Додгоҳҳои Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим сокинони кишварро қариб 8 миллион сомонӣ ($743 ҳазор) ҷарима кардаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” гузориш додааст.
Мақомот мегӯянд, вайрон кардани муқаррароти қонуни танзим дар кишвар назар ба соли гузашта 642 ҳолат бештар шудааст.
Тибқи ислоҳҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки рӯзи 22-юми июн нашр шуд, барои поймоли қонуни танзим аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (беш аз 800 доллар) то 216 ҳазор сомонӣ, муодили бист ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд.
Қонуни "танзими ҷашну маросим" бори аввал дар соли 2007 қабул шуд. Таблиғгарони ҳукумат онро "қонуни миллӣ" меноманд, чун аз назари онҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои дигар намуна надорад. Мухолифон танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб гирифта то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.