро “гурӯҳи террористӣ”-е номид, ки дер боз фикри барандохтани ҳукумати Туркияро дар сар дошт. Эрдуғон аз мақомоти Амрико хост, ки ӯро ба Туркия бисупоранд.

Сарвазир Йилдирим бидуни бурдани номи кадом кишваре гуфт, ҳар касе ки боз ҳам ба Фатҳулло Гулен паноҳ медиҳад, дӯсти Туркия нест. Ӯ ҳамин тавр бо интиқоди ғайримустақим аз Вошингтон гуфт, ки дарк накардани нигарониҳои қаблии Анкара “боис шуд, ки мо баҳои баланде пардохт кунем.”

Рӯзи кӯшиши кудато дар Туркия
Рӯзи кӯшиши кудато дар Туркия

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри гуфтааст, ки маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама дархости истирдоди Гуленро баррасӣ мекунад, вале ҷониби Туркия бояд далоили шайъии даст доштани ӯ дар кӯшиши кудатои ахирро ба Вошингтон ироа кунад.

Худи Фатҳулло Гулен ҳар навъ даст доштанаш дар кӯшиши кудато дар Туркияро қатъиян рад кардааст. Вале ӯ афзуда, ки “ҳукуматҳо бояд аз тариқи интихоботҳои озоду одилона пирӯз шаванд, на бо зӯрӣ.” Баъди бо ҷониби Амрико матраҳ шудани масъалаи истирдодаш, Гулен гуфт, агар ӯро биспуоранд, муқовимат нахоҳад кард: Дар ин бора ташвиш надорам, ки ҳукумати Амрико тақозои Эрдуғонро қабул мекунад. Котиби давлатӣ ба изҳороти ӯ нармӣ нишон надод. Вале агар манфиатҳои Эрдуғон ва ИМА ба ҳам оянд, ман маҷбур мешавам, ки ҳиҷрат кунам. Ман аз касе илтимос нахоҳам кард. Дар ин ҷо озод будам, аз ин озодӣ хушҳол будам ва аз ин кишвар миннатдорам.”

Аммо Фатҳулло Гулен, ки баъди кудатои нокоми Туркия ангуштҳои иттиҳом ба сӯяш баланд шудаанд, кист?

Исми Фатҳулло Гулен, ки ҳоло 75 сол дорад, дар поёни солҳои 1960, вақте намозҳои ҷумъаро дар масҷиди бузургтарини шаҳри Измир раҳбарӣ мекард, дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Ӯ соли 1999, баъди онки мақомоти вақти Туркия ба кӯшиши ба ҳам задани низоми дунявии давлат дар ин кишвар айбдораш карданд, ба Амрико рафт ва 17 сол боз дар шаҳри Сайлосбурги аёлати Пенсилвания зиндагӣ мекунад. Иттиҳомоти зидди Гулен баъдан дар ғайбаш лағв шуд, вале ӯ дар Амрико монд ва аз ҳамонҷо ба ҳаракати мазҳабиву маорифии таъсисдодааш бо номи “Хизмат”, ки бо исми “ҳаракати Гулен” ҳам маъруф аст, раҳбарӣ мекунад. Ин ҳаракат дар 150 кишвари дунё ҳудуди 1000 маркази илмӣ ва мактабҳоеро, ки бо номи “литсейҳои туркӣ” маъруфанд, сармоягузорӣ мекунад.

Фатҳулло Гулен дар гузашта аз муттаҳидони Раҷаб Таййиб Эрдуғон буд ва барои ба қудрат расидани ҳизби исломгарои адолат ва тараққиёти Эрдуғон дар ибтидои солҳои 2000-ум мусоидат кардааст. Аммо ин ду ёри собиқ хеле зуд дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар масоили тақсими қудрат ва шеваи худкомаи раҳбарии Эрдуғон.

Кудатои шаби 15 ба 16 июл нахустин мавриде нест, ки ҳукумати Эрдуғон ин ёри собиқашро ба талоши барандохтани ҳукумат айбдор мекунад. Дар соли 2013, вақте матбуот як моҷарои бузурги фасод дар мақомоти давлатии Туркияро, ки дар меҳвараш аз ҳисоби харидуфурӯши тило бо Эрони таҳти таҳримҳои байналмилалӣ соҳиби сарватҳои бузург шудани аъзои баландпояи ҳукумати Эрдуғон қарор дошт, доман зад, Эрдуғон ин моҷароро кори дасти Гулен донист. Ҳукумати ӯ чандин додситону мақомоти баландпояи дахил дар ин моҷарои фасодро барканор кард ва Эрдуғон хостори ҳимояти Туркия аз “нирӯҳои сиёҳкор”-е шуд, ки ба ақидаи вай, фикри ба ҳам задани ин кишварро ба сар доранд.

Ҳукумати Туркия соли гузашта назорати мактабҳои ҳаракати Гуленро аз он гирифт ва ба сандуқҳои боварӣ супурд. Дар моҳи майи соли равон Туркия ҳаракати “Хизмат”-ро “созмони террористӣ” эълон кард.

Эрдуғон: Аслиҳаро муқобили мардуми худ истифода набаред
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Ҳаракати “Хизмат”, ки машғули ироаи хадамоти иҷтимоӣ бо оҳангҳои мазҳабист, ба иддаои масъулонаш, як шакли мӯътадили Исломро таблиғ мекунад. Вале чандин кишвар ин ҳаракатро ба далели нуфузи зиёдаш бар доираҳои тиҷориву давлатӣ ҳамчун таҳдид мешиносанд. Марказҳои илмӣ ва мактабҳо аз сӯи тоҷирони наздик ба ҳаракати Гулен сармоягузорӣ мешаванд ва барои таҳсил умдатан фарзандон аз хонаводаҳои фақирро мегиранд. Мухолифони ҳаракат мегӯянд, онҳое, ки аз ин “дастурхон” нон мехӯранд, хеле ба осонӣ ба пайрави “Хизмат” табдил меёбанд. “Хизмат” сохтори расмии байналмилалӣ ва узвияти расмӣ надорад, вале ба гумони мухолифонаш, пайравони он метавонанд шабакаҳои махфие барои кумак ба якдигар, ё тавре ки мақомоти Туркия иддао доранд, ҳатто “давлат дар дохили давлат” дуруст кунанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидои солҳои 90 таъсиси литсейҳои туркӣ аз сӯи ниҳодҳои марбут ба ҳаракати Гуленро бо хушнудӣ истиқбол карданд, вале дар пайи рӯ задани гумонҳо дар мавриди эҳтимоли таблиғи фаъолиятҳои исломгароёна ҳукуматҳои худкомаи ин минтақа ба кӯтоҳ кардани дасти ҳаракати Гулен дар низоми маорифи худ иқдом карданд.

Литсейи "туркӣ"-и Душанбе
Литсейи "туркӣ"-и Душанбе

Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома миёни ширкати “Шалола” ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 мӯҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шуд. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дошт. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд, вале баъд нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллар барои як соли хониш боло бурда шуд.

Дар тобистони соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ, марбут ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гуленро, ки аз муассисаҳои таълимии бонуфуз ба ҳисоб мерафтанд, расман ба "Литсей барои хонандагони болаёқат" табдил дод. Мақомоти Душанбе инро ба тамоми шудани замони шартнома бо «Шалола» рабт доданд, вале матбуоти Туркия гуфт, ки Душанбе зоҳиран дар посух ба дархости ҳукумати Эрдуғон ба бастани литсейҳои марбут ба ҳаракати Гулен иқдом кардааст.

Саид Муҳиддини Дӯстмуҳаммадиён, раҳбари маркази «Индем» - муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва хабаргузории Тоҷнюс, ки дар бораи фаъолиятҳои машкуки ҳаракати Гулен дар Тоҷикистон як силсила мақолаҳои интиқодӣ навиштааст, рӯзи 18 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умқи шомилшавии ҳаракати Гулен ба риштаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистон низ ба амнияти миллии ин кишвар таҳдидҳои ҷиддие эҷод мекунад.

Саид Муҳиддини Дӯстмуҳаммадиён
Саид Муҳиддини Дӯстмуҳаммадиён

Оқои Дӯстмуҳаммадиён афзуд: «Ин мисли як шабакаи боз аст. Онҳо касеро маҷбур намекунанд, ки ту дар литсейи туркӣ хондӣ, узви мо шав. Вале вақте дар литсейи туркӣ хондед, бо онҳо хоҳед шуд, чунки бо таҳсил дар ин литсей шумо силсилаи имтиёзҳои онҳоро ба даст меоред. Инҳо бо 5 гурӯҳи таъсиррасон ва афкорсоз дар Тоҷикистон кор мекарданд – зиёиён, варзишгарон, журналистон, соҳибкорони миёна ва рӯҳониён. Журналистҳояшро мебаранд сафарҳо, дастгирӣ мекунанд, мақола мефармоянд. Ё ширкатҳои хурди қарздиҳие месозанд, ки ҳадафи дугуна доранд. Тавассути чунин корпоратсияҳо одамони даркориашонро маблағгузорӣ мекунанд. Ва шумо ҷузъи ҳамон корпоратсия мешавед ва ба онҳо андози алоҳида месупоред.»

Дар Узбакистон низ то чанд соли пеш 67 мактаби “Нурчилик”- и марбут марбут ба ҳаракати Фатҳулло Гулен амал мекард ва ҳар сол то 2500 нафар ин мактабҳои туркиро хатм мекарданд. Аммо дар соли 2009 мақомоти Узбакистон 5 хабарнигори нашрияи “Йеттӣ иқлим”, ё худ “Ҳафт иқлим” ва 2 хабарнигори нашрияи “Ирмоқ”-ро ба ташкили созмони тундрави мазҳабӣ, табъу нашри адабиёти ғайриқонунӣ ва ҳамин тавр, ба таблиғи пантуркизм муттаҳам карданд. Телевизиони давлатии Узбакистон дар бораи онҳо филми мустанадеро бо номи “Нуре, ки ба сӯи зулмот мебарад” низ ба намоиш гузошт, ки фаъолияти шабакаи литсейҳои туркӣ, мавсум ба “Нурчилик”-ро ба боди шадиди интиқод мекашид.

Мақомоти Тошканд гуфтанд, бо вуҷуди манъи фаъолияти шабакаи “Нурчилик”, ҳузури он дар Узбакистон ҳифз шуда ва аз ҳисоби таҳсилкардаҳои литсейҳои туркӣ дар ин кишвар як гурӯҳи бузурге ташкил ёфтааст, ки бо ҳар роҳу васила ва бо ёриву кӯмаки ҳамдигар талош мекунанд, ҳузури худро дар майдони тиҷорат густариш дода, ба идороти давлатӣ низ бештар роҳ биёбанд.

(Матлаб дар ҳамкорӣ бо шореҳи Озодӣ Чарлз Рекнегел таҳия шудааст)

XS
SM
MD
LG