Трамп гуфтааст, ки бо Путин дар бораи ҷанги Украина гап задааст

Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти Амрико ба нашрияи New York Post гуфтааст, ки телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи ҷанг дар Украина гап задааст.

Ин гуфтугӯ кай анҷом шудааст, маълум нест.

Трамп дар ин суҳбаташ гуфтааст, ки Путин мехоҳад, “кушта шудани одамон бас шавад.”

Президенти ИМА гуфтааст, ки ӯ нақшаи дақиқи қатъи ҷангро дорад ва умедвор аст, ки хунрезӣ зуд ба поён мерасад.

Трамп бо саволи инки чанд бор бо Путин гап задааст, ҷавоб надодааст.

"Ҳамаи кушташудаҳо ҷавону зебо ҳастанд. Шабеҳи кӯдакон ҳастанд. Ду миллион нафар бе ягон сабаби ҷиддӣ кушта шудаан", --гуфтааст Трамп дар бораи кушташудаҳои ҷанги миёни Русия ва Украина.

Ӯ шарҳ надодааст, ки омори ду миллион кушташуда дар ҷанги Русия бо Украинаро аз куҷо гирифтааст, вале бори дигар таъкид кардааст, ки агар ба ҷои Ҷо Байден ӯ президент мешуд, ин ҷанг ҳеч гоҳ рух намедод.

Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 8-уми феврал дар паёме гуфт, ки Владимир Путин, президенти Русия омодаи музокироти сулҳ нест. Ӯ гуфт, Путин истеҳсоли силоҳу аслиҳаро афзоиш медиҳад ва бахшҳои нав дар артишаш эҷод мекунад.

Ҳафтаи оянда Ҷей Ди Венс, ноиби президенти ИМА дар ҳамоиши амниятӣ дар Мюнхени Олмон бояд бо Владимир Зеленский, президенти Украина суҳбат кунад.

Аз ин пеш, рӯзи 7-уми феврал Доналд Трамп гуфта буд, ки ҳафтаи оянда бо Путин ва Зеленский суҳбат хоҳад кард.

"Ҳафтаи оянда эҳтимол ман бо президент Зеленский ва президент Путин суҳбат кунам",--гуфта буд ӯ.

Доналд Трамп дар маъракаи интихоботиаш ваъда дода буд, ки ҷанги Русия бо Украинаро дар 24 соат қатъ хоҳад кард.

Ҳоло маълум нест, ки ин ҷанг кай, бо кадом шарт ва ба нафъи кадом кишвар ба поён мерасад.

Моҳи феврали соли 2022 Русия бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд. Кишварҳои ғарбӣ Русияро барои ҳамлааш ба Украина маҳкум ва алайҳаш таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ карданд.