Додситонии ҳарбӣ: "Фирдавс аз зарбулат фавтидааст" (2 ВИДЕО)

Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ҳодисаи ҳалокати Фирдавс Раҳматов сӯҳбат кард.

Додситонии ҳарбии Суғд мегӯяд, зидди сарбозоне, ки ҳамхидмати худ Фирдавс Раҳматовро ба ҳалокат расонидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд рӯзи 11 апрел зимни нишасти хабар дар робита ба куштори Фирдавс Раҳматов, ки аз сӯи ҳамхизматонаш ба ҳалокат расид, изҳор назар кард.

Додситони низомии Суғд дар ин робита аз ҷумла гуфт, ки "санҷиши гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса то ин лаҳза ошкор намуд, ки 7-уми июни соли ҷорӣ тахминан соати 15 сержантҳо Сулаймонов Раббонӣ ва Комрон Раҳимов дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро барои қазои ҳоҷат бурда, аз чашми афсарон пинҳон, ин сержантҳо ва аскари собиқадори қаторӣ - Айём Назаров аскари навдаъват - Фирдавс Раҳматовро зарбу лат мекунанд, ба гардан ва қафаси синаи вай мезананд, ки дар натиҷа Фирдавс нафасгир шуда, дар давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад."

Вай афзуд, ки додситонии ҳарбӣ алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов, Комрон Раҳимов мутобиқи банди 391, қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва нисбат ба Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 - "вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ" парванда боз кардааст. Фарзияи аввалияи ин лату кӯб дар доираи "бобосолорӣ" ё "дедовшина" рух додани он аст, ки аскарони собиқадор худро хӯҷаини мутлақи наваскарон пиндошта, бидуни сабаб ва барои мутеъ кардани онҳо шадидан лату кӯб мекунанд.

Додситони низомии Суғд дар ин нишасти хабарӣ эътироф кард, ки ин ҳодиса нишондиҳандаи он аст, ки бо вуҷуди талошҳои мақомот, муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозорони собиқадор ва наваскарон вуҷуд дорад. Вай гуфт, тафтиши ин қазия идома дорад ва ҳар касе, ки дар латукӯб ва куштани ин сарбози қатори даст дорад, ба панҷаи қонун супурда хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти се сарбози тоҷик барои куштани ҳамхидматашон

Падару модари Фирдавси 22-солаи кушташуда субҳи 11-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро 7 майи соли 2015 ба сафи Артиш равон карданд ва баъди 1 моҳи адои хидмати ҳарбӣ ҷасади беҷони ӯро нимашаби 7 - уми июни соли равон ба дасти онҳо супурданд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс гуфт, намояндгони қисми ҳарбии 0480 дар Конибодом сабаби марги писарашро “нафасгиршавӣ аз фурӯ рафтани забон бар асари офтобзанӣ” гуфтанд. “Вале онҳо ба мо санади натиҷаи тшхиси тиббӣ надоданд ва баргашта рафтанд. Мо дар бадани писарам нишонаҳои зиёди зарбу лат пайдо кардем в аз рӯи онҳо, писрамро як гурӯҳ миёнагир карда, зарда куштаанд. Барои ҳамин ба прокуратураи ҳарбӣ ариза навишта илтимос кардем, ки ҳодиса кушта шудани фрзандамонро таҳқиқ кунанд ва гунҳкоронро дарёфт карда, ҷазо диҳанд.”

Ба гуфтаи Ғаниҷон Раҳматов, падари Фирдавс вай дар як дидор бо волидайнаш гуфтааст, ки дар қисми ҳарбӣ наваскаронро задаву азият медиҳанд. Аммо аз бими он ки ҳолшон бадтар нашавад, ёрои ба командирҳои худ хабар додан надоранд. Вай гуфт, замони шустани ҷасади писараш дар бадани вай изҳои зиёди зарбу лат диданд: “Масалан, мобайни гулӯяш ва тахтапушташ ҷароҳатҳо дошт. Пушти сараш даридагӣ буд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирдавс аз зарбулат фавтидааст

​Хабари марги сарбоз Фирдавс Раҳматов пас аз як моҳи хидматаш замоне расонаӣ шуд, ки наздикони ӯ аксҳояшро бо осори зарбулати шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд. Ҳамроҳи аксҳо номаи падари сарбоз низ мунташир гашт, ки дар он падари Фирдавс -- Ғаниҷон Раҳматов навиштааст, ки писараш дар қисми ҳарбии 0480 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хидмат мекард. Дар ин нома падар фармондеҳонро ба он гунаҳкор кардааст, ки аз ҳоли сарбозони худ огоҳ нестанд ва латукӯби наваскарон дар қисми ҳарбӣ як падидаи доимӣ буда, дар ҷоейҳое сурат мегирифтааст, ки манзара ба дурбинҳои назоратӣ наафтад.

Қаблан Вазорати дифиои Тоҷикистон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои меҳтарсолорӣ ё сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дурбинҳои назоратӣ насб кардааст.

Оилаи Раҳматовҳо 3 фарзанд, ду писар ва як духтари хурдсол доштаанд. Фирдавси 22 сола фарзанди калонӣ замони таҳсил дар соли чоруми бахши ғоибонаи шуъбаи кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд моҳи майи соли равон ба сафи Артиш ҷалб шудааст. Ҳамзамон Фирӯз, бародари хурдии вай ҳам дар як қисми низомӣ дар Истаравшан адои хидмати ҳарбӣ мекунад. Падари вай мегӯяд, ҳоло ҷои кори доимӣ надорад ва модари Фирдавс дар корхонаи “Ҷавонӣ” дар Хуҷанд кор мекунад.

Ҳалокати сарбоз дар қисми ҳарбӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ коҳиш ёфтааст. Сар аз соли 2014, баъд аз мавридҳои зиёди фирор аз даъват ба хидмати ҳарбӣ, худкушии сарбозон, бар асари латукӯб кушта ё маъюб шудани онҳо ва бозтоби ин ҳодисаҳо дар матбуот, вазорати дифои Тоҷикистонро маҷбур кард, ки намояндагони Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба қисмҳои низомӣ роҳ диҳад.

Танҳо дар соли 2014 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриойинномавӣ ё "дедовшина" сарбозон Акмал Давлатов, Хуршед Кенҷаев кушта, сарбозони дигар Ромиз Шарифов, Баҳриддин Насриддинов ва Шаҳбол Мирзоев маҷрӯҳ ва маъюб шуданд.