Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Fox News гуфтааст, ки ба гузориши ниҳодҳои иттилооти Амрико дар мавриди мудохилаи Русия дар интихоботи президентии моҳи ноябр бовар намекунад. Доналд Трамп дар гуфтугӯе дар барномаи "Якшанбе"-и ин шабакаи хабарӣ гуфтааст, ки "ба назари ман ин масхара ва танҳо баҳонаи дигаре аст. Ман чунин чизеро бовар намекунам."
Рӯзномаи "Вашингтон пост" рӯзи ҷумъаи 9 декабр дар гузорише навишт, ки Созмони иттилооти марказии Амрико дар як "баррасии маҳрамона" ба ин натиҷа расидааст, ки "афроди вобаста ба Кремл" емейлҳои ҳаккшудаи Кумитаи демократҳои Амрико ва раҳбари ситоди интихоботии Клинтонро дар ихтиёри вебсайти Викиликс қарор додаанд.
Доналд Трамп мегӯяд, ки фикр мекунад демократҳо чунин чизеро мунташир кардаанд."
Чунин гузорише ҳамон рӯз дар рӯзномаи Ню-Йорк таймз низ ба нашр расид ва мақомҳои расмӣ гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин амал, осеб задан ба имкониятҳои пирӯзии Ҳиллари Клинтон дар интихобот будааст. Ҳамин гузориш ёдовар мешавад, ки Созмонҳои истихборотии Амрико бовар доранд, ки русҳо емейлҳои Кумитаи миллии ҷумҳурихоҳонро ҳам ҳакк карданд, аммо маълумоти ба дастомадаро нашр накардаанд.
Хабаргузории Райтерз рӯзи якшанбе дар гузориши худ изҳори назари як мақоми баландпояи амниятиро бозтоб дод, ки гуфтааст, ки "Хадамоти амниятии Русия на танҳо дастури ҳакки емейлҳои ниҳодҳои Ҳизби демократро содир кардааст, балки ин кор ба ҳадафи хадшадор кардани Ҳиллари Клинтон, номзади ҳизби демократ сурат гирифтааст.
Бо ин ҳол, Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо Fox News дар ин маврид, ки оё Созмони иттилооти марказии Амрико пушти пардаи гузоришҳое аст, ки иддао мекунад Русия хоҳони пирӯзии ӯ дар интихобот будааст, гуфтааст, ки "фикр мекунам демократҳо чунин чизеро мунташир кардаанд."
Рӯзи якшанбе ҳамчунин хабаргузории Ройтерз аз баёнияи муштараки ду сенатори ҷумҳурихоҳ ва ду узви демократи сенати Амрико хабар дод, ки дар он аз мудохилаи Русия дар интихоботи Амрико изҳори нигаронӣ шудааст. Мақомҳои Амрико ва низ ситоди интихоботии Ҳиллари Клинтон қаблан ҳам Русияро ба ҳакки емейлҳои демократҳо ва берун баровардани маълумот ба Викиликс муттаҳам карда буд, аммо Русия чунин иттиҳомотро рад кардааст.
Доналд Трамп дар интихоботи президентии 8 ноябр бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз нахустин сарони кишварҳои ҷаҳон буд, ки ӯро табрик гуфт.
Путин, ки дар як соли гузашта чанд бор дахолаташ дар интихоботи Амрикоро рад карда буд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, Доналд Трампро марди "ҷолиб" гуфта буд. Доналд Трамп ҳам дар раванди маъракаҳои интихоботиаш аз Путин ситоиш намуда ва ваъда дода буд, аз ҷумла барои мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард.
Амрико ва Русия солҳои гузашта робитаҳои пурфарозу нишебе доштаанд, ки ҷанг дар Сурия яке аз онҳо мебошад. Ҳамчунин бӯҳрони Украина дар равобити ду кишвар танишҳоеро ба миён овард ва Вошингтон ва дигар кишварҳои аврупоӣ алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд.