Ҳавои офтобӣ, аммо фазои "сард"-и интихоботи Тоҷикистон

Ҳаво дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон дар моҳи севуми зимистон ғайримаъмул 15 дараҷа гарму офтобист. Аммо фазои интихоботи порлумоние, ки то он камтар аз се ҳафта боқӣ мондааст, ҳарорате надорад.

Дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон аҳён−аҳён овезаҳое ба назар мерасанд, ки бештар мардумро ба ширкат дар интихоб таблиғ мекунанд, назири “Ҳама ба интихобот! “, “Иштирок дар интихобот саҳми Шумо дар идораи давлат!” ва амсоли ин. Аммо тарғиботи ҳизбҳои алоҳида дар сари роҳу ҷодаҳо ба чашм намерасад ва зоҳиран ташвиқоти онҳо барои ба даст овардани раъйи мардум бештар дар саҳифаҳои олами маҷозии Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шудааст. Чун ба андешаи бархе аз таҳлилгарон, дар Душанбе худи интихобот ҳам то андозае маҷозист.

Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди чанд интихоботи парлумониву президентист ва дар ин маврид зиёд матлаб омада кардааст, мегӯяд, камфаъоливу камтаваҷҷӯҳии аҳзоби сиёсӣ ба интихобот ду омил дорад.

Абдуазими Абдуваҳҳоб

Вай мегӯяд: “Ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аз қабл медонанд, ки онҳо дар парлумони оянда соҳиби курсӣ хоҳанд шуд ва ё на? Аз ин рӯ онҳо бурдани тарғиботу ташвиқот талоши зиёд надоранд. Аз сӯи дигар, зарфиятҳои ҳизбҳои мо ҳамин қадар аст, ки мо мебинем. Аз инҳо фаъолияти аз ин бештар набояд интизор шуд. Бо ин нерӯе, ки онҳо имрӯз доранд, ҳамин қадар маърака ороста метавонанд.“

Бо вуҷуди камранг будани маъракаи пеш аз интихобтӣ, ду ҳизб − ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - фаъолияти бештар нишон медиҳанд. ҲХДТ ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ, ин бор аз усули тоза ва замонавии таблиғот кор гирифтааст. Ин ҳизб ба хотири ба даст овардани раъйи мардум, ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ паёмак ва ё СМС низ ирсол мекунад.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ мегӯяд, дар Тоҷикистон аксари кулли мардум аз телефонҳои мобилӣ истифода мекунанд ва аз ин рӯ, онҳо таблиғотро тариқи паёмак ба роҳ монданд: “Мо аллакай тариқи ширкати “Мегафон” ба 10 ҳазор муштарӣ паёмакҳои таблиғотии ҳизбамонро ирсол кардем. Ният дорем тариқи дигар шабакаҳои мобилӣ низ ин корро ба роҳ монем. Матни паёмакҳои мо чунин аст. “Агар ояндаи обод мехоҳед, мо бо Шумоем” ва “Ба тарафдории ҳизби халқии демократӣ овоз диҳед!”

Ҷаноби Солеҳ афзуд, фиристодани паёмакҳо имконияти истисноии ҲХДТ нест, балки дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ метавонанд аз ин усул кор бигиранд. Усмон Солеҳ гуфт, ҳизби онҳо тариқи шартнома ва пардохтан ҳаққи кори ширкатҳои мобилӣ, аз ин хадамоти онҳо истифода кардааст.

Шояд ширкатҳои мобилӣ ба дигар ҳизбҳо низ имконияти фиристодани паёмакҳои таблиғотиро бидиҳанд, аммо на ҳамаи аҳзоб имкони молии пардохти чунин хадамотро доранд. Чунки ин гуна хизматрасонӣ нархи гарон дорад. Барои мисол, ширкати "Мегафон" нархи ирсоли паёмак ба 100 ҳазор муштариро 4 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, ки аксари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон қудрати пардохти чунин маблағро надоранд.

Ҳизби дигари сиёсие, ки маъракаи пеш аз интихоботиро то андозае гарм нигоҳ медорад, ҲНИТ аст. Дар ду рӯзи истироҳатии гузашта, гурӯҳи “Дастёрони наҳзат”, ки гарданбандҳои кабуд пӯшида буданд, вориди бозорҳои калони пойтахт шуданд ва шумори зиёди варақаҳои таблиғотии ин ҳизбро ба мардум паҳн карданд ва қисмеро дар истгоҳҳову деворҳо насб намуданд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи таблиғотии ҳизб ҳоло машғули омода кардани роликҳои телевизионии таблиғотӣ аст: ”Мо аллакай чандин роликҳои таблиғотиро омода кардем. Аз 40 дақиқае, ки мо дар телевизион доштем, ҳоло танҳо 17 дақиқаи онро истифода кардем. Дақиқаҳои боқимондаро барои намоиш додани ҳамин роликҳои таблиғотӣ истифода карданием.”

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ.

Ҷаноби Файзраҳмонов афзуд, баробари фаъол шудани онҳо дар тарғиботи ҳизб дар арафаи интихобот, таблиғот зидди ҲНИТ низ афзуда истодааст.

Ба ҷуз аз ин ду ҳизб ва шояд ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки ин навбат дар корзори интихоботӣ ба таври ғайричашмдошт фаъол менамояд, аҳзоби боқимонда аз худ фаъолияти чандоне дар ин маърака нишон намедиҳанд.

Намояндагони ин аҳзоб ба ғайр аз истифодаи 40 дақиқаи ройгони эфири телевизионӣ давлатӣ, дигар тақрибан кори назаррасе барои таблиғи ҳадафҳои худ ва ба даст овардани раъйи мардум анҷом надодаанд. Ҳадди ақал то имрӯз. Ҳатто қадимтарин ҳизбҳои Тоҷикистон - ҳизби коммунист (ҲКТ) ва ҳизби демократ (ҲДТ), бо онки мегӯянд, теъдоди ҷонибдоронаш даҳҳо ҳазорро фаро гирифтааст, вале дар шабу рӯзи маъракаҳои таблиғотӣ чандон дар мадди назари ҷомеа нестанд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 март доир мешавад. Барои 63 курсии вакилии Маҷлиси намояндагон номзадҳо аз 8 ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар кишвар мубориза мебаранд.