Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 1 август дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки Эрон ваъда карда буд, ки барои иҷрои корҳои асосноккунии иқтисодию техникии лоиҳаи роҳи оҳани масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон 1 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт ҷудо кунад. Аммо дар муддати 6 соли баъди имзои ин созишнома танҳо панҷяки ин маблағро ихтисос додаасту халос.
Дар пайи ваъдаи Эрон барои анҷоми корҳои асосноккунии иқтисодию техникӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Метро”-и Эрон ҳам санаде ба имзо расида, соли 2010 аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб гардид. Дар гузашта Тоҷикистон аз он шикоят дошт, ки ҷониби Эрон таҳияи ин нақшаро ба дарозо мекашад ва баҳона мекунад, ки ба нақшаҳои вижаи геодезӣ, ки сиррӣ дониста мешавад, дастрасӣ надорад.
Ба гуфтаи Олим Ятимов, сардори шӯъбаи сармояи хориҷии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, давлати Эрон дар гузашта аз ҳисоби куллии 1 миллион доллар панҷякаш, яъне 200 ҳазор долларро ҷудо кардааст. Вале баъдан дигар тааҳҳудоти худро на иҷро карда ва на шарҳ додааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ширкати иҷрокунандаи тарҳ - “Метро” бинобар ба ҳисобаш нарасидани пул корҳои асосноккуниро қатъ карда ва ин санади техникӣ то ҳол такмил нашудааст.
Ҳамзамон, мақомоти Вазорати нақлиёт таъкид мекунанд, ки масъалаи тахсиси кӯмаки билоивази молӣ дар ҳаҷми 1 миллион доллар ба замони Маҳмуди Аҳмадинажод (солҳои 2005-2013), раиси ҷумҳурии қаблии Эрон иртибот мегирад ва ба сардии равобити миёни ин ду кишвар дар вақтҳои ахир "ҳеҷ алоқае надорад".
Дарозии роҳи оҳани масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ҳудуди 2 ҳазор километр буда, қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан 580 километрро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти мутахассисон, барои сохтмони ҳар як километри он аз 8 то 10 миллион доллар зарур аст. Ба ин роҳ 16 километр туннел ва 47 адад пул низ дохил мешавад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ барои бунёди қисмати тоҷикистонии ин роҳ 3,2 миллиард доллар лозим аст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар назар аст, дар нишасти вазирони нақлиёти 5 кишвари Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар шаҳри Теҳрон дар тирамоҳи соли ҷорӣ лоиҳаи созишномаи иҷрои ин тарҳ таҳия шуда ва барои имзо ба сарони ин кишварҳо пешниҳод мешавад.
Гуфта мешавад, ихтилофи назарҳо миёни ин кишварҳо дар мавриди паҳнои роҳи оҳан, ки Чин, Эрон ва Афғонистон хостори стандарти аврупоӣ (1335 миллиметр) ва пешниҳоди Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди стандарти даврони шӯравиро (1520 миллиметр) қабул надоштанд, дар нишасти ҳайатҳои ин давлатҳо дар Бишкеки Қирғизистон дар моҳи октябри соли гузашта ҳал шуда ва ҷонибҳо дар мавриди бунёди роҳи оҳан аз рӯи стандартҳои аврупоӣ тавофуқ кардаанд.
Дар нишасти хабарии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба мушкилоти тармиму бозсозии тунели “Истиқлол” низ, ки аз ҷониби ширкатҳои эронӣ бунёд шудааст, ишора шуд. Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ин вазорат ба Эрон барои ҷудо кардани маблағи иловагӣ барои тармиму бозсозии ин тунел, аз ҷумла, барои насби асбобҳои равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ (вентилятсия), сӯхторнишонӣ, дурбинҳои назоратӣ ва рангу бор муроҷиат кардааст.
Қаблан Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели “Истиқлол” 6 миллион доллар ҷудо карда ва дар моҳи апрели соли 2014 анҷоми ин кор ба ӯҳдаи ширкати “Собир”-и Эрон вогузор шуда буд. Ҳамакнун барои бозсозии комили ин иншоот ба маблағҳои иловагӣ ниёз аст.
Дар соли 2003 миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бунёди тунел, ки минтақаҳои шимоли Тоҷикистонро ба Душанбе пайваст мекард, созишнома имзо шуд. Бар асоси ин санад ҳазинаи умумии ин тарҳ 39 миллион доллар арзёбӣ шуда, аз ин ҷумла, 10 миллион доллар кумаки билоивази Эрон, 7,8 миллион доллар саҳми Тоҷикистон ва 21,2 миллион доллар қарзи Эрон ҳисоб меёфт.
Ба гуфтаи коршиносон, дар солҳои қаблӣ бо вуҷуди мушкилот ва ихтилофи назарҳо дар бахшҳои иқтисодию роҳсозӣ Тоҷикистон ба таври ошкоро аз фаъолияти Эрон дар ин замина интиқод намекард. Вале пас аз сардии равобит миёни ин ду кишвар дар авоили соли ҷорӣ интиқод ва ибрози назарҳои тунди масъулони давлатии Тоҷикистон дар қиболи Эрон бештар шудааст.
Ба эътиқоди Рашид Абдулло, коршиноси тоҷик, сардии равобит бо Эрон ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Ӯ гуфт: "Аз сардии равобит кӣ бештар зарар мебинад? Эрон як кишвари бузургу пешрафта аст ва тибқи баъзе маълумот, ҳоло ин кишвар барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон талош мекунад. Тоҷикистон чандон кишвари калоне нест, ки дар шароити феълӣ барои Эрон аз аҳамияти фавқулода бархӯрдор бошад. Яъне, агар бо Тоҷикистон мушкилоте пеш ояд, дар минтақа кишварҳои дигаре ҳастанд, ки барои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Эрон пайдо шавад."
Моҳи декабри соли 2015 дар пайи даъвати расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ва дидори ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мақомоти Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди он ки Муҳиддин Кабирӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват карда ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додааст. Баъдан сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар дидораш бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, ки Эрон ба дунболи таниш бо ҳеҷ кишвар нест.