Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, рӯзи 18-уми март бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат хоҳад кард. Вай талош дорад, ки ба ҷанги сесолаи Маскав дар Украина поён бахшад.
"Рӯзи сешанбе бо президент Путин суҳбат хоҳам кард. То ин дам корҳои зиёде анҷом дода шуд," – гуфт Трамп шоми 16-уми март ба хабарнигорон ҳангоми бозгашт аз осоишгоҳаш дар Флорида ба Вашингтон.
"Мехоҳем, бубинем, ки оё ҷангро ба поён расонда метавонем ё на. Шояд тавонем, шояд натавонем, аммо фикр мекунам, ки мо шонси бисёр хуб дорем," – афзуд ӯ.
Хабарнигорон аз раисҷумҳури Амрико дар бораи гузаштҳои эҳтимолӣ пурсиданд. Доналд Трамп гуфт, "мо дар бораи замин, дар бораи нерӯгоҳҳои барқӣ суҳбат хоҳем кард."
Кремл то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Мақомоти Украина ва Амрико баъд аз музокироти худ дар Арабистони Саудӣ рӯзи 11-уми март эълон карданд, ки Киев ба пешниҳоди оташбаси 30-рӯза розӣ шуд, ба шарте ки Русия онро бипазирад.
Маскав то кунун ба ин пешниҳод дилгармӣ нишон надодааст. Баръакс, Путин шартҳои изофӣ, аз ҷумла қатъи интиқоли силоҳро аз Амрико ба Киев дар миён гузошт.
Дар ҳамин ҳол, як мансабдори баландпояи Русия гуфт, Маскав исрор хоҳад кард, ки Украина иҷозаи пайвастан ба НАТО-ро надошта бошад ва дар ҳама гуна созиши сулҳ кишвари бетараф боқӣ монад.
Киев дар гузашта чунин шартҳоро рад карда буд.