Доналд Трамп ва Владимир Путин гуфтугӯ карданд

Доналд Трамп ва Владимир Путин.

Президенти Амрико Доналд Трамп хабар дод, ки рӯзи 12-уми феврал бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар бораи Украина ва чанд мавзӯи дигар телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, бо Путин мавзӯи Украина, Ховари Миёна, энержӣ, зеҳни сунъӣ, қувваи доллар ва дигар мавзуъҳо гап задааст.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, сӯҳбати роҳбарони Русия ва Амрико ҳудуди ду соат давом кард ва Путин Трампро ба Маскав даъват кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико сӯҳбат бо Владимир Путинро "пурсамар" номид. Ба навиштаи Трамп, ӯ ва Путин дар ин масъала ҳамфикр буданд, ки куштори миллионҳо нафар дар ҷанги Русия ва Украина бояд бас шавад.

"Мо тавофуқ кардем, ки аз наздик кор мекунем, аз ҷумла, ба кишварҳои ҳамдигар ташриф меорем. Мо ҳамчунин ба созиш расидем, ки ҳайатҳои мо музокиротро фавран оғоз кунанд. Мо корро аз он сар мекунем, ки ман ба президенти Украина занг мезанам ва дар бораи ин гуфтугӯ хабар медиҳам",-навиштааст Доналд Трамп.

Дертар хабари гуфтугӯи телефонии роҳбарони Амрико ва Украина ҳам расонаӣ шуд. Президенти Амрико аз Котиби давлатии ин кишвар, мушовири амнияти миллӣ, роҳбари Хадамоти федеролии амният ва фиристодаи вижаи ИМА дар масъалаи Украина дархост кардааст, ки музокиротро роҳбарӣ кунанд.