Дубай, Туркия ва давлатҳои узви минтақаи Шенген – се хатсайри асосии саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бо фаро расидани мавсими истироҳати тобистона, онҳое, ки имкони тафреҳ доранд, бо сабаби дастрасии нархҳо маҳз ҳамин маконҳоро барои истироҳат интихоб мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Билети ҳавопаймо дар мо хеле гарон аст, аммо дар Русия ва Қазоқистон арзон аст. Инчунин, мо ба минтақаҳои сайёҳии ҷаҳон, аз ҷумла ба шаҳри Анталия рейси мустақим надорем. Кишварҳои дигар дар мавсими ҷаҳонгардӣ ба минтақаҳои сайёҳӣ хатсайри мустақим ташкил мекунанд ва аз ин ҳисоб нарх барои онҳо арзонтар мешавад.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки сайру сафарҳои тоҷикистониён дар муқоиса бо даврони пеш аз бӯҳрони ду-се соли охир 70 дар сад коҳиш ёфтааст. Аз сӯи дигар, ба андешаи коршиносон, саёҳати ҳарсолаи тобистона ҳанӯз ба “менталитет”-и мардуми Тоҷикистон ҷой нашуда, аксарият мӯҳлати истироҳату фурсати берун аз корро бо корҳои хона сарф мекунанд.
Саёҳат дар хориҷ ё таъмири хона?
Гулнира Ҷомиева шояд дар муқоиса бо дӯстону наздиконаш дар Тоҷикистон як одами хушбахту хуштолеъ аст. Ӯ имкон дорад, ки тобистони ҳар сол барои саёҳат ба Туркия ваё давлатҳои Аврупо равад. Ҷомиева мегӯяд, саёҳат дар беруни кишвар барояш мисли одат шудааст ва кӯшиш мекунад, ҳамасола рухсатиашро дар яке аз кишварҳои хориҷ гузаронад. Имсол низ Гулмира талош дорад, дар фасли тобистон рухсатӣ гирифта, барои саёҳат нахуст ба Туркия ва баъдан ба Аврупо равад.
“Ростӣ, аз хадамоти ширкатҳои сайёҳӣ истифода намекунам, балки пеш аз сафар тариқи Интернет меҳмонхона ва маконҳои истироҳатиро худам пайдо менамоям. Чун агар тариқи ширкати сайёҳӣ сафар кунам, хароҷот гаронтар мешавад. Дар ин сурат, барои пайдо кардани ҷойи хоб ба ширкатҳои сайёҳӣ маблағ намесупорӣ”, - афзуд ӯ.
Гулнира 31 сол дошта, дар яке аз ширкатҳои мобилӣ дар Душанбе кор мекунад. Вай ҳар сол барои хароҷоти сайру сафар аз пеш омода мешавад. Аммо на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мисли Гулнира Ҷомиева имкон доранд, ки рухсатиашонро дар хориҷ гузаронанд. Аксар шаҳрвандон рухсатиро ба корҳои боғу хона ва маросими хонаводагӣ мебахшанд.
Саттор Қодирови 39-сола муҳандис аст. Вай мегӯяд, зиндагиаш бо як маош мегузарад ва саёҳату ҷаҳонгардӣ ҳарчанд хеле писанд аст, вале феълан имконияташ барои ин кӯтоҳӣ мекунад. Саттор мегӯяд, кори муҳимтар аз тамошо дорад, ки ин ҳам таъмири зудтари хона ва берун шудан аз манзили падар мебошад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, агар дар ин шароит ба саёҳату истироҳат равад, ҳеҷ кас аз наздикон ӯро намебахшанд.
“Теъдоди сайёҳони тоҷик 70 дар сад коҳиш ёфт”
Бозори саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ, ба қавли дастандаркорони ин тиҷорат, бештар дар давоми даҳ соли пеш аз бӯҳрон як андоза ҷон гирифт. Нуқтаи авҷи сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа бо нияти истироҳату тафреҳ то соли 2015 ва то буҳрони молиявӣ буд.
Камбуди ҷиддӣ аст, ки дар як сол ақаллан як дафъа истироҳат накунем. Вақте энергия нагирем, чӣ хел ба фаъолияти босамари худ идома хоҳем дод?
Шавкат Малаев, як масъули ширкати “Тоҷикинтурсервис” мегӯяд, ба ҳисоби онҳо дар ду соли ахир теъдоди сайёҳони тоҷик то 70 дар сад коҳиш ёфтааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, “бо вуҷуди онки мо чанд дафъа сабукӣ эълон кардем, аммо шаҳрвандон хеле кам муроҷиат мекунанд. Бозори саёҳати тоҷикон дар хориҷа бисёр сард шудааст. Мо ду сол пеш дар як моҳ то 3-4 гуруҳи сайёҳонро ба хориҷ мефиристодем, вале соли гузашта хеле кам равон кардем.”
Малаев сабабҳои кам рафтани тоҷикон ба хориҷ барои саёҳатро “буҳрони молиявӣ ва гарон будани харҷи сафар” медонад. Ин масъули ширкати туристӣ тасдиқ мекунад, ки нархи саёҳат барои шаҳрвандони Тоҷикистон бамаротиб гаронтар аз Қазоқистону Русия аст. “Билети ҳавопаймо дар мо хеле гарон аст, аммо дар Русия ва Қазоқистон арзонтар аст. Инчунин, мо ба минтақаҳои сайёҳии ҷаҳон, аз ҷумла ба шаҳри Анталия рейси мустақим надорем. Кишварҳои дигар дар мавсими ҷаҳонгардӣ ба минтақаҳои сайёҳӣ хатсайри мустақим ташкил мекунанд ва аз ин ҳисоб нарх барои онҳо арзонтар мешавад. Ҳол онки нархи меҳмонхонаҳо барои сайёҳони Қазоқистону Тоҷикистон дар Анталия як хел аст ва мо асосан аз ҳисоби нархи билет маҷбурем, нархҳоро боло барем.”
Шавкат Малаев мегӯяд, аз сабаби набудани талабгорони сафар ба хориҷа ширкати онҳо самти фаъолияташро каме тағйир дода, акнун ба фурӯши билет ва тайёр кардани раводид машғул аст. Зеро, ба қавли ӯ, “танҳо бо туризм машғул шудан даромади хуб намеорад”.
“Дар менталитети тоҷикон то ҳол саёҳат ҷой нашудааст”
Дар чанд соли ахир хатти сайри сайёҳон аз Тоҷикистон ба хориҷ низ зиёд тағйир наёфтааст. Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, нархи сафар ба Дубай ва Туркия дар муқоиса бо сафар ба, масалан, ҷазираҳои Малдив бамаротиб арзонтар аст. Масалан, барои як ҳафтаи истироҳат дар Дубай ширкатҳои сайёҳӣ аз як нафар аз 350-400 доллар ва барои истироҳат дар Туркия 800-850 доллар талаб мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, камбуди молиявӣ аз сабабҳои асосие нест, ки ба шаҳрвандон имконият намедиҳад то дар хориҷ истироҳат кунанд. Ба қавли таҳлилгарон, дар менталитет ё шуури аксари мардуми тоҷик то ҳол саёҳати ҳарсола дар соҳили баҳр ё маконҳои маъруфи ҷаҳонгардӣ ҷой нашудааст.
Дар Тоҷикистон тибқи омори ахир, 122 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад.
Саодат Ризозода, коршиноси соҳаи туризм, мегӯяд, “то ҳол мардуми мо инро қабул накардааст, ки истироҳати ҳарсола барои ҷамъ кардани нерӯи аздастрафта муҳим аст.” Ба қавли Ризозода, “бисёр як камбуди ҷиддӣ аст, агар мо дар як сол ақаллан як дафъа истироҳат накунем. Вақте мо энергия нагирем, чӣ хел ба фаъолияти босамари худ идома медиҳем? Аксар шаҳрвандон барои саёҳат маблағ ва вақт ҷудо намекунанд.”
Ин коршинос мегӯяд, саёҳат барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ сафарҳои хизматӣ аст, ки онро ҳамчун истироҳат ҳисоб мекунанд.
Дар Тоҷикистон тибқи омори ахир, 122 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад.