Трамп як ҳайатро барои музокирот ба Арабистони Саудӣ мефиристад

Доналд Трамп

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки раисҷумҳур Доналд Трамп дар пайи талошҳо барои поён додани ҷанг дар Украина як ҳайати дипломатиро барои музокирот ба Арабистони Саудӣ мефиристад.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ҳадаф аз сафари ҳайат оғози гуфтушунид бо Украина ва Русия барои хатми ҷанги сесола аст.

Баъзе аз мансабдорон рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои амрикоӣ гуфтаанд, дар ин музокирот Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Кейт Келлог, намояндаи Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия, дар ин ҳайат нест.

Мақомот ҳамчунин таъкид кардаанд, ки нақшаи ширкати намояндагони кишварҳои ҳампаймон низ дар ин музокирот вуҷуд надорад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми феврал, пас аз як тамоси телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҳарду барои мулоқот дар Арабистони Саудӣ розӣ шудаанд.