Тоқаев гуфт, байни Қазоқистону Тоҷикистон "масъалаи ҳалношуда" нест

Сироҷиддин Муҳриддин бо Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, кишвараш бо Тоҷикистон "ягон масъалаи ҳалношуда" надорад.

Изҳороти ӯ рӯзи 12-уми феврал ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин садо дод. Мулоқот дар шаҳри Остона гузашт.

Тоқаев гуфт, "Қазоқистон нисбат ба мардуми бародари тоҷик ҳисси вижае дорад. Кишварҳои мо ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекарданд."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафтааст, низ равобити Душанбе ва Остонаро "наздику бародарона" хонд.

"Қазоқистон барои мо шарики муҳим аст ва дар ҳама бахшҳои ҳамкории дуҷониба ҳамдигарфаҳмии пурра вуҷуд дорад," -- гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Қазоқистон шарики дувуми тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон аст. Ду кишвар соле пеш ба нақша гирифтанд, ки додугирифтро ба ду миллиард доллар хоҳанд расонд. Тоҷикистон орду газу бензинро аз Қазоқистон меорад.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Онҳо асосан дар бозору сохтмон кор мекунанд.

Муҳоҷирон пештар аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.