Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон рузи 23 октябр эълон кард, ки то кунун 400 номгуи китобро аз бозорҳо ҷамъоварӣ кардааст, ки ба гуфтаи онҳо, дар мухолифат бо манфиатҳои миллии Афғонистон ва арзишҳои исломӣ буданд.
Дар оғози соли равон, бахши афғонистонии Радиои Озодӣ феҳристи 75 китоби сиёсӣ, таърихӣ, адабӣ ва динӣ ба забонҳои форсӣ ва паштуро дарёфт карда буд, ки Толибон ин китобҳоро аз китобфурӯшиҳо ҷамъоварӣ карда буданд. Пас аз он низ гузоришҳое монанд нашр шуд, ки ин раванд идома дорад.
Мавлавӣ Зиёулҳақ Ҳақмал, сарпарасти раёсати табъу нашри Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон рӯзи 23 октябр дар нишасте дар Кобул эълон кард, ки ба ҷойи китобҳои ҷамъоваришуда, китобҳои дигаре ба китобфурӯшон ва ноширон дода мешавад.
Ба гуфтаи Толибон, "Қуръон" ва тафсир ба ҷойи ин китобҳо ба китобфурӯшиҳо дода мешавад.
Ҳукумати Толибон мегӯяд, ки ин раванд дар пойтахт оғоз шуда ва ба зудӣ ба вилоятҳои дигар низ густариш хоҳад ёфт.