Трамп рӯзи 16-уми декабр ва дар аввалин нишасти хабариаш баъди пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА, чанд бор дар бораи ҷанги Украина суҳбат кард. Ӯ бори дигар ба мавқеи худ таъкид кард, ки ин ҷанг бояд тамом шавад.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, талафот аз ҳарду ҷониб бештар аз оне аст, ки тасаввур мешавад. Пештар Трамп аз кушта ва захмӣ шудани ҳазорҳо нафар аз ду тарафи ҷанг гуфта буд.
Мақомоти Украина гуфтанд, талафоти ин кишвар дар ҷанг камтар аз гуфтаи Трамп аст. Маскав ду сол аст, ки дар бораи талафоти сарбозонаш дар ҷанг бо Украина расман чизе намегӯяд. Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро зарур аст барои бастани созиш бо Русия омода бошад.
Дар айни ҳол Трамп нагуфт, ки оё ба Русия додани қаламравҳои ишғолии Украинаро дастгирӣ мекунад ё не. Ӯ танҳо гуфт, барои барқарор кардани минтақаҳои харобшудаи Украина “сад сол” зарур аст.
Доналд Трамп дар маъракаҳои пешазинтихоботиаш гуфта буд, агар раиси ҷумҳури Амрико интихоб шавад, ба ҷанги Украина то маросими савгандёдкуниаш поён медиҳад, аммо нагуфт чигуна.