Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Калонов: Парчами Тоҷикистонро аз Маями то Лос-Анҷелес мебарем.ВИДЕО


Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик ният доранд, ки бо мототсикл дар роҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даҳ ҳазор километрро тай намоянд. Саёҳати онҳо аз Маями шуруъ шуда, дар Лос-Анҷелес ба анҷом мерасад. Раҳбари даста Фарҳод Калонов, раиси бошгоҳи мототсиклронҳои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, саёҳати тулонии гурӯҳе аз ҷавонони дучархасавори тоҷик барои севумин бор аст, ки таҳти шиори “Мо тоҷикем” мегузарад.

Фарҳод Калонов: “Ин севумин саёҳати мо ба шумор меравад, ин дафъа пойгаи ватандӯстӣ бо мототсикл бо парчами Тоҷикистон дар ҳудуди ИМА сурат мегирад. Мо аз 20 иёлат ва наздики 80 шаҳр мегузарем. Дар муддати як моҳ роҳҳое, ки мо тай мекунем, 6 ҳазор мил ё 10 ҳазор километрро дарбар мегирад. Мутаассифона, мо бо мототсиклҳои худ ба ИМА рафта наметавонем, зеро моро уқёнус ҷудо мекунад. Мо мототсиклҳоро дар Маями ба иҷора мегирем. Дар ин бора пешакӣ маслиҳат кардаем. Пойгаи мо аз Уқёнуси Атлантик то Уқёнуси Ором сурат мегирад.

Ба қавли оқои Калонов, ҳадаф аз ин саёҳат, аслан, ошно сохтани Тоҷикистон ба амрикоиҳо тавассути парчами миллист. Инчунин амрикоиҳоро барои саёҳат ба Тоҷикистон даъват мекунанд.

Фарҳод Калонов: Ба гурӯҳи мо ҳамагӣ шаш нафар шомиланд, ки ду нафарашон бонувонанд. Яке завҷаи ман Сано, дигаре Зебо ҳамсари Давлат Хушвахтов, мебошанд. Ба онҳое, ки моро барои ин саёҳат кӯмак карданд, ба Медиа-Ҳолдинги “Азия-Плюс”, ба Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”, ки ҳамкори расмии мо оид ба мухобирот аст, ба Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии кишвар ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон изҳори сипос мекунем.

Оқои Калонов мегӯяд, ки аввалин саёҳати мототсиклронҳои тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ се сол муқаддам баргузор шуда буд. Онҳо бо парчами Тоҷикистон аз ҳудуди кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия гузашта, дар муддати 57 рӯз масофаи 13500 километрро тай намуданд. Пойгаи дувумашон ба кишварҳои Аврупо буд. Байкерҳои тоҷик саёҳатро аз Олмон оғоз намуда, баъдан роҳҳои Австрия, Маҷористон, Словения, Словакия, Хорватия, Испания, Фаронса, Монако, Белгия, Ҳолландро тай карда, боз ба Берлин расиданд. Дарозии ин пойгаи 25-рӯза 7500 километрро ташкил дод.

Фарҳод Калонов: Парчами Тоҷикистонро аз Маями то Лос-Анҷелес мебарем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Оқои Калонов аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки байкерҳои тоҷикро дар ҳама ҷо хуш истиқбол мекарданд.

Фарҳод Калонов: Мо ба ҳар куҷое, ки сафар мекардем, бо тоҷикон ва ҷамъияте, ки онҳоро муттаҳид месохт, мулоқот менамудем ва ба онҳо парчамҳои Тоҷикистонро тақдим мекардем. Мо кӯшиш мекунем, ба он забонҳое, ки бештар маъмуланд, суҳбат кунем. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо русӣ, дар Аврупо бо англисӣ гап мезадем. Ҳоло ки ба Амрико меравем, бо забони англисӣ, ки ҳамаи аъзои дастаи мо баладанд, гуфтугӯ хоҳем кард. Дар Амрико тоҷикон низ ба сар мебаранд, мо бо дӯстонамон дар тамос шудем ва онҳо моро бесаброна интизоранд.

Бошгоҳи мотосиклронҳо намудҳои зиёди дучархараро барои пойга харидорӣ кардааст.

Фарҳод Калонов: Ин мототсиклҳое, ки шумо инҷо мебинед, аслан барои роҳҳои кӯҳӣ мутобиқанд. Мо бо ин мототсиклҳо тамоми сарзамини кишварамонро тай намудаем. Ба Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Мурғоби Помир сафар кардаем. Вале ин мототсиклҳо барои роҳҳои дур мувофиқ нестанд. Бинобар ин мо мототсикли тамғаи амрикоии “Харлей Девисон”-ро интихоб кардем. Ин дучарха барои бор низ ҷойи бисёр дорад. Барои нишастан низ мувофиқ аст дар роҳи дур.

Оқои Калонов иброз дошт, ки Бошгоҳи мототсилронҳо дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст.

Фарҳод Калонов: Мо дар бисёр чорабиниҳои шаҳрӣ ширкат мекунем. 6 май дар Душанбе кушоиши мавсими нави мотосиклронӣ баргузор мешавад, ки дар он 80 мототсиклрон иштирок мекунанд ва ин чорабинӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин мо дар мотокроссе, ки ҳамасола Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон ташкил менамояд, фаълона ширкат меварзем.

Форис Нурмуҳаммадов, ки байкери пуртаҷрибаи бошгоҳ маҳсуб мешавад, дар бораи мушкилиҳои сафар ибрози назар кард.

Форис Нурмуҳаммадов: Дар ҳар як кишвар мо бо мушкилиҳо рӯбарӯ мешудем, зеро ҳар як кишвар минталитети худро дорад. Дар сафарҳои гузашта дар баъзе кишварҳо танзими ҳуҷҷатҳо мушкил мешуд. Баръакс, дар баъзе кишварҳо танзими ҳуҷҷатҳо зарурат надошт. Дар Словения роҳ пулакӣ будааст ва мо инро намедонистем. Мо бояд ҷарима месупурдем, вале моро бахшиданд. Бинобар ин, пеш аз сафар мо кишварҳоеро, ки ба он ҷойҳо сафар мекунем, хуб меомӯзем.

Давлат Хушвахтов, байкери тоҷик, барои аввалин бор ба сафар мебарояд.

Давлат Хушвахтов: Ман ду сол сафари мототсиклронҳои тоҷикро ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо наззора кардам. Аз дидани наворҳои мулоқоти самимии ҳамватанонамон бо байкерҳои тоҷик хеле лаззат бурдам ва дар ман ҳам ҳисси иштирок дар чунин пойга пайдо шуд. Мо дар Амрико бо рӯзгори ҳамватанони ҳуд ошно мешавем. Мо дар Болдер - бародаршаҳри Душанбе чойхонаи тоҷикиро, ки солҳои пеш сохта шудааст, дидан хоҳем кард. Ба амрикоиҳо дар бораи Тоҷикистон маълумот медиҳем, зеро ки онҳо кишвари моро хеле кам медонанд.

Байкерҳои тоҷик 8 май тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истамбул – Маями ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG