Толибон мегӯянд, мӯҳлати созишномаи сулҳи Давҳа бо ИМА ба итмом расид

29 феврали соли 2020, шаҳри Давҳа - пойтахти Қатар. Фиристодаи ИМА Залмай Халилзод баъди имзои созишнома дасти ҳаммуассиси Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародарро мефишурад

Мақомоти Толибон дар  Афғонистон гуфтанд, ки дигар созиши сулҳи Давҳа бо ИМА-ро амалкунанда намешуморанд, ки соли 2021 барои аз ин кишвар берун шудани нирӯҳои ғарбӣ роҳро боз карда буд, амалкунанда намешуморанд.

Забеҳулло Муҳоҷид, сухангӯи Толибон, ки рӯзи 28 феврал ба муносибати панҷсолагии ин созиш суханронӣ мекард, гуфт, ин тавофуқнома барои як марҳила буд ва он ба итмом расидааст. Муҷоҳид, ки дар телевизиони давлатии Афғонистон сӯҳбат мекард, гуфт, “Аморати Исломӣ (ишора ба Афғонистон) ҳокимияти худро бар асоси он тавофуқнома пеш намебаранд”. Муҷоҳид гуфт, ки ӯҳдадориҳои Толибон бар асоси ин санад дар бораи пешгирӣ аз истифодаи хоки Афғонистон барои ҳамла алайҳи Ғарбу муттаҳидонаш иҷро шудааст. Муҷоҳид аз Вашингтон даъват кард, ки “барои ҳамоиш бо Афғонистон иқдомҳои мусбат бардорад” ва, мутобиқи тавофуқот, раҳбарони Толибонро аз феҳристи афроди таҳримшуда хориҷ кунад.

Дар ҳоле, ки созиши Давҳа роҳро барои ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон боз кард, як шарти муҳими он – таъсиси ҳукумати нави гузор иҷро нашуд. Созиши Давҳа бо ташаббуси ҳукумати пешини Доналд Трамп имзо шуда буд.

Дар ҳоле, ки Трамп дар яке аз охирин сӯҳбатҳояш дар бораи тафовуқи Давҳа тирамоҳи порсол аз он ҳамчун “як созиши бисёр хуб” ситоиш кардааст, дар дохили Афғонистон мардум ба он назари ҳамсон надоранд. Эҷоди ҳукумати тандрави муҳофизакори динӣ, маҳрум кардани занону духтарон аз ҳақи таҳсилу кор ва монеаҳои фаровони дигар аз сабабҳои бисёр муҳими норизоияти аксар сокинони Афғонистон гуфта мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазири тоҷик ва намояндаи СММ мавзӯи гурезаҳоро баррасӣ  кардандУзбекистон ва Толибон аз Ҳайратон то Ҳирот роҳи оҳан месозандОлмон интихобот дорад, паноҳҷӯён ба изтироб афтодаанд"Хостанд, рақобат накунем." Боҷи Узбекистону Афғонистон ба ду маҳсулоти Тоҷикистон